Метка: Аллома Таботабоӣ

Аллома Таботабоӣ

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Аллома Таботабоӣ 24 обон (15 ноябр) рӯзи даргузашти Аллома Таботабоӣ — файласуф, ориф, ҳаким ва муфассири Қуръони Карим аст. Ба ҳамин баҳона, дар ин навиштор, ба муаррифии ин файласуф мепардозам. Номи комили ӯ, Сайидмуҳаммадҳусайн Қозии Таботабоии Табрезӣ аст. Ӯ дар соли 1903 дар Табрез […]

Фалсафа ва равиши реализм (179)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (12) Баёни аввал (бурҳони сиддиқин) – 2 Ҳукамои исломӣ кӯшидаанд ба истидлоли ақлие роҳ ёбанд, ки дар он истидлол, махлуқот воситаи исбот набошанд. Бӯалӣ Сино бурҳони маъруфи худро — ки аз роҳи тақсими мавҷуд ба воҷиб ва мумкин, ва ниёзмандии мумкин дар вуҷуд ба […]

Фалсафа ва равиши реализм (178)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (11) Баёни аввал (бурҳони сиддиқин) — 1 Матни мақола: Воқеияти ҳастӣ, ки дар субути вай ҳеч шак надорем, ҳаргиз нафй намепазирад ва нобудӣ барнамедорад. Ба иборати дигар: Воқеияти ҳастӣ бе ҳеч қайду шарт воқеияти ҳастӣ аст ва бо ҳеч қайду шарте ловоқеият намешавад, ва […]

Фалсафа ва равиши реализм (177)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (10) Татбиқ ва тавзеҳ Матни мақола: Акнун бояд дид, кадом баёни мантиқӣ ё бурҳони итминонбахше аст, ки ба субут расонад, ки: “Истиқлоли ҳастии аҷзоъи ҷаҳон, ки дар баробари дидагони мо ҳастанд, ҳоли муҳтаваёти ойина (тамсили собиқ)-ро надоранд”? Ва бо пуштгармии кадом далел метавон ин […]

Фалсафа ва равиши реализм (176)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (9) Тамсил Матни мақола Фарз кунед бо диле осуда ва ҳавоссе ҷамъ дар фазое ором нишаста ва ин ҷаҳони пурҷунбу ҷӯшро дар баробари худ гузошта ва ба тамошои ҳар пастиву баландӣ, дуру наздик, гӯшаву канор, беруну дарун, резу дурушти вай пардохта чашмчаронӣ мекунед; фазоест […]

Фалсафа ва равиши реализм (175)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (8) Матни мақола Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад. Албатта ин ҳамон назария аст, ки дар фасли гузашта гуфтем, ки: “Баҳсу кунҷковӣ дар исботу нафйи вай, ҷузъи фитриёти инсон, балки ҳар мавҷуди зишуъур, ки ба қонуни иллату маълул имон дошта ва ҷаҳонро дар ҳоли иҷтимоъ бибинад, […]

Фалсафа ва равиши реализм (174)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (7) Муқаддима (7) Роҳи ақл (ё истидлолу фалсафа) — 2 Қуръон дар бораи Худо ва моварои табиат чунин масоиле тарҳ мекунад: لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ “Чизе монанди ӯ (Худо) нест…” (Сураи Шӯро, ояти 11) وَلِلّهِ الْمَثَلُ الأَعْلَىَ “Ва беҳтарин васф аз они Худост…” (Сураи Наҳл, […]

Фалсафа ва равиши реализм (173)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (6) Муқаддима (6) Ҳудус ва пайдоиши олам Роҳи севвум аз роҳҳои мутолеа дар хилқат ва офариниши мавҷудот, роҳи ҳудуси (пайдоиши) мавҷудоти ин ҷаҳон аст. Ин баҳс низ доманаи дарозе дорад ва чун баъдан дар матни мақола дар ин бора баҳс хоҳад шуд, феълан аз […]

Фалсафа ва равиши реализм (172)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (5) Муқаддима (5) Ҳидоят ва роҳёбӣ (2) Аммо дар мавриди ҷондорон: дар кори селлулҳои (ҳуҷайраҳои) ҳаётӣ, чанд навъ кори ибтикорӣ дида мешавад, ки сохтмони мошинии онҳо барои тавҷеҳи он навъ корҳо кофӣ нест. Ё бояд мӯътақид шавем он селлулҳо дорои он қадр ақлу илму […]

Фалсафа ва равиши реализм (171)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (4) Муқаддима (4) Роҳи ҳиссу илм (ё роҳи табиат) — 3 Боз чизи дигаре, ки тавлиди шигифтӣ ва ҳайрат мекунад ин аст, ки селлулҳои (ҳуҷайраҳои) бадан — ки ададашон дар бадани як фард ба милёрдҳо мерасад ва аз адади маҷмӯи афроди башар дар асри […]