Рубрика: Шарҳи Маснавӣ

Шарҳи Маснавӣ (389)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (2) * * * Гуфт: аз ин раҳ ку раҳоварде? Биёр, Ку нишони якраҳӣ з-он хушдиёр? Ҳазрати Расул (с) ба Зайд гуфт: аз ин роҳ […]

Шарҳи Маснавӣ (388)

Пурсидани Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки имрӯз чунӣ ва чун бархостӣ?, ва ҷавоб гуфтани ӯ, ки “асбаҳту мӯъминан ё Расулаллоҳ!” (1) * * * Хулосаи достон Рӯзе Паёмбар (с) ба Зайд ибни Ҳориса фармуд: бомдодро чӣ гуна оғоз кардӣ? Зайд гуфт: бомдодро дар ҳоле оғоз […]

Шарҳи Маснавӣ (387)

Қиссаи миро кардани румиёну чиниён дар илми наққошӣ ва суратгарӣ (4) * * * Аҳли сайқал растаанд аз бӯю ранг, Ҳар даме бинанд хубӣ бедиранг. Онҳо, ки дилро аз зангори касрати бӯву рангу моддиёт пок карда ва сайқали тавҳид задаанд, ҳар лаҳза ва даме аз ҷониби Ҳақ хубиҳоро […]

Шарҳи Маснавӣ (386)

Қиссаи миро кардани румиёну чиниён дар илми наққошӣ ва суратгарӣ (3) * * * Сурати бесурати беҳадди ғайб, З-ойинай дил дорад он Мӯсо ба ҷайб. Сурати беҳадду бесурати олами ғайб, аз ойинаи дил бар Мӯсо (а) тобид ба тавре ки ӯ даст дар гиребони худ мекард ва дасташ […]

Шарҳи Маснавӣ (385)

Қиссаи миро кардани румиёну чиниён дар илми наққошӣ ва суратгарӣ (2) * * * Дар фурӯ бастанду сайқал мезаданд, Ҳамчу гардун содаву софӣ шуданд. Румиён дари хонаро бастанд ва машғули сайқал задан шуданд ва монанди осмон содаву софу шаффоф шуданд ва даруни хонаро босафову боҷило карданд. (Дар байти […]

Шарҳи Маснавӣ (384)

Қиссаи миро кардани румиёну чиниён дар илми наққошӣ ва суратгарӣ (1) * * * Хулосаи достон Мардуми Чину Рум бар сари маҳорату чирагии худ дар ҳунари наққошӣ, бо якдигар баҳсҳо ва гуфтугӯҳо мекарданд. Ҳар як аз он ду гурӯҳ маҳорату устодии худро месутуд. Подшоҳи он даврон хост, ки […]

Шарҳи Маснавӣ (383)

Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон бояд дошт аз ҷоҳилон (4) * * * Ҳин, макаш баҳри ҳаво он бори илм, То шавӣ рокиб ту бар раҳвори илм. Огоҳ бошу он бори гарони илмро ба хотири ҳавову ҳавас накаш, то ту бар маркаби илм […]

Шарҳи Маснавӣ (382)

Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон бояд дошт аз ҷоҳилон (3) * * * Аз Ҳақ “инна занна ло юғнӣ” расид, Маркаби зан(н) бар фалакҳо кай давид? Ҳақ Таъоло ин паёмро ба ҳамагон расонид: ҳамоно гумону занн наметавонанд одамиро ба ҳақиқат бирасонанд. Ва маркаби […]

Шарҳи Маснавӣ (381)

Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон бояд дошт аз ҷоҳилон (2) * * * Гуфт: дунё лаъбу лавҳ асту шумо Кӯдакету рост фармояд Худо. Худованд фармуд: ин дунё бозича ва саргармӣ аст ва шумо, эй одамиён, кӯдаконед, ва ин калом ҳаққан, ки рост аст. […]

Шарҳи Маснавӣ (380)

Дар баёни он ки ҳоли худ ва мастии худ пинҳон бояд дошт аз ҷоҳилон (1) * * * Бишнав алфози ҳакими пардаӣ: Сар ҳамон ҷо неҳ, ки бода х(в)ардаӣ. Суханони ҳакими пардаиро гӯш кун, ки мегӯяд: розу сирратро ҳамонҷо қарор бидеҳ, ки бода нӯшидаӣ. Яъне розу асрори ҳақоиқро […]

Шарҳи Маснавӣ (379)

Аввал касе, ки дар муқобилаи насс қиёс овард, Иблис буд (3) * * * Гарчи Ҳорутеду Моруту фузун, Аз ҳама бар боми наҳнуссоффун. Бар бадиҳои бадон раҳмат кунед, Бар маниву хешбинӣ кам танед. Агарчи шумо Ҳоруту Морут ҳастед ва дар олитарин мартибаи малакутӣ қарор доред, нисбат ба бадиҳое, […]