Ҷомеа

Шумо ҳам ёд бигиред!

Сайидюнуси Истаравшанӣ Як хабари бисёр хубу хуше, ки имрӯз дар расонаҳо хондам ин буд, ки дар кишвари ҳамсоя Ӯзбакистон, дар идомаи тағйиру таҳаввулҳое, ки ин кишвар пас аз рӯи кор омадани Шавкат Мирзиёев шоҳиди онҳост, боз як таҳаввули решаии дигаре… Read More ›

Боз ҳам аз тазоддҳо

Азиз Нақибзод Ҳамин Фейсбук аст, ки мепурсад аз чӣ меандешӣ ва ба андеша во медорад. Аз рӯзу рӯзгори пуртазодду пурҳарҷу марҷи миллат меандешам. Мардуми мутамаддин қонуну қоидаҳое ба миён меоранд, то зиндагиашонро ба низом оранду қонунҳо сабаби пешрафти кишварашон шавад…. Read More ›

“Пайкараи Рӯдакӣ бо сармояи мардуми Самарқанд сохта шуда буд, чаро ғайб зад?”

Ҳаким Раббимпур, аз фаъолони сиёсӣ ва фарҳангии Самарқанд ва муқими Филоделфиёи Омрико, ин рӯзҳо дар ҷараёни баҳори навпадиди тоҷикон озодона аз фазо ва шароити фарҳангӣ ва фишорҳои даврони Шӯравӣ менависад. Чизе, ки то ҳамин охирҳо мумкин набуд. Оқои Раббимпур дар… Read More ›

Боздошти як фаъоли ҲНИТ дар Истамбули Туркия

Ба гузориши сойти Паём, як фаъоли ҲНИТ ва собиқ узви Риёсати вилоятӣ ва раиси комиссиюни тафтишотии ин ҳизб дар Суғд, Нӯъмонҷон Шарипов бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Истамбули Туркия боздошт шудааст. Бар пояи ин гузориш, Нӯъмонҷон Шарипов дар Истамбул ба… Read More ›

Фарҳанги бегона ва иқтисодӣ миллӣ

Ёддошти Азиз Нақибзод Медонам, ки ибораи “фарҳанги бегона” бароятон дилбазан шудааст ва шуниданаш шуморо ба ҷон меорад. Ҳамчуноне, ки худам низ аз шуниданаш хеле нороҳат мешавам. Аммо инҷо сухан аз ришу ҳиҷоб нест. Аслан ришу ҳиҷоб на ба иқтисод зиёне… Read More ›

ҲНИТ: “Мо фаъолияти худро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва ормонҳои миллати тоҷик идома хоҳем дод”

Шӯрои Иҷроияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо судури баёнияе, додгоҳи раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабириро дар ғиёбаш, маҳкум карда ва ёдовар шудааст: “ҲНИТ маҳкамаҳои баргузоргаштаи қаблӣ ва ояндаро, ки ангезаи сиёсӣ доранд, нисбати ҳамаи маҳбусон ва мухолифини сиёсии кишвар ва… Read More ›

Ризоӣ: “ҲНИТ фабрикаи ҷавоб нест, дунболи корҳои муҳимтаре аст”

Муҳаммадсаид Ризоӣ, аз раҳбарони аршад ва узви Раёсати олии ҲНИТ, дар посух ба ин пурсиш, ки чаро ин ҳизб дар баробари иттиҳомоти ворида бар ӯ вокуниши ҷиддӣ аз худ нишон намедиҳад гуфт: “Дар асл, ҲНИТ фабрикаи ҷавоб нест, ки барои… Read More ›

Оё ҲНИТ фақат як ҳизби сиёсист?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар оғозҳои қатъи фаъолияти расмии ҲНИТ ва зиндонӣ шудани раҳбарони аршади он ва низ фишору таъқибҳои фаъолон ва аъзояш дар дохил ва хориҷи кишвар, гумон мекардам, аз он таърих ба баъд, умуми нухбаҳои тоҷик — чӣ афроде, ки… Read More ›

Миллат ва ҳиммат

Ёддошти Азиз Нақибзод Дӯсти ҷавоне дар Фейсбук пурсише матраҳ намуд, ки агар 5000 дулор ёбед, ба он чӣ хоҳед кард? Ва аҳли Фейсбук назарҳои хешро матраҳ намуданд. Бархе бо шӯхӣ ва аксар ҷиддӣ. Яке гуфт, хона мехарам, дигаре гуфт, ба… Read More ›

Идеулужии (идеологияи) миллӣ (5)

