Рубрика: Фалсафаи ғарб

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавеллӣ ва донишмандони исломӣ (3)

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бахши севвум ва поёнӣ Ҷойгоҳи ахлоқ дар сиёсат аз назари ислом Сиёсати мавриди назари ислом, бо сиёсате, ки амсоли Макиавеллӣ аз он мегӯянд, аслан қобили муқоиса нест. Аз нигоҳи ислом, ахлоқ на танҳо аз сиёсат ҷудо нест, балки сиёсат бар мабнои ахлоқ устувор аст. Асосан, ҳазрати […]

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавеллӣ ва донишмандони исломӣ (2)

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бахши дуввум Тасмими банда ин буд, ки мақолаи мазбур дар ду қисмат бошад, ба ин сурат, ки дар қисмати аввал мухтасар дар бораи андешаҳои Макиавеллӣ сӯҳбат бикунам, ки гузашт, ва дар қисмати дуввум ҷойгоҳи ахлоқ дар сиёсат аз назари ислом баррасӣ шавад ва он гоҳ қазоватро […]

Сабабҳои гароиш ба материализм (7)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ) Азалияти модда Боз аз ҷумла намунаҳои норасоии фалсафаи ғарбӣ ин аст, ки хаёл кардаанд назарияи азалияти модда, бо эътиқод ба Худо мунофӣ аст, ва ҳол он ки ҳеч мулозимае миёни ин назария ва инкори Худованд нест, балки ҳукамои илоҳӣ […]

Робитаи ахлоқ ва сиёсат аз дидгоҳи Макиавеллӣ ва донишмандони исломӣ (1)

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бахши аввал Ахиран, бо яке аз дӯстонам дар Душанбе, ки каму беш бо авзоъу аҳволи мақомоти кишварӣ ошност, сӯҳбате доштам. Аз ӯ пурсидам, чӣ дидгоҳе дар сиёсат (ба лиҳози назарӣ) дар миёни мақомоти кунунии Тоҷикистон ҳоким аст, ки фиребу дурӯғ барояшон мисли об хӯрдан гардида ва […]

Сабабҳои гароиш ба материализм (6)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ) Тавҳид ва такомул Аз ҷумлаи масоиле, ки ба назари ман таъсири зиёде дар гароишҳои моддӣ доштааст, таваҳҳуми тазодд миёни асли “хилқат ва офариниш” аз як тараф ва асли “transformisme” яъне асли такомул, хусусан такомули ҷондорон, аз тарафи дигар аст. […]

Сабабҳои гароиш ба материализм (5)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ) Тавзеҳи ҷаҳон бо далел ва на иллат Ҳегел мӯътақид шуд, ки тавзеҳи ҷаҳон аз роҳи иллати нахустин, хоҳ ин иллатро зеҳн бидонем ё модда ё Худо, номумкин аст; зеро худи иллати нахустин тавзеҳнопазир аст. Пас, бояд барои тавзеҳи ҷаҳон […]

Сабабҳои гароиш ба материализм (4)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ) Норасоии мафоҳими фалсафии Ғарб Дуввумин иллате, ки дар мавриди гароишҳои моддии дастаҷамъӣ дар ҷаҳони Ғарб бисёр қобили аҳаммият аст, норасоии мафоҳими фалсафии Ғарб аст. Ҳақиқат ин аст, ки Ғарб дар он чӣ ҳикмати илоҳӣ номида мешавад, бисёр ақиб аст. […]

Инҳоро бихонед, то бидонед!

Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз нишонаҳои донишманд будан ин аст, ки донишманд бояд саъй кунад, ҳақоиқро ҳамон тавр, ки ҳаст ба тасвир бикашад ва дар қазоватҳо ва довариҳояш ағрози шахсии худро дахолат надиҳад. Гоҳе дида мешавад, афроде қазоватҳои бисёр нодуруст дар хусуси даврони 1400-солаи исломӣ мекунанд; қазоватҳое, ки ношӣ […]

Сабабҳои гароиш ба материализм (1)

(Илали гароиш ба моддигарӣ, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ) Материализм Мавзӯи баҳс, сабабҳои гароиш ба моддигарӣ (материализм) аст. Аввал бояд моддигарӣ (материализм)-ро, ки мавзӯи баҳси имрӯзи мост, аз назари истилоҳи роиҷи кунунӣ таъриф кунем ва ҳудуди онро баён намоем, сипас вориди баҳс шавем. Вожаи “материализм” истеъмолоти мухталифе дорад, […]

Забони паёмбарон

Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз азизони корбар суоле дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бад-ин шарҳ матраҳ фармудааст: * * * Фаҳмидан мехоҳам. Ростӣ, аз синфи 3–4-умӣ бо Қуръони азимушшаън ошноям, пайваста ҳам набошад, такрор мекунам, бо забонҳои арабӣ, тоҷикӣ, русӣ ва бо ҳуруфоти форсӣ борҳо шукри Худо хатмаш кардаам. Тафсирҳои […]

Табйини дидгоҳи Ричорд Докинз дар нафйи Худо ва нақди он

Ричорд Докинз (Richard Dawkins) устоди “рафторшиносии ҳайвонот” дар Донишгоҳи Оксфурд аст. Ӯ кӯшиш кардааст, то бо далоиле, эҳтимоли вуҷуди Худоро то ҳадди зиёде номумкин бинамоёнад. Умдаи далоили вай дар ин замина иборат аст аз: 1) Асли интихоби табиӣ; 2) Печидагии Худо. Инак, ба баррасии ҳар як аз ду […]