Category: Худшиносӣ

Худшиносӣ (19) – Худшиносӣ барои чист?

Баҳсҳои мо дар бораи худшиносӣ тақрибан рӯ ба поён аст, фақат ду се матлаб боқӣ монда, ки лозим аст дар бораи онҳо сӯҳбат бикунем. Яке ин ки: асосан худшиносӣ барои чист? Оё худаш, ба худии худ, як ҳадаф аст? Ва ё барои ҳадафи дигаре манзур шудааст? Масъалаи дигаре […]

Худшиносӣ (18) – Руҳи ҷамъӣ (3)

Баҳси мо ин буд, ки ҷомеа як мураккаби ҳақиқӣ аст, вале на таркиби ҷисмҳо, балки таркиби руҳҳо, андешаҳо, отифаҳо, хостҳо, иродаҳо, ва хулоса таркиби фарҳангҳо, на таркиби танҳо ва андомҳо. Афрод, ки ҳар кадом як воҳиди мустақил ҳастанд, вақте вориди зиндагии иҷтимоӣ мешаванд, ҳувияти руҳии ҷадиде — ки […]

Худшиносӣ (17) – Руҳи ҷамъӣ (2)

Масъалае, ки дар садади посух ба он ҳастем ин буд, ки чунонки фард дорои «худ» (ман) аст, оё ҷомеа низ дорои «худ» мебошад? Дар баҳси пешин, ба унвони муқаддима, ин масъала табйин шуд, ки инсон табиатан иҷтимоӣ офарида шуда ва иҷтимоӣ будан дар ниҳоди ӯ гузошта шудааст. Ин […]

Худшиносӣ (16) – Руҳи ҷамъӣ (1)

Баҳси мо дар мавзӯи «Худшиносӣ» то инҷо, дар бораи фард («ман») буд, ва гуфтем, ки ҳақиқати инсон ҳамон руҳи ӯст, ва аз ин рӯ онҷо, ки сухан аз «Худшиносӣ» меравад, манзур шинохтани руҳ ва истеъдодҳои он ва низ ҷойгоҳ ва мартибааш дар низоми офариниш аст. Ва баён шуд, […]

Худшиносӣ (15) – Робитаи забон бо ҳувияти инсон

Яке аз масоиле, ки дар мавзӯи «Худшиносӣ» бояд дар бораи он ба тафсил баҳс бишавад, масъалаи забони модарӣ ва робитаи он бо ҳувияти инсон аст. Албатта, ҷойгоҳи ин баҳс дар ин силсилабаҳсҳо — ки то кунун 14 қисмат аз он пешкаши азизон шуд – баъд аз баҳс дар […]

Худшиносӣ (14)

Баҳси мо дар мавзӯи «Худшиносӣ» дар бораи «ҷойгоҳи инсон дар олами ҳастӣ» буд ва дар бахши пешин дар бораи назари бархе аз макотиби ғайри динӣ роҷеъ ба ин масъала сӯҳбат кардем. Дар баҳси имрӯз аммо, дар бораи нигоҳи ойини ислом ба ин масъала сӯҳбат мекунем. Инсон аз нигоҳи […]

Худшиносӣ (13)

Матлаби дигаре, ки дар мавзӯи «Худшиносӣ» бояд дар бораи он сӯҳбат бишавад, баҳси ҷойгоҳи инсон дар олами ҳастӣ аст, ки асосан чаро ӯ ҳаст? Рисолати ӯ кадом аст? Чӣ имтиёзе аз соири мавҷудот дорад? Назари макотиби ғайри динӣ роҷеъ ба ҷойгоҳи инсон дар ҳастӣ Дар бораи ин мавзӯъ, […]

Худшиносӣ (12)

Гуфтем, ки руҳи мо одамиён моддӣ ва мутаъаллиқ ба ҷаҳони модда нест, балки сарчашма дар олами боло дорад, ӯ болоро мехоҳад, на пойинро, ӯ мехоҳад боло равад, на ба пойин, ӯ мехоҳад ба аслаш бипайвандад ва саодат ва хушбахтӣ ва оромиши худро фақат ва фақат дар пайвастан ба […]

Худшиносӣ (11)

Хулосаи он чӣ дар баҳси гузашта баён доштем ин буд, ки инсон фитратан камолҷӯ ва камолхоҳ аст ва саодат ва хушбахтии худро дар расидан ба камол мебинад. Ҳамаи инсонҳо бидуни истисно чунин ҳастанд, мунтаҳо бархе аз мо камоли воқеиро ташхис медиҳад ва ба дунболи он меравад ва аммо […]

Худшиносӣ (10)

Дар баҳсҳои гузашта дар бораи сохтори вуҷудии инсон сӯҳбат кардем ва гуфтем, ки ҳақиқати инсон ҳамон руҳи ӯст ва бадан дар ҳаёт ва бақои худ комилан вобаста ба руҳ аст. Пас, «худ»-е, ки дар садади шинохти он ҳастем, руҳи инсон будааст. Ба сухани дигар, «худ»-и мо ва ҳақиқати […]

Худшиносӣ (9)

Гуфтем, ки асл ва асос дар инсон руҳи ӯст ва ҷасад барои вай либосе беш намебошад. Ва бинобар ин, вақте сухан аз «худшиносӣ» меравад, мурод шинохтани ҳақиқати инсон аст, ки руҳи ӯст. Дар баҳси гузашта ишорае кӯтоҳ доштем ба ақидаи мактабҳои ғайри исломӣ (ба хусус Ҳиндуизм) дар бораи […]