Таламуш

Муше дар хона таламуше (мушқаппаке) дид, ба мурғ ва гӯсфанд ва гов хабар дод, ҳама гуфтанд, таламуш мушкили туст ва ба мо рабте надорад. Море дар тала уфтод ва зани хонаро газид, аз мурғ барояш шурбо дуруст карданд, гӯсфандро барои иёдаткунандагон сар буриданд, говро барои маросими тарҳим куштанд […]

Рисолати ту гуфтани сухани ҳақ аст

Ду хислати бисёр бад ва зишт ҳаст, ки агар домани як мулло ва як руҳонӣ ба он олуда бошад, кофир буданаш беҳтар буд, то мулло буданаш: яке, ғафлат ва хоб будан, ва дигаре офиятталабӣ. Дар бораи ғафлат ва ба хоб будани руҳонӣ ва мулло дар навишторе дигар хоҳам […]

Паёми таслият ба муносибати даргузашти модари Шӯҳрат Қудратов

Аз шунидани хабари фавти модари гиромии бародари азизамон Шӯҳрат Қудратов бисёр андӯҳгин шудам. Бе тардид, дар фавти ин бонуи арҷманд ғамҳо ва ранҷҳое, ки ба сабаби зиндонӣ будани ҷигаргӯшаш гиребонгири ӯ шуданд, бе таъсир нест; зеро барои ҳар модаре ёфтани фарзанди худ дар сиёҳчол сахт аст. Модар, дар […]

Ба ҷои тавҷеҳкорӣ, биёем динамонро дуруст кунем

Дидаед, ҳар вақт як ғалат ва як иштибоҳ ва як кори нописанд аз яке аз мо мусалмонон сар бизанад, зуд тавҷеҳаш мекунем ва мегӯем: “Ҳар айб, ки ҳаст, дар мусалмонии мост…” Бо ин ки ин ҳарф ҳарфи дурусте аст, вале ба ҷои ин тавҷеҳкорӣ оё шоиста ва беҳтар […]

Аз ниёишҳои дуктур Алии Шариатӣ

Худоё! Раҳмате кун, то имон нону ном бароям наёварад, қувватам бахш, то нонамро ва ҳатто номамро дар хатари имонам афканам, то аз онҳое бошам, ки пули дунёро мегиранд ва барои дин кор мекунанд, на аз онон, ки пули динро мегиранд ва барои дунё кор мекунанд! * * * […]

Ин обирӯй ва эътибор ба дарди чӣ мехӯрад?

Дар баробари давом ёфтани зулм ва бақои як золим ва ситамгар, ғолибан одамонро ба се даста тақсим мекунанд ва мегӯянд: Як даста ёварони он золим ва ситамгаранд, ки дар воқеъ, бозуи золим дар ситамкориҳояш дар ҷомеа, ҳаминҳоянд. Дастаи дуюм, мардумони бетафовут ҳастанд, ки асосан барояшон муҳим нест, ки […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 2

Илм ва тақсимоти он Чакидаи баҳс Таърифи илм: илм ва идрок иборат аст аз сурате, ки аз як шайъ дар зеҳн падид меояд. Тасаввур ва тасдиқ: илм, ё тасаввур аст ва ё тасдиқ, зеро илм – ки ҳамон сурате аст, ки аз як шайъ дар зеҳн падид меояд […]

Аз мавоъизи Омуси Набӣ

То ҳангоме ки заъифонро дар зери пой мекӯбед ва гандуми дастранҷашонро ба ситам меситонед, агарчӣ кохҳои мармар бино кунед, дар он кохҳо зиндагӣ натавонед кард, ва ҳарчанд токистонҳои сабзу хуррам кишт кунед, аз шароби он нахоҳед нӯшид. Ман медонам, ки гуноҳонатон чӣ қадр азим аст ва озорҳотон чӣ […]

Ҳар ду якест…

Як донишманди динӣ ва ба истилоҳ мулло, намозаш вақте намоз дониста мешавад, ки арши ситамгаронро ба ларза дароварад, вагарна намози ӯ ба дарди ҳеч чиз нахоҳад хӯрд… Вақте намозат золимро нигарон накунад, ӯро бетоб накунад ва аршашро ба ларза дарнаёварад, дар намозат шак бикун, дар қабулии намозат шак […]