Рубрика: Ҷумлаҳои ҳикматомез

Намози риёкор

Намози риёкорон садову сафире беш нест; зеро асли намоз ёди Худост ва агар ёд набошад, ҳамаи иборатҳо ва оёт ва ҳаракоти намозгузорон ботил мешавад ва ӯро ҳеч баҳрае аз он калимот ва ҳаракоти қудсӣ набошад. Он мунофиқ бо мувофиқ дар намоз, Аз пайи истеза ояд, не ниёз. Дар […]

Бисмиллоҳ

Яке аз суннатҳои дерин ва одоти ширин дар фарҳанги порсӣ – чӣ пеш аз Ислом ва чӣ пас аз он – ин будааст, ки корҳоро бо ном ва ёди Худо оғоз кунанд ва маънои жарфи ин суннат он аст, ки Низомӣ фармуд: Низомӣ ҷоми васл онгаҳ кунӣ нӯш, […]

Чӣ касоне ҳодисаофаринанд?

“Онҳое, ки аз дар меоянд ва мераванд, чаҳорпоёни наҷиб ва сокити ториханд… Ҳодисаҳоро танҳо касоне дар зиндагии одамӣ офаридаанд, ки аз панҷараҳо берун ҷастаанд ва ё ба дарун паридаанд…” (Алии Шариатӣ)

Лаззат ва ширинии зиндагӣ дар чист?

Лаззат ва ширинии зиндагӣ дар ин аст, ки сарнавишти ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунӣ ва одамоне, ки бо ту зиндагӣ мекунанд, бароят бе аҳаммият набошад ва ту нисбат ба онҳо бе тафовут набошӣ. Агар дар ҷомеа адолат нест, ту барои барқарории адолат талош кун, гарчӣ бароят бигӯянд, […]

Таламуш

Муше дар хона таламуше (мушқаппаке) дид, ба мурғ ва гӯсфанд ва гов хабар дод, ҳама гуфтанд, таламуш мушкили туст ва ба мо рабте надорад. Море дар тала уфтод ва зани хонаро газид, аз мурғ барояш шурбо дуруст карданд, гӯсфандро барои иёдаткунандагон сар буриданд, говро барои маросими тарҳим куштанд […]

Аз ниёишҳои дуктур Алии Шариатӣ

Худоё! Раҳмате кун, то имон нону ном бароям наёварад, қувватам бахш, то нонамро ва ҳатто номамро дар хатари имонам афканам, то аз онҳое бошам, ки пули дунёро мегиранд ва барои дин кор мекунанд, на аз онон, ки пули динро мегиранд ва барои дунё кор мекунанд! * * * […]

Аз мавоъизи Омуси Набӣ

То ҳангоме ки заъифонро дар зери пой мекӯбед ва гандуми дастранҷашонро ба ситам меситонед, агарчӣ кохҳои мармар бино кунед, дар он кохҳо зиндагӣ натавонед кард, ва ҳарчанд токистонҳои сабзу хуррам кишт кунед, аз шароби он нахоҳед нӯшид. Ман медонам, ки гуноҳонатон чӣ қадр азим аст ва озорҳотон чӣ […]

Панҷ асле, ки Зартушт тавсия мекунад…

Аз Зартушт пурсиданд, чӣ тавр тавонистӣ зиндагиатро бар покӣ бино кунӣ? Чаро ин қадр оромӣ? Чӣ чизе сабаб мешавад, ки ҳеч гоҳ хаста нашавӣ? Чӣ гуна аст, ки дучори васваса намешавӣ? Гуфт: баъд аз солҳо мутолеъа ва таҷриба, зиндагии худро бар панҷ асл бино кардам: Донистам, ки ризқи […]

Чӣ касе аз диктотурӣ ранҷ мебарад?

“Онҳое, ки ҳарф барои гуфтан надоранд, истибдодро эҳсос намекунанд. Чӣ касе аз диктотурӣ ранҷ мебарад ва барои озодӣ озодона ҷон медиҳад? Он ки ҳарфе барои гуфтан дорад ва намегузоранд… Он ки дарде барои нолидан дорад ва намегузоранд… Он ки фарёде барои баркашидан дорад ва намегузоранд… Касе ки наменависад, […]

Торихсозон

Торихро фақат ду қишр аз одамон сохтаанд: яке, ҳукком, ва дигаре, ақаллияте, ки дар торих дар ибтидои корашон ҳамеша аз онҳо ба номи “девонаҳо” ном бурда шудааст… Ҳукком, бо сохтани коху қасрҳои худ, бо ба роҳ андохтани ҷангҳо дар тӯли торих, бо куштан ва қатлу оммҳои худ, бо […]

Рӯшанфикр кист?

“Рӯшанфикр иборат аст аз як инсони огоҳ нисбат ба ниёзи ин қарн ва ин насл ва масъул дар ироаи роҳи наҷот барои ҷомеа… ва бахшидани як ишқ ва имони муштараки ҷӯшон ба мардум дар матни сард ва мунҷамиди иҷтимои мунҳатти суннатияш… ва ҳаракат эҷод кунад ва огоҳӣ ва […]