Рубрика: Фалсафаи ғарб

Худогоҳӣ дар фалсафаи Ибни Сино (1)

Асмо Исҳоқинасаб Бахши аввал Чакидаи мақола Масъалаи “худогоҳӣ” яке аз муҳимтарин масъалаҳоест, ки фалосифа дар тӯли торих бо рӯйкардҳои мухталифе ба он пардохтаанд. Ибни Сино аз ҷумлаи аввалин файласуфоне аст, ки бо рӯйкарде фалсафӣ ва на сирфан ахлоқӣ-динӣ, ин баҳсро матраҳ мекунад. Ӯ дар “Инсони муъаллақ дар фазо” […]

Кош ба дунболи ёфтани посухи ин “Чаро?”-ҳо мебудем!

Сайидюнуси Истаравшанӣ Инсонҳоро ба лиҳози донистани масъалаи рамзу рози зиндагӣ ва ин ки чаро ҳастанд ва аз куҷоянд ва ба куҷо мераванд ва ба қавли Мавлоно: Аз куҷо омадаам, омаданам баҳри чӣ буд? Ба куҷо меравам охир, нанамойи ватанам? — дар як тақсимбандӣ метавон ба се даста тақсим […]

Нақде бар мақолаи “Баъзе масъалаҳои асосии ҷаҳонбинии Иқбол” — 1

Ба қалами: Маҳмудхон Бурҳонов Бахши аввал Чанде паш мақолае аз ҷаноби Ҳафиз Холиқзода таҳти унвони “Баъзе масъалаҳои асосии ҷаҳонбинии Муҳаммад Иқбол” мунташир шуд, ки муаллиф дар он кӯшидааст, то андешаҳои Иқболро барои ҷомеаи Тоҷикистон хатарнок ва мухарриб ҷилва диҳад ва ба таъбири худи муаллиф, ҳадаф аз навиштани мақола […]

Чанд гуфтор аз Арасту

«Ишқ инсонро аз дидани айбҳо манъ мекунад.» (Сухане воқеан баҷост, мехоҳад бигӯяд, вақте ту ба чизе алоқаи зиёде дорӣ, ҳамин алоқаи ту, монеъ мешавад аз дидани айбҳо ва костиҳои фард ва ё он чизе, ки ту ба он алоқаманд ҳастӣ. Яъне, ин алоқмандӣ ва ишқи ту, ба навъе […]

Фалсафа имрӯз дигар маҳбуб нест

Гуфторе аз Вил Дурон (Вилям Дюран) дар дебочаи китоби “Лаззоти фалсафа” * * * Чаро ин рӯзҳо фалсафа дигар маҳбуб нест? Чаро фарзандони ӯ, яъне улум, дороии ӯро миёни худ тақсим кардаанд ва худи ӯро бо носипосию хушунате ҷонфарсотар аз бодҳои сахти зимистонӣ аз дар берун рондаанд, ҳамчунон […]

Фалсафа чист?

Фалсафа аз ақсоми илм ба маънои васеъи он аст. Яъне навъе огоҳӣ аз ҷаҳон, аммо ин огоҳӣ бо огоҳие, ки аз тариқи ҳиссу таҷрибаи мустақим ба даст меояд, фарқ мекунад. Ба ҳамин сабаб фалсафа дар баробари илм ба маънои хосси он, яъне илми таҷрибӣ, қарор мегирад. Корбурдҳои вожаи […]

Зиндагӣ ва шахсияти ҷолиби Имонуел Конт

Саргузашти файласуфон нишон медиҳад, ки зиндагиашон ҳамвора бе фарозу нишеб набудааст. Афлотун, кам монда буд ба унвони барда фурӯхта шавад. Декорт, рӯзе, дар тӯли як сафар, ночор шуд бо аслиҳа аз хеш дифоъ кунад, чаро ки қоиқронон мехостанд ӯро лухт карда, сипас ба қатл бирасонанд. Зиндагии Имонуел Конт […]

Касе, ки тавониста масоили печидаро содда баён бикунад

Сайидюнуси Истаравшанӣ Фалсафа, равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва ғайра, улуме ҳастанд, ки барои фарогирии онҳо одам бояд солҳо дар донишгоҳ таҳсил бикунад ва пас аз ошноӣ бо истилоҳот ва вожаҳои ин улум (ки ғолибан печида ҳам ҳастанд) ва низ огоҳӣ бо оро ва дидгоҳҳои донишмандони мутахассис дар ин риштаҳо, тоза […]

Фалсафа ва равиши реализм (15)

Фалсафа ва сафсата (5) (ё худ реализм ва идеализм) Матни китоб: Шубҳаи 3: Агар кошифияти илм ва фикр аз хориҷ, як сифати воқеӣ буд ва танҳо андеша ва пиндор набуд, ҳеч гоҳ тахаллуф намекард ва мо ба ин ҳама афкори пур аз таноқуз ва маълумоти пур аз хато […]

Фалсафа ва равиши реализм (13)

Фалсафа ва сафсата (3) (ё худ реализм ва идеализм) Матни китоб: Акнун бо дар назар гирифтани ин маълуми фитрӣ (1) дар инсон, агар бишнавем, ки дар ҷаҳон мардумоне ҳастанд, ки воқеияти ҷаҳони ҳастии хориҷ аз моро ё асли воқеиятро бовар надоранд, барои аввалин бор дучори шигифтӣ хоҳем шуд, […]

Тафовути фалсафаи исломӣ бо фалсафаи ғарб аз назари файласуфи шаҳири омрикоӣ

Чорлз Толёфиру (Charles Taliaferro), файласуфи шаҳир ва устоди фалсафаи Донишгоҳи Сент Улоф (St. Olaf) дар Минесуто (Minnesota)-и Омрико мӯътақид аст, фалсафаи исломӣ ба таври зарифе тавониста ақлро бо ваҳйи илоҳӣ пайванд диҳад. Инак, гуфтугӯи Чорлз Толиёфиру дар ин мавзӯъ: — Тафовутҳои аслии фалсафаи исломӣ ва фалсафаи ғарб чист? […]