Уламои исломӣ бояд бо забони мардум ошно бошанд

Яке аз мусибатҳои ҷаҳони Ислом ин аст, ки муаррифони дин барои мардум, одамоне шудаанд, ки худашон бо маорифи динӣ ошно нестанд. Албатта, ҳамвора ва дар тӯли торих ҳам чунин будааст, ки мусалмонон дини худро аз мубаллиғони динӣ бигиранд, на аз уламо. Порае аз тақсир ва кӯтоҳӣ дар ин […]

Омӯзиши илми мантиқ – Дарси 1

Имрӯзҳо, ки аз фароғати боли бештаре бархӯрдорам, тасмим гирифтам ба омӯзиши илми мантиқ ва фалсафа барои дӯстдорон ва алоқамандони ин ду илми шариф бипардозам. Саъй мекунам, бо забони бисёр содда ва равон матолибро баён бикунам. Умедворам, ин кӯшиш ва талош судманд воқеъ бишавад. Аз омӯзиши илми мантиқ шурӯъ […]

Рахнае ҷуброннопазир

“Ҳар гоҳ олиме бимирад, рахнае дар Ислом эҷод мешавад, ки ҳеч чиз наметавонад ҷои онро пур кунад.” (Паёмбари Акрам (с)) Даргузашти ногаҳонии олим ва донишманди маъруфи ҷаҳони Ислом, Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф, бе тардид дили ҳар мусалмонеро ҷариҳадор кард ва ба ҳақ, ки бо фавти ин донишманди вораста, рахна […]

Фарқашон ҳафтодсола роҳ бин…

Инсон бояд ҳамвора талош кунад, худро бисозад ва боло биравад. Дар сиришти ҳар инсоне, ин қобилият ва ин истеъдод ҳаст, ки боло биравад ва дорои мақом ва ҷойгоҳе гардад ҳатто баландтар аз мақоми фариштаҳо. Ва роҳаш ҳам, худсозист, албатта пас аз худшиносӣ. Худшиносӣ бештар бо мутолеъа аст, ва […]

Инҳо ҳама ношӣ аз ҷаҳолат ва нодонӣ аст

Як нигоҳ ба вазъи мусалмонон кофӣ аст, бароямон нишон бидиҳад, дини мо ҳамеша аз дасти нодонҳо ва ҷоҳилҳо зарба хӯрда. Касоне ки на илми динӣ доранд ва на бо маъорифи исломӣ ошно ҳастанд, корашон шуда баҳсҳои динӣ! Ин ҷанҷоли шиъа ва суннӣ ва кофир хондани ҳамдигар ва тӯҳбат […]

Чи бисёранд чунин афроде!

“Зоҳиран, баъзеҳо он чиро, ки барои дигарон раво мебинанд, барои худ раво намебинанд… Вақте кор ба хатоҳо ва иштибоҳоти худашон мерасад, барои он тавҷеҳоте пайдо мекунанд; гӯӣ ин ки хато ва иштибоҳ он аст, ки фақат дигарон муртакиб мешаванд, гӯӣ фақат дигарон тағйир мекунанд, фақат дигарон мунҳариф ва […]

Номаи маҳрамонаи як духтари 9 сола ба Худо

(Хоҳиш мешавад, мардоне, ки бе чиҳат ҳамсарони худро талоқ медиҳанд, ин номаро бихонанд) Як рӯз, корманди пуст (почта)-е, ки кораш расидагӣ ба номаҳои ирсолшуда ба нишониҳои номаълум мебошад, мутаваҷҷеҳи номае мешавад, ки рӯи конверти он навишта шуда буд: “Нома ба Худо!” Ба гузориши пойгоҳи Jahannews, ин корманд, бо […]

Паёми таслият ба муносибати шаҳодати ҷонгудози Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватов

Ба номи Худо Хушо онон, ки дар роҳи адолат Ба хуни хеш ғалтиданду рафтанд Хушо онон, ки дар мизони виҷдон Ҳисобу хеш санҷиданду рафтанд Нагардиданд ҳаргиз гирди ботил Ҳақиқатро писандиданду рафтанд * * * Намедонам, касоне ки Ҳоҷӣ Умаралӣ Қувватовро терур карданд, бо чӣ ангеза ва ҳадаф ба […]

Он чӣ лозим аст ёдоварӣ бишавад

(Мулоҳизае кӯтоҳ ба гуфтугӯи ахири устоди азизам Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ) Аз замоне ки устоди азизам ҷаноби Домулло Маъруфҷон Эронро тарк ва ба Тоҷикистон баргаштанд, ба назарам, ин севвумин ё чаҳорумин изҳори назари эшон дар бораи масоили сиёсии рӯз аст. Яке ду бор дар “Фараж” аз эшон мақола мунташир […]