Рубрика: Ҷумлаҳои ҳикматомез

Муҳаммад (с) аз нигоҳи дигарон (1)

Ба муносибати вилодати босаодати ҳазрати Муҳаммад (с) Бахши аввал Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон, Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон. Шахсияти Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ва саллам) дар назди аҳли хирад бениёз аз ҳар гуна таърифу тамҷид аст. Зеро он қадр дар машриқу […]

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар баёни Алии Шариатӣ

Ба муносибати милоди фархундаи ҳазрати Муҳаммад (с) Ба ростӣ метавон гуфт, ки Муҳаммадро… “бояд аз нав дид”, “аз нав шинохт”. Ӯро бо нигоҳе, ки ашё ва ашхосро менигарем, набояд нигарист. Бояд аз равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва таърих, нигоҳе тоза сохт ва бар симои Муҳаммад (с) афканд. Ӯро бояд дар […]

Ҳоким ва фармонраво дар каломи Имом Алӣ

إذا فَسَدَ الزَّمانُ سادَ اللِّئامُ “Ҳар гоҳ рӯзгорон фосид шавад, фурӯмоягон ҳоким мешаванд.” آفةُ المُلوكِ سُوءُ السِّيرَةِ، آفةُ الوُزَراءِ خُبثُ السَّريرَةِ  “Офати ҳокимон бадрафторӣ, ва офати вазирон бадсиголӣ аст.” حَقٌّ علَى المَلِكِ أن يَسوسَ نفسَهُ قَبلَ جُندِهِ “Бар ҳоким воҷиб аст, ки пеш аз сипоҳиёнаш, ба сиёсат ва […]

Ба баҳонаи зодрӯзи Барзу Абдураззоқов

Имрӯз (19 сентябр) зодрӯзи коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов аст, ӯ пой ба 58-солагии худ гузоштааст. Хабаргузории Asia-Plus ду сол пеш (2015) ба ҳамин муносибат, ҷумлаҳое аз ин ҳунарманди тоҷикро, ки дар мусоҳибаҳои мухталифи худ иброз доштааст баргузида ва мунташир карда буд (ба русӣ), мо онҳоро ба тоҷикӣ тарҷума […]

Умар Мухтор

Ба баҳонаи солгарди шаҳодати Умар Мухтор 16 сентябри соли 1931 солрӯзи шаҳодати Умар Мухтор маъруф ба “Шери саҳро” аст. Касе, ки беш аз 20 сол раҳбари ҷунбиши муқовимати мардуми Либӣ алайҳи ишғолгарони итолиёӣ буд. Умар ибни Мухтор ал-Ҳилолӣ маъруф ба Умар Мухтор, дар 20 августи соли 1862 дар […]

Насиҳатҳо ва тавсияҳои шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд

Ба баҳонаи солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, ин фарзанди диловари тоҷик, на танҳо қаҳрамони майдони набард ва як озодихоҳ ба шумор меравад, балки ӯ як ҳаким ба тамоми маънои калима буд. Аз ин диловар суханони зиёде нақл шудааст, ки дар ин навиштор танҳо баъзе аз онҳоро […]

Биё аз нав ба худ оем

Домулло Абдуррашиди Фозил, шоир ва орифи тоҷик, дар шеъре таҳти унвони “Биё аз нав ба худ оем”, парокандагии уммати исломӣ ва зулму ситамҳое, ки ин рӯзҳо бар сари ӯ фуруд меояд, ба тасвир кашида. Ӯ менависад: Дар Бирма мусулмонкушӣ мекунанд чунон ки мусулмонон ва мардуби бечораро дар Ироқу […]

Зебоӣ

Гуфторе фалсафӣ аз устод Иброҳимии Динонӣ Мо маъмулан зебоиҳоро дар сурат мебинем. Он чи, ки мебинем ва он чи мешунавем ва он чи, ки мебӯем ва ламс мекунем, маҳсус ҳастанд ва ба олами ҳисс таъаллуқ доранд. Ҳоло, оё зебоии маънавӣ ҳам дорем ё хайр? Яъне, чизе, ки бо […]

Шонздаҳ сифати мӯъмин

Имом Алӣ (алайҳис салом) дар сифати мӯъмин гӯяд: الْمُؤْمِنُ بِشْرُهُ فِی وَجْهِهِ وَحُزْنُهُ فِی قَلْبِهِ أَوْسَعُ شَیْ‏ءٍ صَدْراً وَأَذَلُّ شَیْ‏ءٍ نَفْساً یَکْرَهُ الرِّفْعَهَ وَیَشْنَأُ السُّمْعَهَ طَوِیلٌ غَمُّهُ بَعِیدٌ هَمُّهُ کَثِیرٌ صَمْتُهُ مَشْغُولٌ وَقْتُهُ شَکُورٌ صَبُورٌ مَغْمُورٌ بِفِکْرَتِهِ ضَنِینٌ بِخَلَّتِهِ سَهْلُ الْخَلِیقَهِ لَیِّنُ الْعَرِیکَهِ نَفْسُهُ أَصْلَبُ مِنَ الصَّلْدِ وَهُوَ […]

«Лутфан, зулмро одилона тақсим бикунед!»

Камол Қурбон Куҷое хонда будам, ки соли ҳазору ҳаштсаду наваду чанд дар яке аз штатҳои ИМА ду худрав ба ҳам бархӯрданд, дар ҳоле ки он замон дар он штат, ба ҷуз он ду, автомобили дигаре вуҷуд надошт. Ҳоли имрӯзи миллати мусалмон ва вазъи кунунии тоҷикон ба ин рухдод […]