Рубрика: Ҳуқуқи башар

Суханони такондиҳандаи муҷрии фаластинитабори шабакаи Алҷазира дар бораи “муомилаи қарн” – (Видео)

Таҳлилгари сиёсӣ ва муҷрии саршиноси телевизиюни Алҷазира, зимни интиқоди шадид аз хиёнати Аморот ва Арабистон дар моҷарои “муомилаи қарн”, ёдоварӣ кард, ки чунин тарҳе пештар рӯи Ирланд иҷро шудааст. Ҷамол Райён, таҳлилгари фаластинитабор ва муҷрии саршиноси телевизиюни Алҷазира, бо интишори видеое, дар бораи тарҳи “сулҳи” Омрико мавсум ба […]

Баёнияи ҲНИТ дар бораи боздоштҳои ахир

Раёсати Олии ҲНИТ бо судури баёнияе, зимни ҳушдор аз паёмадҳои вахими боздоштҳои ахир, аз бастагони боздоштшудаҳо дархост кардааст, ки “ба ваъдаҳои мақомот бовар накарда, садояшонро ба гӯши созмонҳои ҳуқуқи башар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ бирасонанд. Ҳамчунин, номҳои шиканҷагарони фарзандону наздиконашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо нашр кунанд, то онҳо […]

Фарохон барои озодии Далер Шарифов

Ба маҳзи расонаӣ шудани хабари боздошти Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик, корзори ҳимоят аз ӯ бо дархости озодии фавриаш, дар шабакаҳои маҷозӣ шурӯъ шудааст. Аз ҷумла рӯзномангор Шӯҳрати Раҳматулло ин ёддоштро гузоштааст: “Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷикро, рӯзи гузашта ба бозпурсӣ «даъват» кардаанд. Ба гуфтаи пайвандонаш ҳудуди 28 соат мешавад, […]

Вируси “боздошт” дар Тоҷикистон дар ҳоли дарнавардидани тару хушк аст

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар ҳоле, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо чолишҳое монанди куруновирус (coronaviruses = коронавирус) ва “муомилаи қарн” ва ҷанҷоли Омрико ва Эрон ва ғайра… дасту панҷа нарм мекунад, дар Тоҷикистон аммо ҳудуди як моҳ аст, ки вируси “боздошт” дар ҳоли дарнавардидани тару хушк аст. Ин “вирус” аз ибтидои […]

Далер Шарифов боздошт шудааст

Ба гузориши Родию Озодӣ, Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро, ки бо дидгоҳҳои мутафовиташ шинохта мешавад, рӯзи гузашта ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Наздиконаш мегӯянд, бо гузашти ҳудуди 24 соат ӯ ҳанӯз раҳо нашудааст. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Далер Шарифов дар Идораи амнияти ноҳияи Шоҳмансури Душанбе бозпурсӣ мешавад. Мақомот то […]

Хайриддин Абдулло: “Барои ба дӯш гирифтани иттиҳоми ифротгароӣ шиканҷа шудам”

Хайриддин Абдулло, руҳонии 35-солаи тоҷик, дар дар дидор бо ҳамсараш дар боздоштгоҳ, ба ӯ гуфтааст: “Барои ба дӯш гирифтани иттиҳоми ифротгароӣ шиканҷа шудам.” Ба гузориши Родию Озодӣ, Парвина Илолиева, ҳамсари руҳонии 35-сола, рӯзи 28-уми январ ба хабарнигори ин родию гуфта, чанде пеш дар боздоштгоҳ бо шавҳараш мулоқот кардааст. […]

КШНГЗ: “Дар Тоҷикистон фоҷеъаи соли 37-и асри гузашта такрор мешавад!”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) дар номае саркушода ба Кумитаи ҳуқуқи башари СММ, Иттиҳодияи Урупо, Созмони амният ва ҳамкории Урупо ва созмонҳои ҳуқуқи башар, бо баёни ин ки “дар Тоҷикистон фоҷеъаи соли 37-и асри гузашта такрор мешавад”, аз ин созмонҳо даъват ба амал овардааст, […]

Кабирӣ дар гуфтугӯ бо ВВС: “Ҳатто номи Ихвонул-муслимин барои бисёре аз боздоштшудаҳо ошно нест” – (Видео)

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо ВВС форсӣ, бо ишора ба боздоштҳои ахир дар Тоҷикистон, гуфт, ки ҳатто номи Ихволнул-муслимин барои бисёре аз афроде, ки боздошт шудаанд, ошно нест. Гуфтугӯи Кабирӣ бо ВВС форсиро бибинед:

“Мақомоти интизомӣ ба мо ҳушдор додаанд, ки аз сӯҳбат бо расонаҳо дар бораи боздоштшудаҳо худдорӣ варзем”

Як мақоми баландпояи Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Родию Озодӣ бо таъйиди боздошти 5 тан аз устодони ин донишкада, гуфта, ки мақомоти интизомӣ ба онҳо ҳушдор додаанд, ки аз сӯҳбат бо расонаҳо дар ин бора худдорӣ варзанд. Ба гузориши пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ, шумораи онҳое, ки бо […]

Сомонаи Ахбор феҳристи шуморе аз боздоштшудаҳои ахирро мунташир кард

Сомонаи Ахбор (Мирзо Салимпур) исми 17 боздоштшуда дар мавҷи ахири боздоштҳо дар Тоҷикистонро, ки бо номи «Парвандаи Ихвонул-муслимин” маъруф шудааст, мунташир кард. Ин сомона дар гузорише навишт: Дар байни боздоштшудаҳо номзадҳо ва ҳатто докторҳои илм, устодони донишгоҳҳо, имомхатибони собиқ, рӯҳониён ва ҳатто мансабдорони давлатӣ ҳастанд. Бар пояи ин […]

Потрис Лумумбо

Ба баҳонаи рӯзи қатли Потрис Лумумбо Потрис Лумумбо раҳбари истиқлоли Кунгу (Конго) аз истеъмори Белжик (Белгия) аст. Ӯ пас аз пирӯзӣ дар касби истиқлоли ин кишвар, дасти истеъморгаронро аз манобеъи кишвараш кӯтоҳ сохт, аммо пас аз гузашти чанд ҳафта аз нахуствазирӣ, бар асари тавтиаи CIA ва Созмони амниятии […]