Рубрика: Қуръони Карим

Чӣ гуна уммати ҳазрати Масеҳ (а) шаробро барои худ ҳалол шумурданд?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Нӯшидани шароб ва шаробхорӣ дар тамоми адёни илоҳӣ – аз яҳудияту масеҳияту ислом — ҳаром будааст. Масалан, дар Таврот шаробхорӣ боиси “наҷосати инсон” муаррифӣ шуда ва Худованд хитоб ба ҳазрати Ҳорун (алайҳиссалом) фармудааст: “Ту ва писаронат бо ту, вақте ки ба хаймаи ҷомеъ дохил мешавед, шароб […]

Чаро дар Қуръон оятҳои муташобеҳ вуҷуд дорад?

Пурсиш: Чаро Худо оятҳои муташобеҳро нозил кард? Магар намешуд, ки ҳама ба оятҳои муҳкам зиндагиашонро мекарданд, на ба каҷравӣ. S. A. * * * Посух: Ба номи Худо. Суоли бисёр хуб аст. Аввал, лозим аст бахше аз ояти 7 сураи Оли Имронро биёварам, сипас маънои “муҳкам” ва “муташобеҳ”-ро […]

Руҳонӣ: “Имом Ҳасан (а) барои дини Худо ва уммати ислом сулҳ кард”

Раисиҷумҳури Эрон, бо ишора ба ин ки шаҳомати бисёр зиёде мехоҳад, ки инсон барои масолеҳи ҷомеаи исломӣ дасти сулҳ дароз кунад, афзуд: “Имом Ҳасан (а) барои дини Худо ва уммати ислом ин корро кард ва бо сулҳи худ шамшер ва найзаеро таҳаммул кард, ки бисёр дардноктар аз шамшер […]

Қуръон ва масъалаи худшиносӣ ва Худошиносӣ

Маҳмудхон Бурҳонов Бе ягон шакку тардид метавон гуфт, ки дар ин мавзӯъ Қуръони Карим болотарин ва охирин сухани мумкинро гуфтааст, ки на пеш аз он ва на пас аз он, ҳеч мактаб ва ё дине ба ин зебоӣ ва зарофат натавониста онро баён кунад. Дар Қуръон ояте ҳаст, […]

Бадтарин шакли диндорӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бадтарин шакли диндорӣ он аст, ки соҳибаш фоқиди он бошад. Яъне, чизеро, ки ӯ муддаъист дорад, шумо онро пеши вай наёбед. Масалан, як мусалмони диндор, ки қоъидатан бояд пойбанд ба ислом бошад, шумо исломро пеши вай наёбед. Як ривоят аз ҳазрати Паёмбар (с) нақл шудааст, ки […]

Як атеист вақте мегӯяд “Худо нест”, ӯ рост мегӯяд

Сайидюнуси Истаравшанӣ Вақте решаи афкор ва ақоиди инсонҳо (албатта, инсонҳои донишманд, ки амдан дурӯғ намегӯянд) дуруст воковӣ ва мавриди баррасии дақиқи фалсафӣ қарор бигирад, мебинед, бештари онҳо ҳарфи носаҳеҳе намегуфтаанд. Масалан, вақте як нафар атеисти донишманд ва содиқ (на дурӯғгӯ ва ҳуққабоз ва бесавод) мегӯяд, “Худо нест”, агар […]

Қорӣ Роғиб Мустафо Ғалваш дори фониро тарк гуфт

Роғиб Мустафо Ғалваш, қории номдори мисрӣ, соатҳое пеш дар синии 77-солагӣ даргузашт. Вай дар торихи 5 июни соли 1938 дар шаҳри Тантои Миср чашм ба дунё гушуда. Роғиб Мустафо аз ҳамон синини ҷавонӣ аз ҳофизони Қуръон будааст. Абдулғанӣ аш-Шарқовӣ, Иброҳим ат-Тубаҳйилӣ ва Ироҳим Салом аз устодони ӯ буданд. […]

Касе ки мехоҳад бидонад, оё мӯъмин ҳаст ё нест…

Касе ки мехоҳад бидонад, оё мӯъмини воқеӣ ҳаст ё нест, роҳаш муроҷеа ба Қуръон аст. Дар Қуръони Карим оятҳое ҳаст, ки дар онҳо аз нишонаҳо ва алоими мӯъмин сухан рафтааст. Инчунин оятҳо дар Қуръон ва низ дар ривоёт зиёданд, ки имрӯз мехоҳам танҳо ба яке аз он оёт […]

“Ҳанҷарае, ки дар ҷиҳати ихтилофафканӣ кор кунад, баландгӯи душман аст”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, бо ишора ба ин ки “эҷоди ихтилоф ва дудастагӣ дар миёни уммати исломӣ, имрӯз яке аз барномаҳои аслии душманон аст” гуфт: “Ҳама бояд муроқиб бошанд, то мабодо фарёди ихтилоф сар диҳанд ва баландгӯи душманони Ислом ва Қуръон шаванд.” Вай афзуд: “Ҳанҷарае, ки дар ҷиҳати […]

Паёми Қуръон: касе касеро масхара накунад!

“Эй касоне, ки имон овардаед! Гурӯҳе (аз мардон) гурӯҳи дигарро масхара накунанд, шояд онон (ки масхара шудаанд) аз инон (ки масхара мекунанд) беҳтар бошанд. Ва на заноне занони дигарро (масхара кунанд), шояд онон аз инон беҳтар бошанд. Ва аз якдигар айбҷӯйи макунед ва якдигарро бо лақабҳо (-и бад […]