Метка: Адли илоҳӣ

Адли илоҳӣ (39)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши нӯҳум: амали хайр аз ғайримусалмон (1) Тарҳи баҳс Яке аз масоиле, ки дар баҳси “адли илоҳӣ” мавриди гуфтугӯ қарор мегирад, масъалаи “аъмоли хайри ғайримусалмонон” аст. Имрӯз ин суол дар миёни табақоти мухталиф аз ҷоҳилу олим, бесаводу таҳсилкарда матраҳ аст, ки оё корҳои хайри […]

Адли илоҳӣ (38)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши ҳаштум: шафоат (4) Робитаи мағфират ва шафоат Мағфирати илоҳӣ чӣ иртиботе бо шафоат дорад? Мағфирати илоҳӣ монанди ҳар раҳмати дигар дорои низом ва қонун аст. Мо дар бораи низом доштани ҷаҳон, дар бахши дуввуми ин китоб муфассалан баҳс кардем ва гуфтем, ки ихтилофи […]

Адли илоҳӣ (37)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши ҳаштум: шафоат (3) Шафоати мағфират Дуввумин навъи шафоат, висотат дар мағфирату афву бахшидани гуноҳон аст. Ин маъно аз шафоат аст, ки омоҷи ишколҳо ва эродҳои мунтақидон ва мункирон қарор гирифтааст, вале бо тавзеҳе, ки ба хости Худо дар ин китоб дар бораи он […]

Адли илоҳӣ (36)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши ҳаштум: шафоат (2) Нақзи қонун Навъи нодурусти шафоат, ки ба далоили ақлӣ ва нақлӣ мардуд шинохта шудааст, ин аст, ки гуноҳкор битавонад василае барангезад ва ба тавассути он аз нуфузи ҳукми илоҳӣ ҷилавгирӣ кунад, дуруст ҳамон тавре, ки дар портибозиҳои (ошнобозиҳои) иҷтимооти мунҳатти […]

Адли илоҳӣ (35)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши ҳаштум: шафоат (1) Эроду ишкол Яке аз мабоҳисе, ки дар баҳси адли илоҳӣ бояд тарҳу баҳсу таҳқиқ шавад, мабҳаси “шафоат” аст… Он чи ба унвони эрод бар шафоат гуфта шуда ва ё метавон гуфт, аз ин қарор аст: 1) Лозимаи эътиқод ба шафоат […]

Адли илоҳӣ (34)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши ҳафтум: муҷозотҳои ухравӣ (3) 3) Азоби ухравӣ Муҷозотҳои ҷаҳони дигар, робитаи таквинии қавитаре бо гуноҳон доранд. Робитаи амалу ҷазо дар охират, на монанди навъи аввал, қарордодӣ аст ва на монанди навъи дуввум, аз навъи робитаи иллӣ ва маълулӣ аст, балки аз он ҳам […]

Адли илоҳӣ (33)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши ҳафтум: муҷозотҳои ухравӣ (2) Иртиботи ду ҷаҳон Аз матолиби гузашта, тафовутҳое, ки байни низоми ин ҷаҳон ва низоми он ҷаҳон аст ба даст омад, акнун бибинем иртиботи ин ду ҷаҳон дар чист? Шак нест, ки байни дунё ва охират, иртибот низ барқарор аст; […]

Адли илоҳӣ (32)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши ҳафтум: муҷозотҳои ухравӣ (1) Ҷазои амал Яке аз масоиле, ки дар баҳси адли илоҳӣ бояд матраҳ гардад, масъалаи муҷозоти аъмол дар охират аст. Маъод ва расидагӣ ба аъмоли неку зишт ва подошу кайфар додан ба некӯкорон ва бадкорон, худ аз мазоҳири адли илоҳӣ […]

Адли илоҳӣ (31)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши шашум: маргу мирҳо (4) Марг, густариши ҳаёт аст Дар баҳс аз падидаи мавт, ба ин нукта низ бояд таваҷҷӯҳ дошт, ки падидаҳои “мавт”-у “ҳаёт” низоми мутаъоқиберо дар ҷаҳони ҳастӣ ба вуҷуд меоваранд. Ҳамвора марги як гурӯҳ, заминаи ҳаётро барои гурӯҳе дигар фароҳам месозад. […]

Адли илоҳӣ (30)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши шашум: маргу мирҳо (3) Решаи эътироз Бо тафсире, ки аз моҳияти марг намудем, бепоя будани эътирозҳо бармало мегардад. Дар ҳақиқат, ин эътирозҳо аз нашинохтани инсон ва ҷаҳон, ба иборати дигар, аз як ҷаҳонбинии абтар ва ноқис пайдо мешавад. Алҳақ агар марг поёни зиндагӣ […]

Адли илоҳӣ (29)

Ба қалами Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши шашум: маргу мирҳо (2) Дунё, баччадони ҷон Интиқол аз ин ҷаҳон ба ҷаҳони дигар, ба таваллуди тифл аз раҳими (баччадони) модар бешабоҳат нест. Ин ташбеҳ, аз ҷиҳате норасо, ва аз ҷиҳате дигар расост. Аз ин ҷиҳат норасост, ки тафовути дунё ва охират, амиқтар […]