Рубрика: Фалсафа

Ба баҳонаи бузургдошти Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ

Муҳаммад ибни Закариё ибни Яҳёи Розӣ, табиб, файласуф ва аллома дар улуми донишҳои бостонӣ, ки мутарҷимони китобҳояш ба забони лотин, ки ба ӯ Разис (Rhazes) гуфтаанд ва дар осори урупоӣ бештар ба ин ном машҳур аст, дар шаҳри Рай чашм ба ҷаҳон гушуд. Дар ҷилди чаҳоруми китоби ”Таърихи […]

Чизе ба номи мусодираи машоҳир вуҷуд надорад // Посухи Созмони мероси фарҳангии Эрон ба номаи аҳзоб дар бораи Форобӣ

Муовини Созмони мероси фарҳангии Эрон дар вокуниш ба номаи 9 ҳизби мустақил дар ин кишвар дар бораи Форобӣ гуфт: “Парвандаи Форобӣ ба таври муштарак тавассути Эрон ва Қазоқистон барои сабт ироа шуда ва мавзӯъи мусодираи ин файласуф аз сӯи бархе кишварҳо сиҳҳат надорад. Ба гузориши хабаргузории Ирно, Муҳаммадҳасани […]

Дар баробари талоши бархе кишварҳо барои мусодираи Форобӣ чӣ кардаед?

9 ҳизби мустақил дар Эрон дар номае саргушода ба Вазорати мероси фарҳангии ин кишвар, дархост кардаанд, иқдомоте ҷиддӣ дар ростои ҷилавгирӣ аз мусодираи Форобӣ тавассути Туркия ва кишварҳои туркзабон анҷом бидиҳад. Ба гузориши Исно, дар ин номаи саргушода омадааст: “Чанде пеш, “Хона-музеи Форобӣ” — файласуф ва донишманди бузурги […]

Марг аз назари Ибни Сино

Ба баҳонаи зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар Илоҳиёти Шифо дар мабҳаси “Рисолатуш-шифо мин хавфил-мавт”, роҷеъ ба ҳақиқати марг ва сабаби тарс аз он, матолиби ҷолибе дорад, ки мо айнан тарҷумаи онро дар ин ҷо меоварем: “Касе, ки мурданро ҷоҳил аст ва намедонад, ки ҳақиқати […]

Ошноӣ бо «Рисолатут-тайр»-и Ибни Сино

Ба баҳонаи зодрӯзи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино «Рисолатул-тайр» яке аз шоҳкорҳои фалсафӣ ва ирфонии Шайхурраис аст. Ӯ дар ин рисола тавониста масоили печидаи фалсафӣ ва ирфониро дар қолаби тамсил ва рамз ба таври ҷолибу ҷаззоб барои хонанда ироа диҳад. Яке аз касоне, ки ба тарҷумаи ин рисола ҳиммат […]

Он чи дар бораи Ибни Сино бидонем

Ба баҳонаи зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино Абӯалӣ ибни Сино 10-сола буд, ки аз улуми муқаддамотӣ фароғат ёфт. Дар шарҳи ҳолаш, ки худ барои Абӯубайди Ҷузҷонӣ — шогирди вафодораш имло кардааст, омада: “Пеши омӯзгори Қуръон ва омӯзгори адаб рафтам ва ба 10-солагӣ расидам ва Қуръон ва бисёре аз адаб […]

Атеизм ва инсоншиносӣ

Дидгоҳҳои аҷибу ғариб дар бораи дин ва Худо ва моварои табиат, ки аз сӯи атеистҳо иброз мешавад, ва тоза, рӯйи онҳо унвони “илмӣ” ҳам мегузоранд, бештар ношӣ аз ин аст, ки ин гурӯҳ “инсон”-ро нашинохтаанд. Ба сухани дигар, ин тоифа аввал инсонро — дар ҳақиқату ҷавҳараш – то […]

Бояд фалсафаро ба миёни мардум бурд

Ёддошти Яҳё Ясрибӣ, файласуф ва андешаманди эронӣ Броён Меги (Bryan Magee), файласуфи ангилисӣ, ки 89 сол дар ин ҷаҳон зист, барои ман аз як ҷиҳат бисёр қобили таҳсин аст, ва он ин ки: ба иқрори аҳли назар, вай тамоми ҳиммати худро бар ин гузошт, ки фалсафаро ба миёни […]

Ошноии кӯтоҳ бо китоби “Фалсафаи Чомски”

“Фалсафаи Чомски” китобест аз Муртун Винстун (Morton Winston) дар бораи Нувом Чомски — файласуфи забоншинос ва фаъоли иҷтимоӣ, ки осораш ҳавли меҳвари масоили дониши инсон ва озодии ӯ давр мезанад. Рӯйкарди нависанда дар ин китоб, ироаи таърихчаи ҳаёти фикрии Чомски аст ва бештар дар пайи ироаи ин таърихча […]

Нақши Хоразмӣ дар дунёи ҳушманди имрӯз (видео)

Хоразмӣ ҷузъи аввалин риёзидононе аст, ки “ҷабр” (алгебра)-ро ба унвони илми мустақил баррасӣ кард. Фаъолиятҳои ӯ дар ин ҳавза ба ҳадде муҳим аст, ки ҳатто калимаи лотини ҷабр (algebra) низ аз китоби машҳури Хоразмӣ бардошта шуд. Китобҳои ин донишманди барҷаста инқилобе дар риёзиёт, ба вежа дар ғарб, ба […]

Хонише ҷадид аз мудернита

Муруре бар китоби “Решаҳои илоҳиёти мудернита”, навиштаи Мойкл Олен Гилеспи Мудернита (ё ҳамон даврони мудерн) чист ва аз куҷо оғоз шудааст? Ин мафҳум аз ҳамон оғоз муноқишаангез буд. Дидгоҳи роиҷ то кунун ба ин пурсиш ин гуна посух дода, ки мудернита қаламрави секулор аст, ки дар он, инсон […]