Чӣ қадр ба омӯзаҳои тасаввуф ва ирфон ниёзмандем!

Шояд садҳо сол ё бештар аз он аст, ки тасвире, ки аз тасаввуф ва сӯфиҳо дар зеҳни бештари мардумони мо нақш бастааст, як тасвири манфӣ аз ин ҷараён аст. Албатта шаклгирии ин тасвири манфӣ ва салбӣ аз тасаввуф дар зеҳни мардум бармегардад ба рафтор ва кирдори сӯфинамоҳо (на […]

Як достони хиёлӣ, аммо омӯзанда

Дар асри яхбандон бисёре аз ҳайвонҳо ях заданд ва мурданд. Хорпуштҳо вахомати авзоъро дарёфтанд, бинобар ин, тасмим гирифтанд даври ҳам ҷамъ шаванд ва бад-ин тартиб ҳамдигарро ҳифз кунанд, вале хорҳояшон — вақте дар канори ҳам бошанд – якдигарро захмӣ мекард. Аз ин рӯ, маҷбур буданд аз ин ду […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 3

Куллӣ ва ҷузъӣ Чакидаи баҳс Ҷузъӣ ба мафҳуме гуфта мешавад, ки дар берун фақат бар як фард сидқ мекунад ва сидқи он бар беш аз як фард маҳол аст, монанди мафҳуми “ҳазрати Муҳаммад (с)” ва “шаҳри Душанбе”. Куллӣ он мафҳуме аст, ки сидқаш бар беш аз як маврид […]

Ман ба таклифам амал мекунам

Занбӯри асале дар атрофи оташи барафрӯхтаи намрудиён барои Иброҳим (а) парвоз мекард. Ҳазрати Иброҳим (а) аз ӯ пурсид: занбӯр! Дар атрофи оташ чӣ мекунӣ? Оё наметарсӣ, ки сӯхта шавӣ?! Занбӯр гуфт: эй Иброҳим! Омадаам, то оташро хомӯш кунам! Иброҳим (а) бо ханда гуфт: ту магар намедонӣ, ки оби […]

“Фаҳмондадиҳӣ”

Бадтарин шакли идораи як кишвар он аст, ки бар асоси майлу рағбати шахсии ҳокими он кишвар идора бишавад ва мантиқ ва қонун ва раъйи мардум дар он, аз ҳеч ҷойгоҳ ва эътиборе бархӯрдор набошанд, ва бадтар аз он албатта, қавонин ва муқарроти он кишвар ҳам бар пояи амёли […]

Таламуш

Муше дар хона таламуше (мушқаппаке) дид, ба мурғ ва гӯсфанд ва гов хабар дод, ҳама гуфтанд, таламуш мушкили туст ва ба мо рабте надорад. Море дар тала уфтод ва зани хонаро газид, аз мурғ барояш шурбо дуруст карданд, гӯсфандро барои иёдаткунандагон сар буриданд, говро барои маросими тарҳим куштанд […]

Рисолати ту гуфтани сухани ҳақ аст

Ду хислати бисёр бад ва зишт ҳаст, ки агар домани як мулло ва як руҳонӣ ба он олуда бошад, кофир буданаш беҳтар буд, то мулло буданаш: яке, ғафлат ва хоб будан, ва дигаре офиятталабӣ. Дар бораи ғафлат ва ба хоб будани руҳонӣ ва мулло дар навишторе дигар хоҳам […]

Паёми таслият ба муносибати даргузашти модари Шӯҳрат Қудратов

Аз шунидани хабари фавти модари гиромии бародари азизамон Шӯҳрат Қудратов бисёр андӯҳгин шудам. Бе тардид, дар фавти ин бонуи арҷманд ғамҳо ва ранҷҳое, ки ба сабаби зиндонӣ будани ҷигаргӯшаш гиребонгири ӯ шуданд, бе таъсир нест; зеро барои ҳар модаре ёфтани фарзанди худ дар сиёҳчол сахт аст. Модар, дар […]

Ба ҷои тавҷеҳкорӣ, биёем динамонро дуруст кунем

Дидаед, ҳар вақт як ғалат ва як иштибоҳ ва як кори нописанд аз яке аз мо мусалмонон сар бизанад, зуд тавҷеҳаш мекунем ва мегӯем: “Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост…” Бо ин ки ин ҳарф ҳарфи дурусте аст, вале ба ҷои ин тавҷеҳкорӣ оё шоиста ва беҳтар […]

Аз ниёишҳои дуктур Алии Шариатӣ

Худоё! Раҳмате кун, то имон нону ном бароям наёварад, қувватам бахш, то нонамро ва ҳатто номамро дар хатари имонам афканам, то аз онҳое бошам, ки пули дунёро мегиранд ва барои дин кор мекунанд, на аз онон, ки пули динро мегиранд ва барои дунё кор мекунанд! * * * […]