Рубрика: Ҷумлаҳои ҳикматомез

Меҳри меҳан

(Гузидаҳое аз суханони ҳикматомези устод Луқмон Бойматов дар бораи меҳан ва меҳандӯстӣ) Дар сарзамине, ки фазлу дониш хор мешавад, аҳмақон фармонравоӣ мекунанд. Дар диёре, ки фозилонаш зори нонанд, аблаҳон тоҷирони навомиси миллат мешаванд. Дар давлате, ки равшанфикронаш сокитанд, мардумонаш санги миннати бегонагонро бар сина мезананд. * * * […]

Тариқи ишқ

(Гузидаҳое аз аз маҷмӯъаи «Фурӯғи ишқ»-и Устод Луқмон Бойматов) Занҷири поҳои зиндагӣ Яке мегуфт: Зиёд дидаем, ки ростиро бар фиреб коргар набуд ва фиребро завол нест. Дигаре мегуфт: Бо ҳар фиреб, фиреби дигаре аст. Ҳар дуро шунидаму худ ба худ андешидам: Пас тавони ростӣ куҷост? Магар фиреб силсилаи […]

Мо, шӯрбахтона, бо ҳам дӯст нашудем, вале шарики дар мусибат гардидем!

Ёддошти Алӣ Мастов “Таҳаммул як хиёбони дутарафае аст, ки дар он бартарие барои ҳеҷ кадом аз тарафҳо вуҷуд надорад, аммо барои дарки мутақобил роҳ боз аст”. (Кантор) Шояд миллате пора-пора ва пароканда ба андозаи миллати мо пайдо нашавад. “Вижагии мунҳасир ба фард”-и мо ин аст, ки бо ин […]

Андарзе ба «Пешвои миллат»

Зебо Назарова Аз дасти тақдир наметавон гурехт ва лоҷарам бояд кирдорҳои худро посух гуфт. Агар кирдори хубе доштем, посухи муносиби онро дархоҳем ёфт. Аммо агар кирдори носолиму золимонае доштем, агар бар касе зулме раво дидем ва ё ҳаққи касеро баноҳақ хӯрдаем, набояд хотирҷамъ сар бар болинӣ осудагӣ бигзорем, […]

Миҳанат рӯзгоре ибодатгоҳи Хирад буд…

Суханоне нағз аз Устод Луқмон Бойматов дар бораи миҳан Манам, ки миҳан дорам ва миҳанам ин ҷост, ки хуни нофам ба хоки он аҷин аст. Миҳанам ҳамин ҷост, ки меҳреро дар сириштам дода, ки бо шир даромада ва бо ҷонам берун хоҳад рафт! Миҳанам ин ҷост, ки дил […]

Ҳикматҳое аз Устод Луқмон Бойматов

(Аз маҷмӯаи «Посухи шабаҳ») Ҳамаи қалбҳо ниёзманди навозишанд. Муроқиби муҳаббат бояд шуд, ки он файз ва фазилати осмонист. * * * Ҳамаи мавонеъ ва ранҷҳои зиндагӣ низ бистари такомули инсонанд. * * * Ранҷҳо модарони шодиҳоянд. * * * Маънии зиндагӣ — ёфтан ва сохтани хеш аст. * […]

Суханони нағзи фалсафӣ аз Устод Луқмон Бойматов

(Аз маҷмӯъаи «Фурӯғи ишқ») Ҳама офоте, ки ба дасти башар эҷод мешавад, аз иштибоҳи ақл аст, ки он аз роҳи васваса инсонро ба арсаи хатар мебарад. *** Гунбади сад шаҳр баробари як косаи сар нест. *** Решаи золим бо зулм дар замин ҷой гирифта, ҳаргиз эҷоди ҳаққ намекунад […]

Кишвареро нишонам бидиҳед…

Дар сафҳаи Додоҷон Атовуллоев бо шеъре аз ҳунарманд, бозигари синамо, мусиқидон ва шоири русӣ Игор Талков рӯ ба рӯ шудам, ки ба сабки шеъри нав суруда ва воқеан баланд ва пурмазмун аст, ва маълум аст, ин ҳунарманд бо як сӯз онро суруда ва зоҳиран дар даврони Шӯравӣ эҷод […]

“Золим аз мазлум бошад, шиква чист”

Зарбулмасал мегӯяд: “Золим аз мазлум бошад, шиква чист”. Яъне, агар золим ва ситамгаре ҳаст, аз сустии худамон аст. Аз сустии одамизод гурги одамхӯр пайдо мешавад. Кӯтоҳӣ ва мудорои беш аз ҳадди худи одамӣ аст, ки оташи тамаъ ва бадиро дар касе шӯълавар мекунад. Ба ба қавли Саъдӣ, “Хубӣ, […]

В-он ки хобаш беҳтар аз бедорияст

Ҳикояте аз Гулистони Саъдӣ Яке аз мулуки беинсоф порсоеро пурсид: — Аз ибодатҳо кадом фозилтар аст? Гуфт: — Туро хоби нимрӯз, то дар он як нафас халқро наёзорӣ. * * * Золимеро хуфта дидам ними рӯз, Гуфтам, ин фитна-ст хобаш бурда беҳ. В-он ки хобаш беҳтар аз бедорияст, […]

Панде аз Саъдӣ барои ҳокимони худкома

Эй кош рӯи мизи кории ҳокимон ва ба хусус ҳокимони худкома ва диктотур китоби “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ бошад ва ҳар рӯз як ҳикоят ва ё як панд аз он бихонанд! Инро метавонам бо камоли итминон бигӯям, ки агар Қаззофӣ ва ё Муборак ё Бен Алӣ ҳикоёт ва […]