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бахши панҷум (поёнӣ) Матлаби ахире, ки лозим дидам дар поёни ин силсиламақолот роҷеъ ба он баҳс бикунам ин аст, ки оё дини ислом махсуси арабҳост, ҳамон тавре ки устод Қамаруддини Нурулҳақ, файласуф ва исломшиноси тоҷик, дар ҳамон гуфтугӯ… Read More ›

Идеулужии (идеологияи) миллӣ (4)

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бахши чаҳорум Танҳо матлабе, ки боқӣ монда, то дар борааш як баррасии дақиқ сурат бигирад ин аст, ки бояд бибинем, робитаи “мусалмон будан” бо “тоҷик будан” (“тоҷикият” ба гуфтаи устод Қамаруддни Нурулҳақ) чист? Оё ин ду “нисбат”, ҳамзамон… Read More ›

Идеулужии (идеологияи) миллӣ (3)

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бахши севвум Ду матлаби дигар ҳаст, ки бояд дар бораи онҳо баҳс бишавад: яке, нисбати ислом бо миллият, ва дигар он ки: оё мусалмон будан бо тоҷик будан қобили ҷамъ нест, ки ногузир қоил ба тақаддуму таъаххур миёни… Read More ›

Идеулужии (идеологияи) миллӣ (2)

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бахши дуввум Дар қисмати пешин, собит кардем, ки “идеулужӣ”-ро чӣ муродифи “ҷаҳонбинӣ” бидонем ва чӣ муродифи “рафторҳо (боядҳо)-и муттакӣ бар як ҷаҳонбинӣ” (яъне як систем ва мактаб), дар ҳар ду сурат, барои “идеулужии миллӣ” наметавон маъное пайдо кард…. Read More ›

Идеулужии (идеологияи) миллӣ (1)

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бахши аввал Се чаҳор рӯз пеш, инҷониб мақолае навишта будам таҳти унвони “Тоҷикистон ва идеулужии миллӣ” ва дидгоҳи худро дар бораи он чи ба унвони “идеулужии миллӣ” матраҳ аст, ба сурати хеле мухтасар ва мӯҷаз арза намудам. Зоҳиран,… Read More ›

Решаи “маҳалгароӣ” ва роҳи хушконидани он

Сайидюнуси Истаравшанӣ Шояд ин аз шигифтиҳои мо, тоҷикон бошад, ки дар айни ин ки ҳамаамон ба иттифоқ “маҳалгароӣ”-ро як падидаи бисёр зишт ва нописанд ва ҳатто навъе беморӣ медонем ва давлатмардон ва сиёсатмадоронамон аз минбарҳо ба накӯҳиши он мепардозанд ва… Read More ›

Даргузашти Эшони Абдулқуддус

Эшони Абдулқуддус, аз руҳониҳои маъруфи Тоҷикистон, имрӯз (7 январи 2018) дар синни 68-солагӣ дори фониро тарк ва ба дори боқӣ шитофт. Ба гуфтаи наздикони марҳум, ӯ муддате пеш ба иллати як беморӣ дар бемористон бистарӣ шуда будааст ва вақте аз… Read More ›

Хабарсозтаринҳои Тоҷикистон дар соли 2017

10 чеҳраи хабарсози Тоҷикистон дар соли 2017 аз нигоҳи хонандагони пойгоҳи “Кимиёи саодат” Тибқи назарсанҷие, ки пойгоҳи “Кимиёи саодат” аз як ҳафта пеш роҳ андохт, 10 чеҳраи хабарсози Тоҷикистон дар соли 2017 (аз миёни 30 чеҳраи пешниҳодӣ) ба тартиби бештарини… Read More ›

Опозисиюни тоҷик дар соли 2017; дастовардҳо ва нокомиҳо

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар навиштори ҳозир, саъйи нигоранда ин аст, ки ба дур аз ҳар гуна алоқа ба ин ё он гурӯҳи хосси сиёсӣ, ба баррасии вазъи опозисиюни Тоҷикистон дар соли 2017 ва ин ки дар ин сол чӣ дастовардҳое дошта… Read More ›

“Опозисиюн” алайҳи опозисиюн

Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз тарфандҳои ҳукуматҳои худкома ва диктотур дар баробари мухолифонашон вақте аз ҳазфи онҳо дар арсаи сиёсат оҷиз гарданд ин аст, ки дар арзи онҳо худашон “опозисиюн” бисозанд, ки дар Тоҷикистони мо ба унвони “кисагӣ” маъруф аст. Бо… Read More ›