Метка: Абдусаттор Бобоев

Баёнияи нигаронкунандаи КШНГЗС // Оё ҳукумат аз нав рӯй ба сиёсати рабудан ва ё терури мухолифон овардааст?

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗС) мегӯяд: “Аз дохили кишвар ба мо хабар расид, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон чанд тим ташкил дода, ба баъзе аз кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳатто урупоӣ барои ҷисман аз байн бурдани баъзе аз фаъолони сиёсӣ ва рӯзноманигорон фиристодаанд.” […]

Шароити зиндагӣ барои занони сатрпӯш дар Тоҷикистон вахимтар шудааст

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, дар матлабе барои хабаргузории Тасним, бо ишора ба моҷарои ахири Нилуфар Раҷабова, ёдовар шудааст, ки шароити зиндагӣ барои занони сатрпӯш дар Тоҷикистон тайи моҳҳои ахир вахимтар шуда ва созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла созмонҳои ҳуқуқи башарӣ ва […]

Мубориза бо фарҳанги худӣ зери унвони “мубориза бо фарҳанги бегона”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ мегӯяд: «Таҳти «мубориза бо фарҳанги бегона» ҳазорон хоҳару модаронро дар Тоҷикистон таҳқиру тавҳин карда, ошкоро ҳуқуқу озодиҳои онҳоро маҳдуд намудаанд, ки садҳо навиштаву гузоришҳои дохиливу хориҷӣ дар ВАО баёнгари он аст…» Ба қалами Абусаттор Бобоев дар пойгоҳи иттилоърасонии […]

КШНГЗ хитоб ба Омбудсмен: “Мо мунтазири натиҷаи иқдомҳои шумо мемонем”

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗ) дар номае саргушода ба Додовар (Омбудсмен)-и Тоҷикистон, Умед Бобозода, бо ишора ба фишору таъқибҳое, ки аз сӯи ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии кишвар бар наздикони Абдусаттор Бобоев — раиси КШНГЗ сурат мегирад, хитоб ба ӯ навиштааст, ки агар ӯ “дифоъ […]

Барои шуҳадои зиндонҳои Тоҷикистон, дар Варшав ҳамоиши ёдбуд баргузор мешавад

Ба гузориши сойти Зиндониён — пойгоҳи иттилоърасонии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗ), рӯзи якшанбе (16 июн), дар шаҳри Варшав, пойтахти Лаҳистон, ҳамоише аз сӯи КШНГЗ баргузор мешавад. Бар пояи гузориши ин сойт, Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ (КШНГЗ), дар як […]

Чаро КШНГЗТ хостори иҷрои таҳқиқ дар бораи марги Файзиниссо Воҳидова шудааст?

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНГЗТ), дар баёнияе, ки имрӯз дар хусуси даргузашти Файзиниссо Воҳидова, вакили мудофеъ ва фаъоли иҷтимоии тоҷик мунташир кардааст, хостори иҷрои “таҳқиқи комил” дар бораи марги “мармузи” Воҳидова шудааст. Дар баёнияи ин кумита, ки дар пойгоҳи иттилоърасонии худ мунташир карда омадааст: […]

Чаро наздикони Бобоев Абдусаттор мураттаб бозпурсӣ мешаванд?

Ба гузориши сойти Паём, бародару хоҳари Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон аз тарафи мақомоти интизомии Тоҷикистон мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд. Бар пояи ин гузориш, пас аз тазоҳурот дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин, ки бо ташаббуси КШНГЗТ ташкил шуда буд, Бобоев […]

Бобоев: “Тамоми муҷаввизҳои лозим барои баргузории тазоҳурот дарёфт шудаанд”

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёи сиёсӣ, бо баёни ин ки тазоҳурот дар вақти муқарраргардида дар муқобили Сафорати Тоҷикистон дар Берлин баргузор хоҳад шуд, гуфт: “Се рӯз қабл бо дархости Кумита барои иҷозаи тазоҳурот ба мақомоти ҳукумати маҳаллии кишвари Олмон нома фиристода шуда буд ва […]

Ҷунайдулло, маҳакки адолати ҳокимияти додгоҳӣ дар Тоҷикистон (тасовир)

Имрӯз додгоҳи фарҷом (суди кассатсионӣ) раъйи худро роҷеъ ба парвандаи Ҷунайдулло Худоёров эълон хоҳад кард. Ба эътиқоди бисёре, раъйи ин додгоҳ, дар воқеъ маҳакке аст барои нишон додани ин воқеият, ки оё қувваи қазоия (ҳокимияти додгоҳӣ) дар Тоҷикистон мустақил будааст, ва оё ҳукмҳое, ки додгоҳ содир мекунад, одилона […]

Таъсиси «Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ» аз забони Абдусаттор Бобоев

Ба гузориши хабаргузории Тасним, ду парвандаи фарзандони хурдсоли фаъолони тоҷик: яке, Ҳамза Тиллозода, набераи Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ ва дигаре, Фотима Давлатова, духтари Шабнам Худойдодова, фаъоли ҳуқуқӣ, ҳошияҳои бисёреро дар фазои сиёсӣ ва расонаии Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Дар ин росто эътирозоти бисёре нисбат ба иқдомот ва мавозеъи […]