Метка: Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон

Рамзҳо ва рангҳои соли 2015 аз назари Додоҷон Атовуллоев

Ёддошти ихтисосӣ барои пойгоҳи Кимиёи саодат Портрети сол Ҷомадон дар даст ё кӯлборе дар китф, чашмони маҳзун ва андӯҳгин ва сари пурандешаву пурташвиш… Агар ман рассом мебудам, тасвири сол бароям ин манзара мебуд. Тасвири як тоҷик дар соли 2015 ҳамин буд. Ашёи сол Ҷомадон — ҳамсафар ва ҳамроҳи […]

Собир Валиев: «Мо ба Ватан бо парчами озодӣ ва демукросӣ бармегардем»

Собир Валиев, муовини раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, дар гуфтугӯ бо сойти хабарӣ-таҳлилии Kavnews изҳор доштааст: «Мо, Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, эълон мекунем, ки ба Ватан бо парчами озодӣ ва демукросӣ бармегардем. Ҳамаи қонунҳои байналмилалиро риоя ва ба ҳуқуқ ва озодиҳои мардум эҳтиром қоилем ва ҳифзашон хоҳем кард» […]

Сукути бемаъно

Созмонҳои мустақилли дифоъ аз ҳуқуқи башар — ки дар ҳар кишваре тавассути фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии ҳамон кишвар таъсис мешавад — қоъидатан бояд замоне садояшон баландтар ва фаъолияташон бештар ва корашон малмустар бошад, ки шаҳрвандони он кишвар ба хусус мухолифони сиёсӣ, дар маърази фишорҳо, таъқибҳо, боздоштҳо ва озору азиятҳо […]

«Агар Ватанро дӯст доштан терроризм бошад, ман террористам!»

Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, дар вокуниш ба ду гирдиҳамоие, ки дар Тоҷикистон созмондиҳӣ шуда, бо баёни он ки «ин митингҳоро худи ҳукумат роҳандозӣ кардааст, то худро сафед ва мухолифонашро сиёҳ нишон диҳад», дар мавриди ин ки ӯ ва ҳамчунин Кабирӣ ва Абдулллоҷоновро «террорист» хондаанд, изҳор […]

Додоҷон Атовуллоев: «Танҳо роҳе, ки дорем, водор кардани ҳукумати кунунӣ ба ИСТЕЪФО аст»

Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, дар паёме хитоб ба мардуми Тоҷикистон, бо ишора ба ин ки «ватани моро на ин ки хатаре таҳдид мекунад, балки дар дами марг қарор дорад», таъкид кардааст: » Танҳо роҳе, ки метавонад моро аз марг ва ин нобудии тадриҷӣ наҷот бидиҳад, […]

Нукоте дар бораи номаи ахири Абдуллоҷонов ва Атовуллоев ба СММ

Ду тан аз сиёсатмадорони матраҳи тоҷик — яъне ҷаноби Абдумалик Абдуллоҷонов, нахуствазири асбақ ва номзад дар интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар соли 1994 ва ҷаноби Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷумани тозатаъсиси созандагони Тоҷикистон — дирӯз номае саргушода ба Бон Ки Мун, дабири кулли СММ ва чанд ниҳоди байналмилалии дигар ва […]

Собир Валиев озод шуд

Дақоиқе пеш Додоҷон Атовуллоев, раҳбари “Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон”, дар ёддоште кӯтоҳ дар сафҳаи худ дар Фейсбук, эълом кард, Собир Валиев, муовини раҳбари ин анҷуман, озод шудааст. Гуфтанист, Собир Валиев дар торихи 11 августи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи пойтахти Мулдовӣ бо дархости Тоҷикистон боздошт шуда буд. Чанде пеш […]

“Ҳукумате бисозем, ки ба маънои ҳақиқӣ озод, одил ва демократӣ бошад”

Ёддошти Додоҷон Атовуллоев Даҳшатангезтарин тӯфоне, ки дар ҳоли вазидан ба сӯи Тоҷикистон ва ба хоку хун яксон намудани он аст, ин тӯфони ҶАҲОЛАТ аст. Ҷаҳолате, ки барои густардани таъассуб, яксӯнигарӣ, хушунат ва бадбинӣ, воситаҳои рӯз ва модернро низ ба хидмат гирифта. Шӯрбахтона, гумоштаҳои ин ҷоҳилон худро оппозитсия ҳам […]

Нуқоти қувват ва заъфи “Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон”

Аз аввалҳои соли 90-и қарни гузашта ва то ин охирҳо, вақте вожаи опозисиюн дар миёни тоҷикҳо ба кор бурда мешуд, зеҳнҳо бедиранг ба сӯйи аҳзобе чун Ҳизби наҳзати исломӣ, ҷунбиши “Ватандор”, Ҳизби демукрот, Ҳизби сусиёл-демукрот, Ҳизби сусиёлист ва ҳатто Ҳизби кумунист ва низ шуморе аз шахсиятҳои мустақил дар […]

Тамдиди муддати боздошти Собир Валиев тавассути Додгоҳи Кишинев

Бахши Буюкани додгоҳи шаҳри Кишинев муддати боздошти Собир Валиев, муовини раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистонро барои 20 рӯзи дигар тамдид кард. Собир Валиев дар торихи 11 августи соли ҷорӣ дар фурудгоҳи пойтахти Мулдовӣ бо дархости Тоҷикистон боздошт шуда буд. Ба гузориши сойти News Maker, додгоҳ дар тавзеҳи тасмими […]

“Мо умедворем, Мулдовӣ Собир Валиевро ба Тоҷикистон таҳвил нахоҳад дод”

Ҷамъе аз фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва раҳбарони созмонҳо ва ҷамъиятҳои тоҷик, бо ирсоли номае ба раисиҷумҳури Мулдовӣ, бо баёни ин ки “аз назари мақомоти тоҷик, тақозои иҷрои қонун ва таҳаққуқбахшӣ ба ҳуқуқи қонунии шаҳрванд дар Тоҷикистон, ба унвони “фаъолиятҳои зидди давлатӣ” талаққӣ мешавад ва мақомоти тоҷик худро […]