Худшиносӣ

Мулоҳизоте бар “ренусонс”-и мавриди назари ҷаноби Фаттоҳзода

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҷаноби Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали раиси ҲХДТ (ҳизби ҳоким), ахиран дар мусоҳибае бо хабаргузории “Ховар”, бо ишора ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қабули ин қонун ва низ “ворид шудани тағйиру иловаҳо… Read More ›

Нақде бар мақолаи “Баъзе масъалаҳои асосии ҷаҳонбинии Иқбол” — 1

Ба қалами: Маҳмудхон Бурҳонов Бахши аввал Чанде паш мақолае аз ҷаноби Ҳафиз Холиқзода таҳти унвони “Баъзе масъалаҳои асосии ҷаҳонбинии Муҳаммад Иқбол” мунташир шуд, ки муаллиф дар он кӯшидааст, то андешаҳои Иқболро барои ҷомеаи Тоҷикистон хатарнок ва мухарриб ҷилва диҳад ва… Read More ›

Фарҳанги муштарак; зарфиятҳо ва мавонеъ

Мақолае аз Муҳаммадкозими Козимӣ, шоир ва нависандаи афғонистонӣ Ба ростӣ агар Эронро хонае бо панҷараҳое ба чаҳор сӯй бидонем, бузургтарин панҷараи он ба кадом сӯй гушудааст? Бо қотеъият метавон муддаӣ шуд, ки дар ин минтақа миёни ҳеч ду кишвар он… Read More ›

Назари Ибни Сино дар бораи сабабаи тарси инсонҳо аз марг

Ба баҳонаи зодрӯзи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино Бино ба баъзе донишномаҳо, 16 август зодрӯзи файласуф ва пизишк ва донишманди машҳури ҷаҳони ислом ва Эронзамин Абӯалӣ ибни Синост. Ӯ 16 августи соли 980 милодӣ дар рустои Афшанаи Бухоро, маркази Эронзамин дар… Read More ›

“Ман”-и воқеӣ аз назари Мавлоно

Бар хилофи пиндори бештари инсонҳо, ки гумон мекунанд, “ман”-и онҳо ҳамин ҷасад ва бадани онҳост, Мавлоно аммо мегӯяд, эй инсон! “Ман”-и воқеии ту ҷасад ва бадани ту нест, ки ин қадр барояш заҳмат бикашӣ ва саодат ва хушбахтии худро фақат… Read More ›

Тамсили бисёр зебои Мавлоно дар бораи худшиносӣ

Мавлоно дар дафтари шашуми Маснавӣ достоне овардааст бисёр зебо дар бораи худшиносӣ. Мегӯяд, фақири муфлисе буд, ки аз зиёдии фақр ва надорӣ ҷонаш ба лаб расида буд, дар намозу дуо аз Худованд ризқе дархост кард аммо бидуни он ки заҳмате… Read More ›

Худшиносӣ (21) – Худогоҳии миллӣ, инсонӣ ва паёмбарона (2)

Дар поёни баҳси пешин гуфтем, ки «худогоҳии инсонӣ» бо ин ки беш аз ҳама сурати мантиқӣ дорад, вале мутаассифона воқеият наёфтааст. Чаро? Далелаш дар моҳияти инсон нуҳуфтааст. Моҳияти инсон бо ҳамаи мавҷудоти дигар – ҷамод, набот, ҳайвон – комилан мутафовит… Read More ›

Худшиносӣ (20) – Худогоҳии миллӣ, инсонӣ ва паёмбарона (1)

Баҳсҳои мо дар мавзӯи «худшиносӣ» рӯ ба поён аст ва танҳо матлабе, ки боқӣ монда ва ваъда дода будам дар поёни ин силсиламабоҳис роҷеъ ба он ба тафсил сӯҳбат бикунам ин аст, ки: 1. Дар заминаи «худогоҳӣ», ба ҷуз «худогоҳии… Read More ›

Худшиносӣ (19) – Худшиносӣ барои чист?

