Рубрика: Ҷумлаҳои ҳикматомез

Дурӯғӯён

Ба қалами Луқмон Бойматов Эътироз Одамон худ дурӯғро офариданд. Аз ғояти кибр, Худояшонро мутаҳҳам карда ва бо шиква ҳам мегуфтанд: — Эй, кош Худованд дурӯғро намеофарид! Фариштае фармуд: — Дурӯғгӯён ҳаргиз мӯътабар нахоҳанд шуд, зеро ки дурӯғ бачаи ҳаромзодаи ахлоқ аст. Нопокон бо дурӯғҳояшон дунёи ҳақиқиро ҳам шабеҳи […]

Мурдапарварони зиндакушем!

Пандҳое аз забони Устод Луқмон Бойматов — Орзуҳои даврони туфулият мондагортарин хотирот барои дафтари даврони пирианд. * * * — Дарси ибрат аз хатоҳои мурдагони дирӯз беҳтар аз дурӯғҳои ростнамои зиндагони имрӯз аст. * * * — Агар сухани носазо гуфта шавад, набояд интизори ҳарфи сазо буд. * […]

Воқеиятҳои зиндагии мо дар ойинаи ҳаёти ҳайвонот

Баёни воқеиятҳои зиндагии инсонҳо гоҳе ба воситаи забон адо мешавад, гоҳе тавассути қалам яъне навиштан, гоҳе ҳам дар қолаби як филм ва гоҳе низ метавон онро дар ойинаи ҳайвонот дид. Нависандагоне дорем, ки воқеиятҳои талху ширини зиндагии инсонҳоро дар қолаби ҳикоёте тамсилӣ, ки қаҳрамонҳои он иборат аз ҳайвонотанд […]

Аз мухолифони худ интиқом намегирифт; 30 вежагии Черчил

1) Вақте масоил бар хилофи майли ӯ буд, мегуфт: замони ёдгирӣ ва тағйир аст; 2) Аз чолишҳои зиндагӣ наметарсид; 3) Мӯътақид буд, барои пирӯзӣ дар ҳар амре, бояд шарик дошт; 4) Дар ҷанги ҷаҳонии дуввум, борҳо аз фарози осмони Олмон парвоз кард; 5) Суханрониҳои ӯ, як маҷмӯаи 18-ҷилдӣ […]

Чоплусӣ хӯроки аблаҳон аст

“Чоплусӣ фарҳанг ва ё табиати хосси мардумони як маҳал нест, балки он тирагии қалб ва чеҳраи дигари дурӯғгӯён аст. Чоплусон ҳаромхӯрони аблаҳанд, ки ҳаромашонро ҳалол мепиндоранд.” Устод Луқмон Бойматов

Гуфторе аз Ҳаким Илоҳии Қумшаӣ дар бораи Саъдӣ

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Саъдӣ Саъдӣ аз шоирони маҳбуби ҷаҳон аст ва тарҷумаҳои мутаъадид аз “Гулистон” ва “Бӯстон”-и ӯ аз замони рунесонс ба баъд ба забонҳои мухталифи урупоӣ ва осиёӣ арза шуда ва низ ғазалиёт ва қасоиди ӯ ба маҳофили адаби Мағрибу Машриқ роҳ ёфтааст. Вақте аввалин бор […]

Муҳаммад (с) аз нигоҳи дигарон (2)

Ба муносибати вилодати босаодати ҳазрати Муҳаммад (с) Бахши дуввум Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон, Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон. Ҳумои саодат Ҷорҷ Бернард Шоу (George Bernard Shaw, 1856–1905), драманависи ирландӣ, ки аз машҳуртарин чеҳраҳои адабиёти муосир ва ҳамтои Шекспир дар намоишноманависӣ ва устоди танз дар забони инглисӣ […]

Муҳаммад (с) аз нигоҳи дигарон (1)

Ба муносибати вилодати босаодати ҳазрати Муҳаммад (с) Бахши аввал Хуштар он бошад, ки сирри дилбарон, Гуфта ояд дар ҳадиси дигарон. Шахсияти Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ ва саллам) дар назди аҳли хирад бениёз аз ҳар гуна таърифу тамҷид аст. Зеро он қадр дар машриқу […]

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар баёни Алии Шариатӣ

Ба муносибати милоди фархундаи ҳазрати Муҳаммад (с) Ба ростӣ метавон гуфт, ки Муҳаммадро… “бояд аз нав дид”, “аз нав шинохт”. Ӯро бо нигоҳе, ки ашё ва ашхосро менигарем, набояд нигарист. Бояд аз равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва таърих, нигоҳе тоза сохт ва бар симои Муҳаммад (с) афканд. Ӯро бояд дар […]

Ҳоким ва фармонраво дар каломи Имом Алӣ

إذا فَسَدَ الزَّمانُ سادَ اللِّئامُ “Ҳар гоҳ рӯзгорон фосид шавад, фурӯмоягон ҳоким мешаванд.” آفةُ المُلوكِ سُوءُ السِّيرَةِ، آفةُ الوُزَراءِ خُبثُ السَّريرَةِ  “Офати ҳокимон бадрафторӣ, ва офати вазирон бадсиголӣ аст.” حَقٌّ علَى المَلِكِ أن يَسوسَ نفسَهُ قَبلَ جُندِهِ “Бар ҳоким воҷиб аст, ки пеш аз сипоҳиёнаш, ба сиёсат ва […]

Ба баҳонаи зодрӯзи Барзу Абдураззоқов

Имрӯз (19 сентябр) зодрӯзи коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов аст, ӯ пой ба 58-солагии худ гузоштааст. Хабаргузории Asia-Plus ду сол пеш (2015) ба ҳамин муносибат, ҷумлаҳое аз ин ҳунарманди тоҷикро, ки дар мусоҳибаҳои мухталифи худ иброз доштааст баргузида ва мунташир карда буд (ба русӣ), мо онҳоро ба тоҷикӣ тарҷума […]