Рубрика: Фалсафа

Шамсуддини Самарқандӣ; риёзидон, ахтаршинос ва мантиқдони бузург

Шамсуддин Муҳаммад ибни Ашрафи Ҳусайнии Самарқандӣ (638 ҳ.қ — 722 ҳ.қ) — риёзидон, ахтаршинос, файласуф ва мантиқдони бузург, яке дигар донишмандони гумноми мост. Ӯ муосири андешмандони бузурге монанди Хоҷа Насири Тӯcӣ, Наҷмуддини Котибӣ, Сироҷуддини Армавӣ ва Қутбуддини Шерозӣ аст. Шамсуддини Самарқандӣ дар осори худ, аз бархе аз ин […]

Ҳикмат, фалсафа ва илм

Ба қалами дуктур Ғуломризо Аъвонӣ, устоди фалсафа ва узви ҳайъати илмии Фарҳангистони улуми Эрон Барои баҳс дар хусуси “ҷойгоҳи ҳикмат дар Эрони имрӯз” бояд нахуст мушаххас кард, ки ҳикмат ба чӣ маъност? Дар чӣ нисбате бо фалсафа ва улуми дигар қарор мегирад? Ва аз чӣ замоне дар Эрон […]

Чаро илм ба фалсафа ниёз дорад?

Ба қалами Сино Фаллоҳзода, пажӯҳишгари фалсафа Аз даврони бостон то сароғози даврони мудерн, улуми табиӣ ва риёзӣ ҳамеша бо фалсафа тавъам будаанд. Бисёре аз андешамандони бузурги даврони бостон назири Афлотун ва Арасту, ки мо имрӯза бештари онҳоро ба хотири нубуғи фалсафиашон мешиносем ва меситоем, дар улуми табиӣ ва […]

Чаро дар ин олам дарду ранҷ ҳаст?

Гуфтугӯ бо дуктур Маҳдӣ Гулшанӣ перомуни “масъалаи шарр” ва далели вуҷуди он Дуктур Маҳдӣ Гулшанӣ, физикдон ва файласуфи муосири Эрон, ба тозагӣ китобе бо унвони “Илм ва дин дар уфуқи ҷаҳонбинии тавҳидӣ” мунташир карда, ки фасле аз онро ба “масъалаи шарр дар ҷаҳон” ихтисос додааст. Масъалаи шарр ва […]

Мусалмони андешазод, на модарзод

Рӯзи панҷшанбе (18 апрел) дар Эрон маросими накӯдошти яке аз донишмандони муосири омрикоӣ, устоди фалсафа, зебоишиносӣ ва илми ахлоқ, профессор Гэри Корл (Муҳаммад) Легенҳоузен, баргузор шуд. Ба гузориши Хабаргузории Меҳр, дар ин маросим Аллома Алиакбари Рашод дар таҷлил аз мақоми илмии профессор Муҳаммад Легенҳоузен гуфт: “Ҳар як аз […]

Пайдоиши шӯҳратталабӣ дар даврони мудерн

Ба қалами Мустафо Малакиён Эриш Фром, равоншиноси иҷтимоии маъруфи омрикоӣ, ки олмонитабор аст, таҳқиқе кардааст роҷеъ ба шӯҳратталабӣ. Ин таҳқиқро дар китоби “Инҳидоми сохтори башарӣ”, ки китоби бисёр муфассале аст ба чоп расондааст. Дар воқеъ аввалин бор ӯ буд, ки нишон дод шӯҳратталабӣ як хостае аст мутаъаххир (яъне […]

Фалсафаи Наврӯз

Гуфторе аз дуктур Алӣ Шариатӣ Сухани тоза аз Наврӯз гуфтан душвор аст. Наврӯз як ҷашни миллист. Ҷашни миллиро ҳама мешиносанд, ки чист. Наврӯз ҳарсола барпо мешавад ва ҳарсола аз он сухан меравад. Бисёр гуфтаанд ва бисёр шунидаед. Пас, ба такрор ниёзе нест? Чаро, ҳаст. Магар Наврӯзро худ такрор […]

Худхоҳии башар аз кадом нуқтаи таърих шурӯъ шуд?

Гуфтугӯи Шон Иллинг (Sean Illing) бо Дэвид Вуттон (David Wootton) Шон Иллинг (Sean Illing): Чаро мардум некӣ мекунанд? Дар таърихи фалсафаи ғарб, асосан ду посух барои ин пурсиш вуҷуд дорад. Нахустин посух ин аст, ки мардум ахлоқӣ амал мекунанд, чун фазилатманд ҳастанд ва ба усули хоссе монанди обрӯ […]

Одамҳо дар лаҳзаи марги худ чӣ чизҳое мегӯянд?

Ба қалами Мойкл Эрорд (Michael Erard) дар нашрияи Atlantic Морт Феликс (Mort Felix) дӯст дошт бигӯяд маънои исмаш дар забони лотин “марги хуш” аст. Вақте таб (грипп) гирифт, ба шӯхӣ ба ҳамсараш, Сузон, мегуфт, ки дӯст дорад дар бистари маргаш “Суруди шодӣ”-и Бетҳувен навохта шавад. Аммо ҳангоме, ки […]

Вақте мардум суолҳои динии худро аз ҳар касе мепурсанд

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Атен Жилсун (Étienne Gilson), филсуфи муосири фаронсавӣ, дар бораи осебшиносии фаҳми дин, ба як матлаби бисёр ҷолибе ишора мекунад. Ӯ мегӯяд, фаҳми дин дар миёни мардум ҳамеша бо ду мушкили асосӣ рӯбарӯ будааст: Мушкили аввал ин ки мардум маъмулан суолҳои динии худро аз ҳар касе […]

Хоҷа Насир

Ба баҳонаи зодрӯзи Хоҷа Насируддини Тӯсӣ Зодгоҳ ва вилодат Сарзамини Тӯс ноҳияе аз Хуросони бузург аст, ки хостгоҳи донишварони бузург ва таърихсоз будааст. Имрӯза яке аз маҳаллаҳои шаҳри Машҳади Эрон ба шумор меояд. Гӯянд, замоне Шайх Ваҷиҳуддин Муҳаммад ибни Ҳасан (падари Хоҷа), ки аз бузургон ва донишварони Эронзамин […]