Рубрика: Ҷумлаҳои ҳикматомез

Мабахшой бар ҳар куҷо золимест

Шаммае аз ҳикматҳои Саъдӣ Мулук аз баҳри поси раъиятанд, на раъият аз баҳри тоати мулук. * * * Ду кас душмани мулку динанд; подшоҳи беҳилм ва зоҳиди беилм. * * * Мабахшой бар ҳар куҷо золимест, Ки раҳмат бар ӯ, ҷавр бар оламест. Ҳар он кас, ки бар […]

Дунёи порсӣ, дунёи мо

Ёддоште аз Додоҷон Атовуллоев Решаи тамоми бадбахтиҳои мо рӯй наёвардан ба хатти ниёгонамон аст. То замоне ки мо ба алифбои порсӣ барнагардем, порсиро пос надорем, дар хамгашти таърих мисли гунге ё парандаи паршикастае хору залилу гумшуда хоҳем монд. Истиқлоли ростини Тоҷикистон танҳо рӯзе ба даст хоҳад омад, ки […]

Чаҳор ҳикмат аз Имом Абӯҳомиди Ғаззолӣ (р)

1. «Илми бе амал девонагӣ аст ва амали бе илм шуданӣ нест. Илме, ки туро аз гуноҳон бознадорад ва ба итоати маъбуд водор накунад, фардои қиёмат туро аз оташи дӯзах бознахоҳад дошт. Агар имрӯз ба донишат амал накунӣ ва дар садади ҷуброни рӯзҳои гузашта барнаёӣ, рӯзи қиёмат аз […]

Афлотун: “Ишқ танҳо беморие аст, ки бемор аз он лаззат мебарад”

Ҷумалоте ҳикматомез аз Афлотун «Дар ҷаҳон ягона мояи некбахтии инсон муҳаббат аст.» «Нерӯмандатарини мардум касе аст, ки бар хашми худ ғалаба кунад.» «Зинати инсон ба се чиз аст: илм, муҳаббат ва озодӣ.» «Авом сарватмандро мӯҳтарам медонанд ва хавосс донишмандонро.» «Касе ки дар айёми муваффақият ва хушӣ туро сано […]

Худованд кист?

(Ҷумалоте аз Мулло Садрои Шерозӣ) «Худованд бе ниҳоят аст ва ло макон ва бе замон, аммо ба қадри фаҳми ту кучак мешавад ва ба қадри ниёзи ту фуруд меояд ва ба қадри орзуи ту густарда мешавад ва ба қадри имони ту коргушо мешавад ва ба қадри нахи пиразанони […]

Қуръон! Ман шармандаи туам

Қуръон! Ман шармандаи туам. Ин китоб (Қуръон) аз он рӯзе, ки матнаш матрук шуд, ҷилдаш ривоҷ ёфт. Ва аз он ҳангом, ки ин китобро — ки хонданӣ ном дорад — дигар нахонданд, барои тақдису табаррук ба кор рафт. Аз вақте ки дигар дармони дардҳои фикрӣ ва руҳӣ ва […]

Ёфтани Худо

Ду мард дар даррае роҳ мерафтанд, яке аз онҳо бо ангушт ба кӯҳ ишора кард ва гуфт: — Он узалтгоҳро мебинӣ? Марди торики дунёе онҷо зиндагӣ мекунад, танҳо Худоро меҷӯяд ва рӯйи ин замин ҳеч чиз намехоҳад. Марди дуввум гуфт: — Худоро пайдо намекунад, то он гоҳ ки […]

Суханчинӣ

Марде ба Имом Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусайн, наваи гиромии ҳазрати Паёмбари Акрам (с) арз кард: — Фалонӣ ба шумо нисбат медиҳад, ки шумо гумроҳ ва бидъаткор ҳастед! Имом Зайнулобидин ба ӯ фармуд: — Ҳаққи ҳамнишинӣ бо он мардро пос надоштӣ; зеро сухани ӯро ба мо мунтақил кардӣ. Ҳаққи […]

То мо дигар нашавем, чизе дигар нахоҳад шуд

Ёддоште аз Додоҷон Атовулллоев Зиндагӣ (дар ин дунё) як бор меояд ба даст. Танҳо як бор. Танҳо як бор ту аз вазиши бод, хандаи офтоб, дидори азизонат лаззат мебарӣ. Нигоҳҳои хушбахтонаи тифлонаконат туро шод мекунад. Сарафроз мешавӣ, чун модарат сӯи ту барои амали неке лабханд менамояд. Ончуноне ки […]

Дониш ва донишмандон дар суханони Паёмбари Акрам (с)

“Андаке дониш беҳтар аз бисёре ибодат аст.” “Хоби ҳамроҳ бо илму дониш беҳтар аз намози ҳамроҳ бо нодонӣ аст.” “Ҳамоно бартарии олим бар обид монанди бартарии хуршед аст бар ситорагон ва бартарии обид бар ғайри обид монанди бартарии моҳ аст ба ситорагон.” “Як соат такя задани олим бар […]

Чӣ лаззатбахш аст гузари насими ёди ту!

(Муноҷоти Имом Зайнулобидин Алӣ ибни Ҳусайн (а) бо Худо маъруф ба “Муноҷоти орифон”) Худовандо! Моро аз ононе қарор деҳ, ки: — дарахтҳои иштиёқ дар боғҳои синаҳояшон реша давонда ва шӯълаҳои ишқи ту оташ ба дилҳояшон зада ва роиҳаи ҷамоли ту парандаи афкорашонро авҷи тоза бахшида; — онон ки […]