Метка: Алии Шариатӣ

Ҷумалоте аз Алӣ Шариатӣ дар бораи ҳаҷ

“Ҳаҷ, намехоҳад як ақида, як дастур ва ё як арзишро тарҳ кунад. Ҳаҷ, тамоми ислом аст… Чунин менамояд, ки Худо ҳар чиро хостааст ба одамӣ бигӯяд, якҷо дар ҳаҷ рехтааст. Ҳаҷ дар як нигариши куллӣ, сайри вуҷудии инсон аст ба сӯи Худо. Ва дар як калима, ҳаҷ шабеҳи […]

Ҳазрати Муҳаммад (с) дар баёни Алии Шариатӣ

Ба муносибати милоди фархундаи ҳазрати Муҳаммад (с) Ба ростӣ метавон гуфт, ки Муҳаммадро… “бояд аз нав дид”, “аз нав шинохт”. Ӯро бо нигоҳе, ки ашё ва ашхосро менигарем, набояд нигарист. Бояд аз равоншиносӣ, ҷомеашиносӣ ва таърих, нигоҳе тоза сохт ва бар симои Муҳаммад (с) афканд. Ӯро бояд дар […]

Андешаманде бедор

Ба баҳонаи солрӯзи даргузашти дуктур Алии Шариатӣ Алии Шариатӣ, исломшиносе барҷаста ва андешаманде бедор ва инқилобӣ, дар 23-уми ноябри соли 1933 дар рустои Коҳак дар наздикии Сабзавори Эрон дида ба ҷаҳон гушуд. Падараш Аллома Муҳаммадтақии Шариатӣ, муассиси конуни «Нашри ҳақоиқи ислом» буд. Шариатӣ таҳсилоти ибтидоиро дар дабистони «Ибни […]

Бимон, то коре кунӣ, коре накун (то) бимонӣ…

Ҷумалоти ҳикматомез аз дуктур Алии Шариатӣ 1. Худо дӯстдори ошност; орифи ошиқ мехоҳад, на муштарии биҳишт… 2. Инсон, ба мизони бархӯрдориҳое, ки дар зиндагӣ дорад, инсон нест, балки дуруст ба андозаи ниёзҳое, ки дар хеш эҳсос мекунад инсон аст… 3. Ҳар касе на танҳо ба мизони маълумоте, ки […]

Қуръон! Ман шармандаи туам

Қуръон! Ман шармандаи туам. Ин китоб (Қуръон) аз он рӯзе, ки матнаш матрук шуд, ҷилдаш ривоҷ ёфт. Ва аз он ҳангом, ки ин китобро — ки хонданӣ ном дорад — дигар нахонданд, барои тақдису табаррук ба кор рафт. Аз вақте ки дигар дармони дардҳои фикрӣ ва руҳӣ ва […]

Фалсафаи Наврӯз

Сухани тоза аз Наврӯз гуфтан душвор аст. Наврӯз як ҷашни миллист. Ҷашни миллиро ҳама мешиносанд, ки чист. Наврӯз ҳарсола барпо мешавад ва ҳарсола аз он сухан меравад. Бисёр гуфтаанд ва бисёр шунидаед. Пас, ба такрор ниёзе нест? Чаро, ҳаст. Магар Наврӯзро худ такрор намекунед? Пас, сухан аз Наврӯзро […]

Ислом ва Эрон

“Ман мӯътақидам, ки дар торихи Эрон ҳеч кас ва ҳеч гурӯҳе, зишттар ва занандатар аз донишмандон ва муҳаққиқони эрондӯсти мо — ки бо таҳқири Ислом ва таҳқири тамаддуни Ислом, пиндоштаанд, ки аз асолати қавми эронӣ дифоъ кардаанд — чунин зарбае муҳлик ба ҳайсият ва асолати ин миллат назада. […]

Чӣ касоне ҳодисаофаринанд?

“Онҳое, ки аз дар меоянд ва мераванд, чаҳорпоёни наҷиб ва сокити ториханд… Ҳодисаҳоро танҳо касоне дар зиндагии одамӣ офаридаанд, ки аз панҷараҳо берун ҷастаанд ва ё ба дарун паридаанд…” (Алии Шариатӣ)

Аз ниёишҳои дуктур Алии Шариатӣ

Худоё! Раҳмате кун, то имон нону ном бароям наёварад, қувватам бахш, то нонамро ва ҳатто номамро дар хатари имонам афканам, то аз онҳое бошам, ки пули дунёро мегиранд ва барои дин кор мекунанд, на аз онон, ки пули динро мегиранд ва барои дунё кор мекунанд! * * * […]