Рубрика: Фиқҳи исломӣ

Ислом ва талаботи замона (34)

Муртазо Мутаҳҳарӣ Нерӯи муҳаррики таърих чист? (1) Дар охири ҷаласаи гузашта матлаберо тарҳ кардем ва зуд ҳам аз он гузаштем. Вале тақозо доштем, ки дӯстон бештар дар атрофаш баҳс кунанд, чун худам ба ин баҳс алоқамандам ва дар воқеъ метавонам арз кунам, ки барои худам ин як муаммое […]

30 мулоҳиза перомуни иртидод ва муртадд дар фиқҳи исломӣ

Ба қалами Муҳаммад Мухтор Шанқитӣ 1) Аз бузургтарин усули исломӣ, ки мусалмонон дар тӯли таърих дар мавриди он кӯтоҳӣ варзидаанд, асли “Ло икроҳа фиддин” яъне мамнӯъ будани икроҳу иҷбор дар дин аст. Ин асли муҳим муқаррар медорад, ки: дин аз они Худованд буда ва модоме, ки инсон дар […]

Ислом ва талаботи замона (33)

Муртазо Мутаҳҳарӣ Ҷабри таърих аз ду дидгоҳ (2) Назари Росел Ба назар мерасад, ки назарияи морксистҳо яъне ҷабри таърих, он ҳам ҷабри моддии таърих ва ҷабри моддии иқтисодӣ, ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул набошад. Инро дигарон ҳам, ки ҳатто моддӣ фикр мекарданд, қабул накардаанд аз ҷумла Росел. Росел […]

Фатвои Шайх Қарзовӣ дар бораи табрики ғайримусалмонон ба идҳояшон

Шайх Юсуф Қарзовӣ, раиси собиқи Иттиҳодияи байналмилалии уламои мусалмон, тасреҳ кардааст: “Табрики ғайримусалмонон ба идҳояшон, агар бо равобити хуби дуҷониба ҳамроҳ бошад, ҷоиз аст ба вежа ин ки онҳо аз ақвом, ҳамсоя, ҳамкор ё ҳамкилосии мусалмонон бошанд.” Ин донишманди исломӣ дар посух ба пурсише дар ин хусус, ки […]

Ақлоният ва эҳсосот

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар ин дунё, шояд ҳеч чиз барои як раҳбар — ҳоло чӣ як раҳбари сиёсӣ бошад ё динӣ — душвортару сахттар аз ин набошад, ки мавзеъеро, ки ақлу хирад мегӯяд, бар мавзеъе, ки бархоста аз эҳсосот ва авотиф аст, тарҷеҳ диҳад. Барои як раҳбари сиёсӣ аз […]

Ислом ва талаботи замона (32)

Муртазо Мутаҳҳарӣ Ҷабри таърих аз ду дидгоҳ (1) Ҳамон тавр, ки арз кардаем, баҳси мо дар бораи ислом ва муқтазаёти замон дар ду бахш баён мешавад; чун ишколе, ки дар ин баҳс ҳаст, ишколи ҳамоҳангии як амри собит дар зоти худ (яъне ислом) ва як амри мутағайир дар […]

Ислом ва талаботи замона (31)

Муртазо Мутаҳҳарӣ Оё иҷтиҳод нисбӣ аст? Оё воқеияти воҳид вуҷуд надорад? Нуктаеро, ки дар ҷаласаи қабл гуфтем, боз такрор мекунем, чун дар асру замони мо хеле такрор мешавад, ва он ин аст, ки: истинботҳои башар дар замонҳои мухталиф дар бораи масоил фарқ мекунад ва ин махсус ба замонҳои […]

Ислом ва талаботи замона (30)

Муртазо Мутаҳҳарӣ Мақоми ақл дар истинботи аҳкоми исломӣ (2) Оё мафҳуми қазияҳо тағйир мекунад? Масъалаи дуввуме, ки эшон (муҳандис Катироӣ) зикр кардаанд ин аст, ки мегӯянд: “Он чи мавриди гуфтугӯ ва тардид аст, мафоҳими калимот ва дар натиҷа мафоҳими қазияҳост, ки ба таносуби замон дар ҳаракату таҳаввул аст. […]

Ислом ва талаботи замона (29)

Муртазо Мутаҳҳарӣ Мақоми ақл дар истинботи аҳкоми исломӣ (1) Баҳси мо дар ҷаласаи пеш расид ба инҷо, ки қонунҳои исломӣ бо тағйироту таҳаввулоти замон чӣ гуна метавонад ҳамоҳангӣ дошта бошад, то чӣ расад ба масъалаи роҳнамоии замон. Қонуни исломӣ тибқи хислати зотии худаш собиту лоятағайяр аст ва замону […]

Ислом ва талаботи замона (28)

Муртазо Мутаҳҳарӣ Тарҳи ишкол ва посухи иҷмолӣ Ишкол дар масъалаи ислом ва муқтазаёти замон, ишколи ҳамзистӣ ва ҳамоҳангии ду шайъ аст, ки дар табиати худашон бар зидди якдигаранд. Яке аз ин ду дар табиати худаш собит ва лоятағайяр аст ва дигаре дар табиати худаш мутағайиру сайёлу нособит аст. […]

Ислом ва талаботи замона (27)

Муртазо Мутаҳҳарӣ Ҷабри замон ва масъалаи адолат لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ (Сураи Ҳадид, ояти 25) “Тамоми пайғамбаронро фиристодем барои ин ки дар миёни мардум адолати иҷтимоӣ пайдо бишавад…” Имшаб мавзӯи дигареро, ки марбут ба муқтазаёти замон аст унвон мекунам. Ин баҳс, […]