Рубрика: Таҳлилот

Пушти пардаи истеъфои Моҳотир Муҳаммад

Соҳибназарон бар ин боваранд, ки истеъфои Моҳотир Муҳаммад сирфан моҳияти дохилӣ дорад ва вай тайи яке ду рӯзи оянда муҷаддадан ташкили давлат хоҳад дод… Моҳотир Муҳаммад, нахуствазири пуровозаи Молезӣ (Малайзия), ки солҳо ин кишварро бо корномае бисёр дурахшон идора кардааст, ба якбора аз қудрат канор рафт. Ӯ дар […]

Баёнияи нигаронкунандаи КШНГЗС // Оё ҳукумат аз нав рӯй ба сиёсати рабудан ва ё терури мухолифон овардааст?

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) мегӯяд: “Аз дохили кишвар ба мо хабар расид, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон чанд тим ташкил дода, ба баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳатто урупоӣ барои ҷисман аз байн бурдани баъзе аз фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорон фиристодаанд.” […]

Омрико ба дунболи ҳукумати паштунҳо дар Афғонистон аст

Ройзани пешини Эрон дар Афғонистон гуфт: “Дар ин миён бояд мутаваҷҷеҳ бошем, ки Иёлоти Муттаҳида ба дунболи он аст, то як ҳукумати сад дар сад паштун рӯйи кор биёяд ва ба ҳамин далел дар ҳоли ворид кардани Толибон дар муъодилоти Афғонистон аст.” Абдулмуҳаммади Тоҳирӣ, ройзани пешини Эрон дар […]

Маҷлиси 11-ум бо мамлакат чӣ хоҳад кард?

Маҷлиси 11-умиҳо аз ҳамон ибтидои ташкили маҷлис, оташи ҳамалотро бисёр сангинтар аз гузашта бар сари Руҳонӣ ва вазиронаш хоҳанд рехт. Камтарин фоидаи ин истротежӣ (стратегия), эҷоди як виҷҳаи мардумӣ барои худашон ва густариши ҳар чи бештари як бовар аст: ин ки сабабгори ҳамаи нокомиҳо ва вазъи бади иқтисодӣ […]

Дар васати ҷанҷоли Ғанӣ ва Абдуллоҳ, Толибон пирӯзи арсаи сиёсии Афғонистон

Дар ҳоле, ки Омрико ва Толибон ба имзои як тавофуқи сулҳ наздик шудаанд, натоиҷи интихоботи риёсати ҷумҳурии Афғонистон бори дигар шикофи сиёсӣ миёни сиёсатмадорони Кобулро амиқтар карда ва музокироти сулҳ миёни Толибон ва давлати Афғонистонро дар ҳолае аз ибҳом қарор додааст. Пас аз ҳудуди панҷ моҳи таъхир ва […]

Ашраф Ғанӣ; раисиҷумҳуре бо 923 ҳазор раъй дар Афғонистони 35 милюнӣ

Вақте ки аз ҷамъияти 35 милюнии Афғонистон танҳо як милюну 800 ҳазор нафар дар интихобот ширкат мекунанд ва орои Ашраф Ғанӣ танҳо 923 ҳазор аст, дар ин сурат, Ғанӣ чӣ гуна метавонад на аз ҷониби тамоми афғонистониҳо, ки ҳатто аз сӯйи ҳамаи паштунҳо сухан бигӯяд? Ба гузориши пойгоҳи […]

Тромп иштибоҳ мекунад; осеби мағзии нерӯҳои омрикоӣ ба шакле боварнакарданӣ ҷиддӣ аст

Чи басо дар ҳафтаҳои оянда шумори дучоршудагон ба “осебҳои мағзӣ”-и бархоста аз зарба (травма) дар миёни нерӯҳои омрикоии ҳозир дар Айнуласад афзоиш ёбад ва аломатҳои ин осебҳо ошкор шавад. Мақолае аз дуктур Истороне Шеперд (Starane Shepherd) – устоди донишгоҳи пизишкӣ ва коршиноси асабшинсоӣ — дар нашрияи Newsweek Ба […]

Ҷойгоҳи Эрон дар Осиёи Миёна ба рағми таҳримҳо ва рақобати шадиди Арабистон

Ниёзи кишварҳои Осиёи Миёна ба бандарҳои Эрон сабаб шудааст, ки ба рағми таҳримҳои Иёлоти Муттаҳида ва сармоягузориҳои Арабистони Саудӣ, ин кишварҳо ҳамчунон равобити худ бо Теҳронро дар авлавият қарор диҳанд. Ба қалами Ҷеймз Дурсӣ (James Dorsey) дар нашрияи Responsible Statecraft Вақте мақомоти Хуҷанд — дуввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон, […]

Ҳар ки ба Эрон сафар кунад, осори таҳримро намебинад

Вақте аз ӯ пурсидам чӣ чизе дар сафараш ба Теҳрон таваҷҷӯҳашро ҷалб кардааст, гуфт: “Фаъолияти рӯзонаи мардум. Эҳсос намекардам дар пойтахте ҳастам, ки таҳти шадидтарини таҳримҳост. Мардум зиндагии оддии худро мисли ҳар шаҳрванде анҷом медиҳанд, ба ҳеч ваҷҳ осори таҳрим дар зиндагии рӯзмарраи пойтахт мушоҳида намешавад ва сохтусоз […]

Замони он аст, ки Омрико барои ҳамеша Ироқро тарк кунад

Аз даричаи амнияти миллӣ, хориҷ кардани нерӯҳои омрикоӣ аз Ироқ ва Сурия бисёр осон аст. Ҳақиқати муҳим ва равшан ин аст, ки мардуми Ироқ хоҳони хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ аз кишварашон ҳастанд. Агар пас аз тасвиби хуруҷи нерӯҳои омрикоӣ дар порлумони Ироқ, Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон дар ин кишвар боқӣ […]

New York Times аз далели аслии терури Сулаймонӣ парда бардошт

Терури Қосим Сулаймонӣ на ба хотири куштани як низомии омрикоӣ тавассути нерӯҳои ироқӣ ва на ба хотири муҳосираи сафорати ин кишвар дар Бағдод тавассути мардуми Ироқ ҳамон тавр ки Тромп иддао мекунад будааст, балки ба хотири дидорҳои маҳрамонае, ки бо талоши Қосим Сулаймонӣ дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ баргузор […]