Рубрика: Ҷумлаҳои ҳикматомез

Суханони бузургон дар бораи Модар

«Биҳишт зери пойи модарон аст.» (Паёмбари Акрам (с)) * * * «Ҳар фарзанди некӯкоре, ки аз рӯйи шафқат ба падару модар бингарад, барои ҳар нигоҳе савоби як ҳаҷҷи мақбул ба ӯ диҳанд.» (Паёмбари Акрам (с)) * * * «Модар, бо дасте гаҳвора ва бо дасте дигар оламро такон […]

Чанд гуфтор аз Арасту

«Ишқ инсонро аз дидани айбҳо манъ мекунад.» (Сухане воқеан баҷост, мехоҳад бигӯяд, вақте ту ба чизе алоқаи зиёде дорӣ, ҳамин алоқаи ту, монеъ мешавад аз дидани айбҳо ва костиҳои фард ва ё он чизе, ки ту ба он алоқаманд ҳастӣ. Яъне, ин алоқмандӣ ва ишқи ту, ба навъе […]

Чанд панд ва муноҷот аз Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ

Дар аҷабам аз касе ки кӯҳро мешикофад, то ба маъдани ҷавоҳир бирасад, вале хешро намековад, то ба даруни худ роҳ ёбад. * * * Илоҳӣ! Ҳар кӣ туро шинохт ва илми меҳри ту афрохт, ҳар чӣ ғайр аз ту буд биандохт… Он кас ки туро шинохт, ҷонро чӣ […]

Фалсафа имрӯз дигар маҳбуб нест

Гуфторе аз Вил Дурон (Вилям Дюран) дар дебочаи китоби “Лаззоти фалсафа” * * * Чаро ин рӯзҳо фалсафа дигар маҳбуб нест? Чаро фарзандони ӯ, яъне улум, дороии ӯро миёни худ тақсим кардаанд ва худи ӯро бо носипосию хушунате ҷонфарсотар аз бодҳои сахти зимистонӣ аз дар берун рондаанд, ҳамчунон […]

Суханон ва ҳикоятҳои кӯтоҳи ахлоқӣ ва тарбиятӣ

Ғафлат Ба орифе гуфтанд: эй шайх! Дилҳои мо хуфтааст, ки сухани ту дар он асар намекунад, чӣ кунем? Гуфт: кош хуфта будӣ, ки ҳар гоҳ хуфтаро биҷунбонӣ, бедор мешавад; ҳол он ки дилҳои шумо мурдааст, ки ҳарчанд биҷунбонӣ, бедор намешавад. * * * Бухл Бахиле суфориши сохти кӯза […]

Чӣ гуна метавон дунёро тағйир дод?

Ҳар ҷо, ки панду андарзу насиҳат матраҳ аст, талошҳо ғолибан барои эҷоди тағйир дар дигарон анҷом мешавад. Ҳама мехоҳанд, дигарон тағйир кунанд. Шавҳар барои тағйири фикру амали ҳамсараш талош мекунад ва зан низ барои мутаҳаввил сохтани шавҳари худ талош мекунад ва ин ду барои тарбият ва тазкияи фарзандон… […]

Ҳикоятҳои кӯтоҳи ахлоқӣ

Муроқиби сухани мардум будан Яке аз уламоро пурсиданд, ки яке бо моҳрӯйе дар хилват нишаста ва дарҳо баста ва нафс толиб ва шаҳват ғолиб, ҳеч бошад, ки ба қуввати парҳезкорӣ аз ӯ ба саломат бимонад? Гуфт: агар аз маҳрӯён ба саломат бимонад, аз бадгӯён намонад. Паёми ҳикоят: Шояд […]

Бимон, то коре кунӣ, коре накун (то) бимонӣ…

Ҷумалоти ҳикматомез аз дуктур Алии Шариатӣ 1. Худо дӯстдори ошност; орифи ошиқ мехоҳад, на муштарии биҳишт… 2. Инсон, ба мизони бархӯрдориҳое, ки дар зиндагӣ дорад, инсон нест, балки дуруст ба андозаи ниёзҳое, ки дар хеш эҳсос мекунад инсон аст… 3. Ҳар касе на танҳо ба мизони маълумоте, ки […]

Чанд гуфтор аз Ибни Сино

Абӯалӣ ибни Сино (980 — 1037), донишманд, файласуф ва пизишки маъруфи Эронзамин аст. Аз ӯ гуфторҳо ва суханоне пурҳикмат ва нағз нақл шуда, ки порае аз онҳоро мурур мекунем: 1. “Шарри биззот (зотӣ) ҳамон адам аст, аммо на ҳар адаме, балки адами камолоте, ки муқтазои навъ ва табиати […]

Посухи шабаҳ

(Гузидаҳое чанд аз китоби «Фиребхӯрдагонем»-и Устод Луқмон Бойматов) Меъморони бахт Аҷаб! Боз ҳам фарзандонро бо ояндаи хубу дурахшон фиребашон медиҳем. Ин усули ҷадиде нест, балки кӯҳна аст, мисли таърих ин ҳам роҳи падарон аст, ки онро тардшуда медонем, вале боз ҳам бар ҳамин роҳ меравем. Чун ки падарони […]

Марг дар сояи иззат аз зиндагии бо зиллат беҳтар бувад

(Ҷумалоте аз китоби «Озодии гумшуда»-и Луқмон Бойматов) * * * Илмро бояд таълим дод, ки вагарна ҷоҳил қотили оқил мешавад. * * * Ҳеч замоне дар дунё илму маърифат ба андозаи имрӯз асиру бандаи қудрат набудааст. * * * Равшанфикрон ва андешварон низ аз мардуми оддӣ нофаҳмтар шудаанд. […]