Рубрика: Фалсафа

Забон ва хатти форсӣ гарави бақои миллати тоҷиканд

Нуздаҳ гуфтаҳо дар соли нуздаҳ (Баргузида аз навиштаҳои муаррих Луқмон Бойматов) 1. Роҳи илм аз сиёсат ҷудост. Донише, ки бепоя аст, бар рӯй ниқоби сиёсат мекашад. 2. Фасод ҷурм аст ва фосид муҷрим. Мардуме, ки аз фасоду фосидон ҳимоят мекунанд, худ шарикони фасод ва ёрони фосидонанд. 3. Хоки […]

Чанд панд аз чанд ҳаким

* Бишр ибни Ҳорис гӯяд: ду сифат мардумро ҳалок карда: ғайбат ва худписандӣ. * Афлотун гӯяд: нодон душмани хеш аст, чӣ гуна дӯсти дигарон мешавад? Он ки ҳимматаш шикам аст, қиматаш фаровардаи он аст. * Аз Дюжан (Diogenes), файласуф ва ҳакими юнонӣ пурсиданд: кадомин сифат саранҷомаш беҳтар аст? […]

Ибни Рушд ва кӯшиши ӯ барои исботи ҳамоҳангӣ миёни ақл ва имон

Ба баҳонаи солрӯзи даргузашти Ибни Рушд Сайидюнуси Истаравшанӣ Абулвалид Муҳаммад ибни Аҳмад Ибни Рушди Андалусӣ машҳур ба Ибни Рушд, ҳамачиздон ва файласуфи номдори араби Андалус (Испониё), ки дар Урупо ба Averroes маъруф аст, дар соли 1126 дар Қуртуба (Кордова) мутаваллид ва дар соли 1198 дар Марокаш чашм аз […]

Пандҳои ҳакимон

* Ҳакиме гӯяд: оқил бояд ду ойина дошта бошад: дар яке, бадиҳои хеш бинад, то худро ҳақир бибинад ва битавонад айбҳояшро ислоҳ кунад. Ва дар ойинаи дигар, хубиҳои дигарон бинад, то он чӣ битавонад, ба чанг оварад ва худро бад-онҳо биёрояд. * Ду чиз аст, ки то ҳаст, […]

Секулоризм чизе ҷуз ҳошиянависӣ бар китоби муқаддас нест

Секулорҳо достони оммаписанде барои таъриф кардан доранд: аз назари онҳо, бо ривоҷи адёни иброҳимӣ ҳамаи хубиҳои ҷаҳони погонӣ аз миён рафт ва дунёи тирае аз таҳмили ақоид, таъассуб ва хушунати динӣ ба вуҷуд омад. Аммо китоби ҷадиди Том Ҳулонд (Tom Holland) — муаррихи барҷаста, чизи дигаре мегӯяд. Ҳулонд […]

Андарзи ҳакимон

* Аввали ғазаб девонагӣ аст ва охираш пушаймонӣ. * Сахттарин ҷиҳод, набард бо хашм аст. * Аз Афлотун пурсиданд: ба чӣ васила метавон аз душман интиқом гирифт? Гуфт: ба фазлу карам. * Буқрот гуфта: инсоният яъне тавозӯъ дар ҳоли давлат, афв ҳангоми қудрат, саховат ҳангоми тангдастӣ ва атои […]

Ба баҳонаи зодрӯзи Нуом Чомски

Нуом Чомски — файласуф, забоншинос, муаррих ва мунтақиди сиёсӣ ва иҷтимоиро, ки дирӯз (7 декабр) зодрӯзи ӯ буд, муҳимтарин мутафаккири зинда дар ҷаҳони имрӯз медонанд. Вай ба унвони як сусиёлист ҳамчунон дар зумраи парупоқурстарин мунтақидони иқдомоти низомии Омрико маҳсуб мешавад, чаро ки онро бузургтарин таҳдид барои сулҳи ҷаҳонӣ […]

Панди ҳакимон

* Аз ҳакиме пурсиданд: тавозуъ чист? Гуфт: такаббур бо тавонгарон. (Насоеҳ) * Аҷаб аз касонест, ки бузургӣ мекунанд, бо ин ки ду мартиба аз маҷрои бавл убур кардаанд. (Буқрот) * Аз он қавм набош, ки ошкоро шайтонро лаън кунанд ва дар ниҳон фармонаш баранд. (Буқрот) * Бадтарини зимодорон […]

Ақл ва ишқ

Кадом замон барои як инсони диндор оромиш даст медиҳад?! Сайидюнуси Истаравшанӣ Файласуф, абзори ковишаш ақл аст. Ақли инсон фақат дар баъзе масоил (масалан, масоили риёзӣ) муваффақ ба кашфи воқеият (ҳамон тавр ки ҳаст) мешавад, аммо дар масоили дигар, бахусус масоили метафизикӣ, хеле андак аст, ки муваффақ ба дарки […]

Аз пандҳои ҳакимон

* Ҳар кӣ айби хеш ҷӯяд, руҳаш пок шавад. * Тамаъ озодро банда мекунад ва қаноат бардаро озод. * Забон ҳаҷмаш кучак ва гуноҳаш бузург аст. * Дӯсти ту касе аст, ки ба ту рост гӯяд, на тасдиқат кунад. * Дар хайр исроф нест, чунон ки дар исроф […]

Чанд ҳикмат аз Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р)

1. «Илми бе амал девонагӣ аст ва амали бе илм шуданӣ нест. Илме, ки туро аз гуноҳон бознадорад ва ба итоати маъбуд водор накунад, фардои қиёмат туро аз оташи дӯзах бознахоҳад дошт. Агар имрӯз ба донишат амал накунӣ ва дар садади ҷуброни рӯзҳои гузашта барнаёӣ, рӯзи қиёмат аз […]