Рубрика: Ҷумлаҳои ҳикматомез

Ба баҳонаи зодрӯзи Барзу Абдураззоқов

Имрӯз (19 сентябр) зодрӯзи коргардони тоҷик Барзу Абдураззоқов аст, ӯ пой ба 58-солагии худ гузоштааст. Хабаргузории Asia-Plus ду сол пеш (2015) ба ҳамин муносибат, ҷумлаҳое аз ин ҳунарманди тоҷикро, ки дар мусоҳибаҳои мухталифи худ иброз доштааст баргузида ва мунташир карда буд (ба русӣ), мо онҳоро ба тоҷикӣ тарҷума […]

Умар Мухтор

Ба баҳонаи солгарди шаҳодати Умар Мухтор 16 сентябри соли 1931 солрӯзи шаҳодати Умар Мухтор маъруф ба “Шери саҳро” аст. Касе, ки беш аз 20 сол раҳбари ҷунбиши муқовимати мардуми Либӣ алайҳи ишғолгарони итолиёӣ буд. Умар ибни Мухтор ал-Ҳилолӣ маъруф ба Умар Мухтор, дар 20 августи соли 1862 дар […]

Насиҳатҳо ва тавсияҳои шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд

Ба баҳонаи солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд Шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд, ин фарзанди диловари тоҷик, на танҳо қаҳрамони майдони набард ва як озодихоҳ ба шумор меравад, балки ӯ як ҳаким ба тамоми маънои калима буд. Аз ин диловар суханони зиёде нақл шудааст, ки дар ин навиштор танҳо баъзе аз онҳоро […]

Биё аз нав ба худ оем

Домулло Абдуррашиди Фозил, шоир ва орифи тоҷик, дар шеъре таҳти унвони “Биё аз нав ба худ оем”, парокандагии уммати исломӣ ва зулму ситамҳое, ки ин рӯзҳо бар сари ӯ фуруд меояд, ба тасвир кашида. Ӯ менависад: Дар Бирма мусулмонкушӣ мекунанд чунон ки мусулмонон ва мардуби бечораро дар Ироқу […]

Зебоӣ

Гуфторе фалсафӣ аз устод Иброҳимии Динонӣ Мо маъмулан зебоиҳоро дар сурат мебинем. Он чи, ки мебинем ва он чи мешунавем ва он чи, ки мебӯем ва ламс мекунем, маҳсус ҳастанд ва ба олами ҳисс таъаллуқ доранд. Ҳоло, оё зебоии маънавӣ ҳам дорем ё хайр? Яъне, чизе, ки бо […]

Шонздаҳ сифати мӯъмин

Имом Алӣ (алайҳис салом) дар сифати мӯъмин гӯяд: الْمُؤْمِنُ بِشْرُهُ فِی وَجْهِهِ وَحُزْنُهُ فِی قَلْبِهِ أَوْسَعُ شَیْ‏ءٍ صَدْراً وَأَذَلُّ شَیْ‏ءٍ نَفْساً یَکْرَهُ الرِّفْعَهَ وَیَشْنَأُ السُّمْعَهَ طَوِیلٌ غَمُّهُ بَعِیدٌ هَمُّهُ کَثِیرٌ صَمْتُهُ مَشْغُولٌ وَقْتُهُ شَکُورٌ صَبُورٌ مَغْمُورٌ بِفِکْرَتِهِ ضَنِینٌ بِخَلَّتِهِ سَهْلُ الْخَلِیقَهِ لَیِّنُ الْعَرِیکَهِ نَفْسُهُ أَصْلَبُ مِنَ الصَّلْدِ وَهُوَ […]

«Лутфан, зулмро одилона тақсим бикунед!»

Камол Қурбон Куҷое хонда будам, ки соли ҳазору ҳаштсаду наваду чанд дар яке аз штатҳои ИМА ду худрав ба ҳам бархӯрданд, дар ҳоле ки он замон дар он штат, ба ҷуз он ду, автомобили дигаре вуҷуд надошт. Ҳоли имрӯзи миллати мусалмон ва вазъи кунунии тоҷикон ба ин рухдод […]

Подшоҳе, к-ӯ раво дорад ситам бар зердаст

(Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ) Яке аз мулуки Аҷамро ҳикоят кунанд, ки дасти татовул (дастдарозӣ) ба моли раият дароз карда буд ва ҷавру азият карда, то ба ҷое, ки халқ аз макоиди (макрҳои) феълаш ба ҷаҳон бирафтанд ва аз курбати (мусибати) ҷавраш роҳи ғурбат гирифтанд. Чун раъият кам шуд, […]

Мо инҷо мондагорем…

Низор Қаббонӣ, шоири номдори араб, дар ситоиши муқовимати Фаластин ва маҳрумиятҳои мардуми дардманди он диёри муқаддас шеърҳои дурахшоне сурудааст. “Симфунии панҷуми ҷануб” ва “Кӯдакони санг” аз машҳуртарин ашъори ӯст. Дар зайл як намуна аз ашъори ӯ оварда мешавад. Ин шеъри ба истилоҳ нав, ба арабист, вале тарҷумаи форсиаш […]

Хушомадгӯӣ

Маҳмудхон Бурҳонов Ҳамеша дар ҳар давру замон як идда аз мардум будаанд, ки шуғлашон хушомадгӯӣ будааст; хушомадгӯӣ ба даргоҳи қудрат. Фарқе намекунад чӣ касе сари қудрат бошад, шахси одил ё золим, худӣ ё бегона, диндор ё бедин… аслан муҳим нест. Муҳим барои хушомадгӯён мақому мансаби он шахс аст, […]

Се ҳикояти дарсомӯз

“Ҷавоби аблаҳон хомӯшист” Нақл аст, ки Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино вақте аз сафараш ба ҷойе расид, аспро бар дарахте баст ва коҳ пеши ӯ рехт ва суфра пеши худ ниҳод, то чизе бихӯрад. Рустоӣ савор бар улоғ он ҷо расид, аз хараш фуруд омад ва хари худро дар […]