Ёфтаҳои навидбахш дар бораи доруи куруно дар Устролиё

Муҳаққиқони устролиёӣ аз натиҷаи мусбати озмоиши доруе бар рӯи беморони чинии мубтало ба куруно ва беҳбуди онҳо хабар доданд. Ба навиштаи рӯзномаи Daily Mail, дуктур Дэвид Потерсун (David Paterson), мудири бахши таҳқиқотии Донишгоҳи Гвинсленд (University of Queensland) дар ин бора гуфт, ки инак ду дору барои илоҷи бемории […]

ПМТ хитоб ба мақомоти Литвонӣ: “Нагузоред, ки ҷинояткорон беҷазо монанд”

Паймони Миллии Тоҷикистон имрӯз (17 март) бо интишоре биёнияе, суиқасд ба ҷони Илҳомҷон Ёқубов, узви шӯрои ин эътилоф ва раиси Ассотсиатсияи Муҳоҷирони Осиёи Марказиро шадидан маҳкум кард ва аз мақомоти кишвари Литвонӣ (Литва) хост, “тамоми ҷанбаҳои ин қазияро мушикофона баррасӣ карда, ҳақиқати ҳолро равшан намоянд ва нагузоранд, ки […]

Чаҳор гуфтор аз Мавлоно

Равиши таълиму тарбияти анбиё Мавлоно гӯяд: “Ҳақ Таъоло эшонро (анбиёро) сиъате (гушодадилие) ва ҳавсалае азим додааст, ки таҳаммул мекунанд. Аз сад кажӣ, як кажиро мегӯянд, то ӯро душвор наёяд ва боқи кажиҳояшро мепӯшонанд, балки мадҳаш мекунанд, ки он кажат рост аст, то ба тадриҷ ин кажиҳоро як-як аз […]

Бӯҳрони куруно ва таҳсини “мушти оҳанини чинӣ”

Чин гиребони худро аз шуюъи вируси куруно раҳоёфта мебинад ва демукросиҳои ғарбӣ дар остонаи такони шадиди иқтисодӣ ва иҷтимоии ношӣ аз шуюъи вируси куруно дар ҷомеаҳои худ ҳастанд… Шояд битавон баъд аз ҷангҳои ҷаҳонии аввал ва дуввум, вируси куруноро танҳо падидаи оламгире донист, ки баъд аз 75 соли […]

Даъвои Олмон ва Омрико бар сари тавлиди воксани вируси куруно // Омрико аз имрӯз озмоиши воксанро оғоз мекунад

Associated Press ба нақл аз як мақоми омрикоӣ гузориш дода, ки Омрико аз имрӯз (душанбе, 16 март) омодаи озмоиши воксани ҷадиде аст, ки барои муҳофизат дар баробари вируси куруно (COVID-19), таҳия шудааст. Хабари ин озмоиш аланӣ эълом нашудааст, аммо тибқи гуфтаи ин мақом, мушорикаткунандагон дар ин озмоиш дар […]

КШНГЗС аз мақомоти Литвонӣ хост, омилони ҷинояти сӯиқасд ба Илҳомҷон Ёқубовро шиносоӣ ва ба маҳкама бикашонанд

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) бо интишори баёнияе, бо ишора ба сӯиқасди суратгирифта ба ҷони Илҳомҷон Ёқубов, аз мақомоти Ҷумҳурии Литвонӣ (Литва) хостааст, “тамоми саъю талоши худро ба харҷ дода, омилони ин ҷиноят ва низ дастҳои пушти пардаи онро шиносоӣ кунанд ва ба маҳкама […]

Сӯиқасд ба ҷони Илҳомҷон Ёқубов

Дақоиқе пеш сомонаи Паём гузориш кард, ки соатҳое қабл ба ҷони раиси Анҷумани Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Урупо Илҳомҷон Ёқубов сӯиқасд сурат гирифтааст. Ёқубов аз он ҷон ба саломат бурда, ҳоло дар беморхона қарор дорад. Ҳамла баъди намози бомдод дар шаҳри Каунуси Литвонӣ (Литва), ки Ёқубов онҷо зиндагӣ […]

Беэҳтиётиро набояд ба пойи таваккулу тақдир навишт

Шайхулислом дуктур Тоҳир Қодирӣ, сарпарасти Маркази Минҳоҷул-Қуръони Покистон, гуфт: “Вируси куруно акнун ҳамаи ҷаҳонро мубтало ба худ карда ва мардум барои мубориза бо ин вирус бояд ба дастуроти пизишкон ва мутахассисони беҳдошти миллӣ ва байналмилалӣ амал кунанд.” Ба гузориши Hawzahnews, вай афзуд: “Дар таърих мебинем, ки қабл аз […]

Эътирози аҳзоби мусалмон ба оғози мавҷи дастгирии ҷавонони мусалмон дар Ҳинд

Ҳизби Ҷамъияти уламои Ҳинд эълом кард: “Баррасиҳои мо нишон медиҳад ҷавонони мусалмон тайи рӯзҳои ахир ба шакли барномарезишуда дастгир ва ба маконҳои номаълум мунтақил мешаванд.” Ба гузориши Millat Times, намояндагони Ҷамъияти уламои Ҳинд зимни мулоқот бо раиси пулиси шаҳри Деҳлӣ, нисбат ба шурӯъи мавҷи дастгирии мусалмонон ибрози нигаронӣ […]

Чӣ касе кӯтоҳ меояд: қавӣ ё заъиф?

Ба баҳонаи зодрӯзи устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳар аз гоҳе бо дӯстон дар бораи ҳодисаҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон ва сулҳу созише, ки баъд аз он ба вуқӯъ пайваст, баҳсу гуфтугӯ мекунем. Дар бештари ин гуфтугӯҳо, вақте сухан аз нуқоти заъфу қуввати тарафайни он даргириҳо — […]