Ин обирӯй ва эътибор ба дарди чӣ мехӯрад?

Дар баробари давом ёфтани зулм ва бақои як золим ва ситамгар, ғолибан одамонро ба се даста тақсим мекунанд ва мегӯянд: Як даста ёварони он золим ва ситамгаранд, ки дар воқеъ, бозуи золим дар ситамкориҳояш дар ҷомеа, ҳаминҳоянд. Дастаи дуюм, мардумони бетафовут ҳастанд, ки асосан барояшон муҳим нест, ки […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 2

Илм ва тақсимоти он Чакидаи баҳс Таърифи илм: илм ва идрок иборат аст аз сурате, ки аз як шайъ дар зеҳн падид меояд. Тасаввур ва тасдиқ: илм, ё тасаввур аст ва ё тасдиқ, зеро илм – ки ҳамон сурате аст, ки аз як шайъ дар зеҳн падид меояд […]

Аз мавоъизи Омуси Набӣ

То ҳангоме ки заъифонро дар зери пой мекӯбед ва гандуми дастранҷашонро ба ситам меситонед, агарчӣ кохҳои мармар бино кунед, дар он кохҳо зиндагӣ натавонед кард, ва ҳарчанд токистонҳои сабзу хуррам кишт кунед, аз шароби он нахоҳед нӯшид. Ман медонам, ки гуноҳонатон чӣ қадр азим аст ва озорҳотон чӣ […]

Ҳар ду якест…

Як донишманди динӣ ва ба истилоҳ мулло, намозаш вақте намоз дониста мешавад, ки арши ситамгаронро ба ларза дароварад, вагарна намози ӯ ба дарди ҳеч чиз нахоҳад хӯрд… Вақте намозат золимро нигарон накунад, ӯро бетоб накунад ва аршашро ба ларза дарнаёварад, дар намозат шак бикун, дар қабулии намозат шак […]

Панҷ асле, ки Зартушт тавсия мекунад…

Аз Зартушт пурсиданд, чӣ тавр тавонистӣ зиндагиатро бар покӣ бино кунӣ? Чаро ин қадр оромӣ? Чӣ чизе сабаб мешавад, ки ҳеч гоҳ хаста нашавӣ? Чӣ гуна аст, ки дучори васваса намешавӣ? Гуфт: баъд аз солҳо мутолеъа ва таҷриба, зиндагии худро бар панҷ асл бино кардам: Донистам, ки ризқи […]

Чӣ касе аз диктотурӣ ранҷ мебарад?

“Онҳое, ки ҳарф барои гуфтан надоранд, истибдодро эҳсос намекунанд. Чӣ касе аз диктотурӣ ранҷ мебарад ва барои озодӣ озодона ҷон медиҳад? Он ки ҳарфе барои гуфтан дорад ва намегузоранд… Он ки дарде барои нолидан дорад ва намегузоранд… Он ки фарёде барои баркашидан дорад ва намегузоранд… Касе ки наменависад, […]

Торихсозон

Торихро фақат ду қишр аз одамон сохтаанд: яке, ҳукком, ва дигаре, ақаллияте, ки дар торих дар ибтидои корашон ҳамеша аз онҳо ба номи “девонаҳо” ном бурда шудааст… Ҳукком, бо сохтани коху қасрҳои худ, бо ба роҳ андохтани ҷангҳо дар тӯли торих, бо куштан ва қатлу оммҳои худ, бо […]

Рӯшанфикр кист?

“Рӯшанфикр иборат аст аз як инсони огоҳ нисбат ба ниёзи ин қарн ва ин насл ва масъул дар ироаи роҳи наҷот барои ҷомеа… ва бахшидани як ишқ ва имони муштараки ҷӯшон ба мардум дар матни сард ва мунҷамиди иҷтимои мунҳатти суннатияш… ва ҳаракат эҷод кунад ва огоҳӣ ва […]

Фарозе аз муноҷоти имоми ишқҳо Имом Ҳусайн (а)

Худои ман! Хондамат, посухам гуфтӣ. Аз ту хостам, атоям кардӣ. Ба сӯйи ту омадам, оғӯши раҳмат гушудӣ. Ба ту такя кардам, наҷотам додӣ. Ба ту паноҳ овардам, кифоятам кардӣ. Худоё! Аз хаймагоҳи раҳматат берунамон макун! Аз остони меҳрат навмедамон масоз! Орзуҳо ва интизорҳоямонро ба ҳирмон макашон! Аз даргоҳи […]

Гар бувад умр, ба майхона расам бори дигар

Гар бувад умр, ба майхона расам бори дигар, Ба ҷуз аз хидмати риндон накунам кори дигар. Хуррам он рӯз, ки бо дидаи гирён биравам. То занам об дари майкада як бори дигар, Маърифат нест дар ин қавм, Худоё, сабабе, То барам гавҳари худро ба харидори дигар. Ёр агар […]

Уламои исломӣ бояд бо забони мардум ошно бошанд

Яке аз мусибатҳои ҷаҳони Ислом ин аст, ки муаррифони дин барои мардум, одамоне шудаанд, ки худашон бо маорифи динӣ ошно нестанд. Албатта, ҳамвора ва дар тӯли торих ҳам чунин будааст, ки мусалмонон дини худро аз мубаллиғони динӣ бигиранд, на аз уламо. Порае аз тақсир ва кӯтоҳӣ дар ин […]