Рубрика: Фалсафаи ғарб

Табйин ва нақди дидгоҳи Ҳокинг дар нафйи Худо

Стивен Вилём Ҳокинг (Stephen Hawking) физикдони назарӣ ва кайҳоншиноси бритониёӣ аст. Муҳимтарин осори вай ду китоби “Торихчаи замон” (A Brief History of Time) ва “Тарҳи бузург” (The Grand Design) аст. Ӯ мекӯшад, бо ироаи як теорияи ҷомеъ (M-Thoery), ниёз ба офаридгори модда ва ҷаҳонро нафй намуда ва бар […]

Нигоҳе ба андешаҳои Мортин Ҳойдегер

Пурсиш: “Чаро ҳастандаҳо ҳастанд, ба ҷойи он ки набошанд?” (Мортин Ҳойдегер) Ҷаноби Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳойдегерро яке аз файласуфони асри 20 гуфтаед, вале чизе, ки дар мавридаш бисёр бароям ҷолиб аст, ҳимояти ӯ аз фошизми ҳитлерӣ буд?! Агар вақт дошта бошед, дар мавриди ақидаҳояш мақолае менавистед, бисёр мамнун мешудам. […]

Эпикур ва “маргандешӣ”

Пурсиш: Эпикур, файласуфи юнонӣ мегӯяд: “Марги ман беаҳаммият аст, зеро то ман ҳастам, бо ман нест ва вақте марг аз роҳ мерасад, ман нестам”. Оё маргандешӣ хосси Худобоварон аст? Чун ба назар мерасад, маҳз маргандешӣ мардумро ниёзманди анбиё мекунад, чунонки Мавлавӣ мегӯяд: Тӯтии нуқли шакар будем мо // […]

Пайдоиши ҷаҳон ва тасодуф

Пурсиш: Тибқи назарияи “Big Bang”-и Enstein Geti, тақрибан 13.7 миллиард сол пеш як таркиш ба вуҷуд меояд ва дар ин таркиш каҳкашони Роҳи ширӣ (Milky Way), ки сайёраи мо дар он қарор дорад, аз як ҳубоби хурд ба вуҷуд омадааст. То ба ҳол ин яке аз дақиқтарин назарияҳои […]

Оё метавон зиндагиро натиҷаи тахайюлоти башар донист?

Пурсиш: Тахайюл чист? Оё тахайюл метавонад ҳақиқат дошта бошад ва мешавад зиндагиро натиҷаи тахайюлоти башар донист? Vatandor Vatan * * * Посух: Ба номи Худо. Пеш аз посух ба ин пурсиш, лозим аст як матлабро ба унвони муқаддима ёдовар шавам. Ва он ин ки: дар зеҳни мо инсонҳо […]

Бурҳони Имонуил Конт бар вуҷуди Худо

Сайидюнуси Истаравшанӣ Имонуил Конт (Immanuel Kant, 1724-1804), файласуфи шаҳири олмонӣ, аз фалосифаи дараҷаи аввали Урупо ба шумор меояд ва ғарбиён эътиқоди азиме ба фалсафаи вай доранд ва ӯро аз бузургтарин фалосифаи ҷаҳон ва дар нубуғ ҳамрадифи Арасту ва Афлотун медонанд. Фалсафаи Контро аз он ҷиҳат, ки ба ҳадди […]

Фрейд ва дин

Сайидюнуси Истаравшанӣ Зайли ёддоште, ки дар он гуфта будам, решаи инкори Худо ва дин аз тарафи бештари донишмандон ва фалосифаи ғарбӣ, ин дар тасаввуроти аҷибу ғариби онҳо дар бораи Худо нуҳуфта буда ва низ дар назароти шигифтангези онон дар бораи сабаби гаройиши инсонҳо ба дину мазҳаб, инак, яке […]

Худо аз нигоҳи Огуст Кант

Сайидюнуси Истаравшанӣ Огуст Кант (Auguste Comte, 1798-1857), файласуф ва ҷомеашиноси фаронсавӣ ва поягузори мактаби позетивизм гуфтааст: “Илм падари табиат ва коинотро аз шуғли худ ҷудо кард ва ӯро ба маҳалли инзиво ронд, ва албатта, аз хадамоти муваққати ӯ изҳори қадрдонӣ кард…” Манзураш ин аст, ки қаблан ҳар ҳодисае, […]

Решаи гаройиш ба дин аз назари Ниче ва Моркс

Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз фарқҳои асосӣ миёни фалосифаи ғарбӣ (хусусан фалосифаи қарни 17, 18 ва 19 дар Урупо) ва фалосифаи ҷаҳони ислом, дар ин аст, ки: шумо, он диққат ва умқеро, ки назди фалосифаи исломӣ дар таҳлил ва баррасии мавзӯъҳо мебинед, дар назди фалосифаи ғарбӣ мушоҳида намекунед. Асосан, […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (1)

Бахши аввал Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз рисолаҳои Ибни Сино “Рисолатул-ишқ” аст, ки онро – чунон ки дар оғози рисола омада — ба хоҳиши шогирдаш Абӯабдуллоҳ Фақеҳи Маъсумӣ нигоштааст. Ин рисола бо вуҷуди камии ҳаҷм, рисолаи пурборест. Аз ин рӯ, бар он шудам, то ин рисоларо аз арабӣ тарҷума […]

Худогоҳӣ дар фалсафаи Ибни Сино (2)

Асмо Исҳоқинасаб Бахши дуввум Нисбати “худогоҳӣ” бо мабонии метофизикӣ дар фалсафаи Ибни Сино Метофизики Ибни Сино мубтанӣ бар бархе усули асосӣ ва бунёдин аст, ки ҳамин усул ва мабодӣ ҳастишиносии вайро аз фалосифаи пешин ҷудо карда ва ба он ҳувияти хоссе мебахшад. Бе шак, яке аз бунёдитарин усул, […]