Метка: Абдуҳалим Назарзода

Кабирӣ: “Ангезаҳои амали Ҳоҷӣ Ҳалимро бояд дар сиёсати хатои худи ҳукумат ҷуст”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар як мусоҳибаи катбӣ бо Радиои Озодӣ, бо радди иттиҳомоти ахири додситонии кулл онро бепоя номид ва гуфт: “Ман ин иттиҳомотро комилан рад мекунам. Ман ва ҳизби ман ба ин ҳаводис иртиботе надорем. Додситонии кул ҳанӯз аз ин пеш алайҳи ман […]

Талх аст, аммо бояд гуфт

Иддаъо надорам, аммо аз миёни тоҷикҳо шояд касе беҳтар ва бештар аз банда бо кишвари Сурия ва бофти ҷамъиятии он ва низ бо низоми ҳокимаш ошно набошад. Дар ин кишвар ҳудуди 8 сол зиндагӣ кардаам, аз соли 2001 то 2009, замоне ки ҳамгом бо таҳсил дар риштаи фалсафаи […]

Ба Шуштар заданд гардан мисгаре

Имрӯз дар пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ ду матлаб хондам, ки ҳар ду дардовар ва таассуфангез буданд. Яке, гузорише аст таҳти унвони “Духтари Назарзода аз боздошт раҳо шуд”, ва дигаре, “Сурия рафту барнагашт…”ҷиҳоди”-ҳо ҳамсарони худро хор карданд”. Ин ду гузориш дар воқеъ аз вуҷуди як фарҳанги бисёр ғалат ва […]

Кабирӣ: “ҲНИТ на танҳо идома хоҳад дошт, балки қавитар ба саҳна бармегардад”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо хабарнигори Радиои Озодӣ, дар посух ба пурсише дар бораи ояндаи ҳизб гуфтааст: “ҲНИТ ҳамчун фикр, андеша ва роҳ на танҳо идома хоҳад дошт, балки қавитар ба саҳна бармегардад. Ман ба ин шаке надорам. Чӣ ман бошам, […]

Дар ин ҳукумат навбати ҳама мерасад

Мусодираи дороиҳои ҲНИТ ва анҷоми бозҷӯиҳо дар коргоҳҳои мутаъаллиқ ба раҳбари ин ҳизб, ба иловаи гузоришҳо, мақолаҳо ва баёнияҳои мунташира дар расонаҳои давлатӣ, нишон медиҳад, мақомот имрӯзҳо беш аз ин ки ба фикри яксара кардани кори “шӯриши женерол Абдуҳалим Назарзода” бошанд, ба фикри баҳрабардорӣ аз ин рухдод дар […]

Чаро “сарнавишти женерол” эълом намешавад?

9 сентябр яъне ду рӯз пеш Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, дар сафҳаи худ дар Фейсбук, дар ёддошти бисёр кӯтоҳ навишт: “Генерала Абдухалима Назарзода поймали…” (Женерол Абдуҳалим Назарзодаро боздоштаанд…) Билофосила, Вазорати кишвар (умури дохила) ба такзиби ин хабар пардохт ва хабаргузориҳо такзиби ин вазоратро мунташир карданд. […]

Иброҳим Усмонов: “Назарзода бар асоси саҳмиябандӣ вориди сохторҳои қудратӣ нашудааст”

Профессор Иброҳим Усмонов, узви собиқи Кумисиюни оштии миллӣ, ки дар тамоми даври музокирот миёни мақомот ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифони тоҷик (ИНОТ) ширкат кардааст, таъкид кард, бо вуҷуди ин ки Абдуҳалим Назарзода аз ҳаводорони ИНОТ буд, вале вуруди ӯ ба сохторҳои қудратӣ пас аз барқарории оштии миллӣ дар Тоҷикистон, […]

Душанбе нисбатан ором, аммо на ба сурати маъмулӣ

Ёддошти Халили Қаюмзод (тарҷума аз русӣ) Қоъидатан, ҳар женероле, ки барои худ эҳтиром қоил аст, сарфи назар аз гаройишҳои сиёсиаш, бояд барои якчунин чархише ғайри мунтазира омода бошад. Женеролҳо мисли милюнерҳо (сарватмандон) ҳамеша “таҳти назарҳо” ҳастанд. Женерол Абдуҳалим Назарзода, яке аз ҳомиёни собиқи ИНОТ (Иттиҳоди нерӯҳои опозисиюни тоҷик), […]

Оё расонаҳо дар ҳоли анҷоми рисолати худ ҳастанд?

Расона ва хабаррасонии дуруст ва бетараф ва ба мавқеъи рӯйдодҳо, муҳимтарин нақшро дар бозтоби як воқеа, чунон ки ҳаст, дорад. Агар расонаҳо ва ба хусус расонаҳои мустақил, дар пӯшиши ахбор ва вақойеъ, рисолати худро ба дурустӣ анҷом надиҳанд, он вақт ҷойи онҳоро шойеъа ва “қилу қоли” мардум мегирад, […]

Путин ҳаводиси Тоҷикистонро “талоше барои бесубот кардани авзоъ” донист

Ба гузориши Газета.ru ба нақл аз ТАСС, миёни Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфтугӯи телефонӣ баргузор шуд ва дар ин бора Дмитрий Песков, масъули матбуотии раисиҷумҳури Русия хабар дод. Бар асоси ин гузориш, Владимир Путин дар ин гуфтугӯ, ҳаводиси ҷорӣ дар Тоҷикистонро “талоше барои […]

Нахустин изҳори назари яке аз наздикони Ҳоҷӣ Ҳалим дар бораи ҳодисаи ахир

Яке аз наздикони женерол Абдуҳалим Назарзода иқдомоти зидди исломии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури ин кишварро, омили бурузи чунин иттифоқоте унвон кардааст. Ба гузориши хабаргузории Форс ба нақл аз Ваҳдатнюз, яке аз наздикони женерол Абдуҳалим Назарзода маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, дар гуфтугӯ бо намояндагии Дидабони ҳуқуқи башар дар Бишкек эълом […]