Бо Худо буданро бичаш

Хушбӯии гул барои як нафар инсон, то замоне ки онро набӯяд, маълум нест. Шумо агар соатҳое тӯлонӣ ба ӯ аз бӯи гул бигӯед ва васфаш кунед, матлаб ба ӯ намерасад. Ва на танҳо гул, ки бисёр чизҳо дар ин ҷаҳон чунинанд. Яъне, беш аз ин ки тавсифшуданӣ бошанд, […]

Шарҳи Маснавӣ (3)

Ҳар касе аз занни худ шуд ёри ман, Аз даруни ман наҷуст асрори ман. Маъно: Ҳар кас аз рӯйи гумони худ бо ман ёру ҳамроҳ шуд, вале ҳеч кас аз асрори даруни ман воқиф нашуд. Шарҳ: Бархе аз маснавишиносон байти дуввумро инчунин ҳам донистаанд: “В-аз даруни ман наҷаст […]

Табрик ба муносибати соли нав

Дар миёни порсиён одат бар ин будааст, ки ҳамроҳ бо табрику таҳниати соли нав, даст ба даргоҳи Худо бардоранд ва дуо бихонанд ва аз Ӯ, дигаргун кардани ҳол ба беҳтарин ҳолро дар соли нав дархост бикунанд, ки: Эй дигаргунгари дилҳову дидаҳо! Эй гардонандаи чархи рӯзону шабон! Эй беҳбудбахши […]

Шарҳи Маснавӣ (2)

К-аз найистон то маро бубридаанд, Дар нафирам марду зан нолидаанд. Маъно: Аз ҳамон рӯзе ки маро аз асл ва хостгоҳам (найистон) ҷудо кардаанд, марду зан дар нолаҳои ман нолаҳои чонгудози худро сар додаанд. Яъне ҳамроҳи ман аз дарду фироқ нолидаанд. Шарҳ: Манзури байт ин аст, ки аз вақте […]

Фалсафаи Наврӯз

Сухани тоза аз Наврӯз гуфтан душвор аст. Наврӯз як ҷашни миллист. Ҷашни миллиро ҳама мешиносанд, ки чист. Наврӯз ҳарсола барпо мешавад ва ҳарсола аз он сухан меравад. Бисёр гуфтаанд ва бисёр шунидаед. Пас, ба такрор ниёзе нест? Чаро, ҳаст. Магар Наврӯзро худ такрор намекунед? Пас, сухан аз Наврӯзро […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 6

Таъриф Агар ёди хонанда бошад, дар дарси аввал гуфта будем, ки мазвӯи илми мантиқ иборат аст аз “муарриф” ва “ҳуҷҷат”. Яъне масъалаҳои мантиқ ё дар бораи муаррифҳо (яъне таърифкунандаҳо, ки дар воқеъ дар бораи чӣ гуна таъриф кардани ашё) аст ё дар бораи ҳуҷҷат (яъне чӣ гуна истидлол […]

Шарҳи Маснавӣ (1)

Тасмим гирифтам, ҳар рӯз сари фурсат аз Маснавӣ биёварам ва ба шарҳ ва тавзеҳи ашъори Мавлоно ба андозаи дониши андакам ва бо истифода аз шарҳҳои маъруфи Маснавӣ мисли “Шарҳи ҷомеи Маснавӣ” ба қалами Устод Карими Замонӣ ва низ дигар шарҳҳо бипардозам. Саъй мекунам, бо забони равон шарҳашон бикунам. […]

Гуфтори набавӣ

Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Се чиз ҳаст, ки ҳар кас дошта бошад имонаш комил аст: Марде, ки дар роҳи Худо аз сарзаниши ҳеҷ накӯҳишгаре наҳаросад; Дар ҳеҷ кори худ риё ва худнамоӣ накунад; Ҳар гоҳ ду чиз бар ӯ арза шавад, ки яке дунёӣ аст ва дигар охиратӣ, […]

Поскол ва масъалаи пойбандӣ ба шариат

Дар робита бо масъалаи имон ба Худо ва пойбандӣ ба шариати Ӯ, дидгоҳи бархе аз донишмандон ва фалосифаи барҷастаи дунё ҷолиби таваҷҷӯҳ аст. Даъби фалосифа ғолибан чунин будааст, ки дар ибтидои кор ба наққодии далелҳо ва бурҳонҳои исботкунандаи вуҷуди Худо ва охират ва нубувват мепардохтанд ва сипас худашон […]

Бетарафҳо

“Дар ҷаҳоне, ки бетарафҳо суқут мекунанд, дуруст нест, ки ҳеч шахсият ва раҳбаре, чӣ раҳбари динӣ бошад ё сиёсӣ, чӣ фарҳангӣ бошад ё иҷтимоӣ бе тараф ва бе тафовут бимонад… Зеро дунё, чӣ хуб бошад ё бад, дунёи мавзеъ ва мавқеъ аст. Аммо касоне ки дорои мавзеъ ва […]

Вақте нухбаҳо таслими “воқеият” мешаванд

Ҳар ҷомеае иборат аст аз аксарияти тӯда ва ақаллияти нухбаҳо. Ғолибан чунин будааст, ки тӯдаҳо зуд таслими “воқеиятҳо” (ҳар воқеияте, чӣ бад бошад ва чӣ хуб) бишаванд. Аз ҳамин ҷост, ки ҳукком — вақте бихоҳанд, як “воқеият”-ро бар мардум ва ҷомеа таҳмил бикунанд – ҳаргиз аз ноҳияи тӯдаҳо […]