Рубрика: Ҷумлаҳои ҳикматомез

Чанд гуфтори нағз аз Мавлоно

Ғараз аз намоз Мавлоно фармояд: “Ғараз аз ин (намоз) он аст, ки мебояд он ҳолате, ки дар намоз зоҳир мешавад, пайваста бо ту бошад. Агар дар хоб бошӣ ва агар бедор бошӣ ва агар бинависӣ ва агар бихонӣ, дар ҷамиъи аҳвол холӣ набошӣ аз ёди Ҳақ, то — […]

Ду гуфтор аз Мавлоно

Ихтиёр аст, ихтиёр аст, ихтиёр Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” фармояд: “Он яке бар дарахти қамаруддин (навъе зардолу) мева мерехт ва мехӯрд. Худованди боғ (яъне соҳиби боғ) мутолиба мекард, гуфт: аз Худо наметарсӣ? Гуфт: чаро тарсам? Дарахт азони Худо ва ман бандаи Худо. Мехӯрад бандаи Худо аз моли […]

Чаҳор гуфтор аз Мавлоно

Равиши таълиму тарбияти анбиё Мавлоно гӯяд: “Ҳақ Таъоло эшонро (анбиёро) сиъате (гушодадилие) ва ҳавсалае азим додааст, ки таҳаммул мекунанд. Аз сад кажӣ, як кажиро мегӯянд, то ӯро душвор наёяд ва боқи кажиҳояшро мепӯшонанд, балки мадҳаш мекунанд, ки он кажат рост аст, то ба тадриҷ ин кажиҳоро як-як аз […]

Чанд панд аз Мавлоно

Пас бади мутлақ набошад дар ҷаҳон Мавлоно фармояд: “Гуфт: фоъили некӣ ва бадӣ як чиз аст ё ду чиз? Ҷавоб: аз ин рӯ, ки лоянфакк аст (яъне ҷудонашаванда аст) бадӣ аз некӣ — зеро ки некӣ тарки бадӣ аст ва “тарки бадӣ” бе бадӣ маҳол аст, баён он […]

Инсон ба он чӣ аз он манъ шуда ҳарис аст

Ҳазрати Мавлоно овардааст: “Нонеро бигир зери бағал ва аз мардум манъ мекун ва мегӯ, ки: албатта инро ба кас нахоҳам додан… агарчӣ он бар дарҳо афтодааст ва сагон намехӯранд аз бисёрии нон ва арзонӣ. Аммо чун чунин манъ оғоз кардӣ, ҳамаи халқ рағбат кунанд ва дар банди он […]

Ҳаст андар коҳилӣ ин хавф беш

Мавлоно гӯяд: “Яке суол кард, ки: чун мо хайр кунем ва амали солеҳ кунем, агар аз Худо умедвор бошем ва мутаваққеъи хайр бошем ва ҷазо, моро он зиён дорад ё на? Фармуд: Эй валлоҳ умед бояд доштан, ва имон ҳамин хавфу раҷост. Яке маро пурсид, ки: раҷо худ […]

Чаҳор панд аз Мавлоно

Агар дар бародари худ айб мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ӯ мебинӣ Мавлоно гӯяд: “Агар дар бародари худ айб мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ӯ мебинӣ… Гуфт: пилеро оварданд бар сари чашмае, ки об хӯрад. Худро дар об медид ва мерамид. Ӯ мепиндошт, ки […]

Одоби сухан гуфтан аз забони Хоҷа Насир

Ба баҳонаи зодрӯзи Хоҷа Насируддини Тӯсӣ Хоҷа Насируддни Тӯсӣ (р) дар китоби шарифи “Ахлоқи Носирӣ”-и худ дар бораи одоби сухан гуфтан гӯяд: “Бояд, ки бисёр нагӯяд. Ва сухани дигаре (яъне сухани як одами дигарро) ба сухани худ қатъ накунад. Ва ҳар ки ҳикояте ё ривояте кунад, ки ӯ […]

Мову манӣ

Нақл аст, ки дар замони орифи номдор Шайх Абӯсаъиди Абулхайр маросим ва маҷлиси тоҷгузорӣ барои яке аз шуюхи тариқат дар назар гирифта буданд ва ба расми вуруд ба даргоҳи салотин афроди мумтозу мушахххас, ки меомаданд, ба таносуби шаъни онҳо, як ҷорчӣ, ки дар онҷо барои муаррифии афрод муқаррар […]

Ду панд аз Мавлоно

Мавлоно дар “Фиҳӣ мо фиҳӣ” овардааст: “Пурсид, ки фоидаи аъмол ин ҷо (яъне дар ин дунё) чаро намешавад? Фармуд, ки ҳамаи аъмоли шуморо иваз ҳаст, илло барои маслаҳате ин ҷо нанамоёнад; чунонки падар духтарро чиҳоз месозад ва нигоҳ медорад ва дар хона ӯро ба ҷомаи ҳақир медорад ҷиҳати […]

Бахше аз васиятномаи Абӯалӣ ибни Сино (р)

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино (р) дар бахше аз васиятномаи маъруфи худ мегӯяд: “Худованди Мутаъол аввалин ва охирин мақсаде аст, ки инсон бояд бад-он биандешад ва чашми ҷони худро бо назар бар ӯ равшан созад ва дар пешгоҳи ӯ пешонии хушӯъ ва бандагӣ бисояд. Пас ҳангоме ки ин ҳолат […]