Баҳсҳои мо дар бораи худшиносӣ тақрибан рӯ ба поён аст, фақат ду се матлаб боқӣ монда, ки лозим аст дар бораи онҳо сӯҳбат бикунем. Яке ин ки: асосан худшиносӣ барои чист? Оё худаш, ба худии худ, як ҳадаф аст? Ва… Read More ›

Худшиносӣ (18) – Руҳи ҷамъӣ (3)

Баҳси мо ин буд, ки ҷомеа як мураккаби ҳақиқӣ аст, вале на таркиби ҷисмҳо, балки таркиби руҳҳо, андешаҳо, отифаҳо, хостҳо, иродаҳо, ва хулоса таркиби фарҳангҳо, на таркиби танҳо ва андомҳо. Афрод, ки ҳар кадом як воҳиди мустақил ҳастанд, вақте вориди… Read More ›

Худшиносӣ (17) – Руҳи ҷамъӣ (2)

Масъалае, ки дар садади посух ба он ҳастем ин буд, ки чунонки фард дорои «худ» (ман) аст, оё ҷомеа низ дорои «худ» мебошад? Дар баҳси пешин, ба унвони муқаддима, ин масъала табйин шуд, ки инсон табиатан иҷтимоӣ офарида шуда ва… Read More ›

Худшиносӣ (16) – Руҳи ҷамъӣ (1)

Баҳси мо дар мавзӯи «Худшиносӣ» то инҷо, дар бораи фард («ман») буд, ва гуфтем, ки ҳақиқати инсон ҳамон руҳи ӯст, ва аз ин рӯ онҷо, ки сухан аз «Худшиносӣ» меравад, манзур шинохтани руҳ ва истеъдодҳои он ва низ ҷойгоҳ ва… Read More ›

Худшиносӣ (15) – Робитаи забон бо ҳувияти инсон

Яке аз масоиле, ки дар мавзӯи «Худшиносӣ» бояд дар бораи он ба тафсил баҳс бишавад, масъалаи забони модарӣ ва робитаи он бо ҳувияти инсон аст. Албатта, ҷойгоҳи ин баҳс дар ин силсилабаҳсҳо — ки то кунун 14 қисмат аз он… Read More ›

Худшиносӣ (14)

Баҳси мо дар мавзӯи «Худшиносӣ» дар бораи «ҷойгоҳи инсон дар олами ҳастӣ» буд ва дар бахши пешин дар бораи назари бархе аз макотиби ғайри динӣ роҷеъ ба ин масъала сӯҳбат кардем. Дар баҳси имрӯз аммо, дар бораи нигоҳи ойини ислом… Read More ›

Худшиносӣ (13)

Матлаби дигаре, ки дар мавзӯи «Худшиносӣ» бояд дар бораи он сӯҳбат бишавад, баҳси ҷойгоҳи инсон дар олами ҳастӣ аст, ки асосан чаро ӯ ҳаст? Рисолати ӯ кадом аст? Чӣ имтиёзе аз соири мавҷудот дорад? Назари макотиби ғайри динӣ роҷеъ ба… Read More ›

Худшиносӣ (12)

Гуфтем, ки руҳи мо одамиён моддӣ ва мутаъаллиқ ба ҷаҳони модда нест, балки сарчашма дар олами боло дорад, ӯ болоро мехоҳад, на пойинро, ӯ мехоҳад боло равад, на ба пойин, ӯ мехоҳад ба аслаш бипайвандад ва саодат ва хушбахтӣ ва… Read More ›

Худшиносӣ (11)

Хулосаи он чӣ дар баҳси гузашта баён доштем ин буд, ки инсон фитратан камолҷӯ ва камолхоҳ аст ва саодат ва хушбахтии худро дар расидан ба камол мебинад. Ҳамаи инсонҳо бидуни истисно чунин ҳастанд, мунтаҳо бархе аз мо камоли воқеиро ташхис… Read More ›

Худшиносӣ (10)

Дар баҳсҳои гузашта дар бораи сохтори вуҷудии инсон сӯҳбат кардем ва гуфтем, ки ҳақиқати инсон ҳамон руҳи ӯст ва бадан дар ҳаёт ва бақои худ комилан вобаста ба руҳ аст. Пас, «худ»-е, ки дар садади шинохти он ҳастем, руҳи инсон… Read More ›

Худшиносӣ (9)

Гуфтем, ки асл ва асос дар инсон руҳи ӯст ва ҷасад барои вай либосе беш намебошад. Ва бинобар ин, вақте сухан аз «худшиносӣ» меравад, мурод шинохтани ҳақиқати инсон аст, ки руҳи ӯст. Дар баҳси гузашта ишорае кӯтоҳ доштем ба ақидаи… Read More ›

Худшиносӣ (8)

Гуфтем, ки «худ», ки мехоҳем ӯро бишносем, руҳи мост, на ҷасад ва колбадамон; зеро инсон мураккаб аз ҷасад ва руҳ аст ва гуфтем, ки асл ва асос дар инсонҳо руҳи онҳост ва аммо ҷасад ва колбад фақат як маркаб ва… Read More ›