Метка: Аҳмади Дониш

Ду се нуктаи ҷолиб аз Аҳмади Дониш

Ҳузне, ки куффоррост, ъушри ъашири он (яъне аз даҳ яки он) аҳли имонро нест Аллома Аҳмади Дониш дар “Наводирул-вақойеъ” он ҷо, ки аз сафари худ ба ҳамроҳи чанд нафар ба Русия ва боздид аз Сан-Петерзбург ва ширкат дар базму маросимҳои наздикони имперотури Русия мегӯяд ва ин ки чӣ […]

Оё ислом фақир буданро ситоиш ва сарватманд буданро мазаммат кардааст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Аллома Аҳмади Дониш дар фасли аввали “Наводирул-вақойеъ”, ки дар бораи муъзали кашмакашҳо ва ҷудоиҳое, ки миёни падарон ва фарзандон ва миёни арӯсҳо ва модаршавҳарҳо – ки маълум мешавад, дар замони ӯ ба унвони як муъзали иҷтимоӣ матраҳ будааст — сухан гуфта ва хостааст, ин муъзалро бо […]

Наводирул-вақойеъ (13)

Ба забони имрӯз: Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (10 ва поёнӣ) Агар нек бингарӣ, дар сурати салоҳи волидайн низ уқуқ (оққ шудан) собит намешавад. Чаро ки ҷанҷол ва низоъе, ки аҳёнан байни волидайн ва фарзандон меафтад, гоҳе ҳикмат дошта ва ба маслиҳати ҳоли […]

Наводирул-вақойеъ (12)

Ба забони имрӯз: Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (9) Дар амсоли оятҳо ва ривоятҳое, ки оварда шуд, ин шарт зимнан вуҷуд дорад, ки: ان كانوا صالحين مؤمنين “Агар (номбурдагон) солеҳ ва некӯкор ва мӯъмин бошанд, пас воҷиб аст, ки…” Яъне, эҳсони волидайн машрут […]

Наводирул-вақойеъ (11)

Ба забони имрӯз: Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (8) (Идомаи баррасии аҳодис ва ривоёте, ки дар бораи ҳуқуқи волидайн ворид шудаанд) 6. Дигар, ин фармудаи ҳазрати Паёмбар (с), ки: ما من ولد بار ينظر نظرة رحمة إلا كتب الله بكل نظرة حجة مبرورة. […]

Наводирул-вақойеъ (10)

Ба забони имрӯз: Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (7) (Хулоса:) Ҳуқуқе, ки аз ин нусус (оятҳо ва ривоятҳое, ки дар қисматҳои пешин оварда шуд) истифода мешавад, махсуси волидайн нест, балки омм буда ва ба ҷуз падару модар хешони наздик, ҳамсояҳо, ятимон, мискинҳо, дар […]

Наводирул-вақойеъ (9)

Ба забони имрӯз: Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (6) Чун масъала бароят равшан шуд, ҳол як мисол бизанам, то возеҳтар гардад. Фарз кун, марде сарватманд аст — ва сарваташ ё мероси падарист ё касбу коре дорад ва ё корманди давлатист, ки аз байтулмоли […]

Наводирул-вақойеъ (8)

Ба забони имрӯз: Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (5) (Ишора: Мулоҳизае ба ин бахш аз дидгоҳҳои Аллома Аҳмади Дониш ҳаст, ки дар мақолае ҷудо таҳти унвони “Оё ислом ба фақр фаро мехонад?” баён хоҳам дошт; мулоҳизае, ки ба назарам пардохтан ба он бисёр […]

Наводирул-вақойеъ (7)

Ба забони имрӯз: Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (4) Ёрон гуфтанд: Чун сухан бо фарҳехтагон аст, на фурӯмоягон, аз ин рӯ мард агар ба дарёфти сухани ҳақ муваффақ шавад, аз гуфтан ва навиштани он худро барканор надонад ва коре ҳам ба радду қабули […]

Наводирул-вақойеъ (6)

Ба забони имрӯз: Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (3) Гуфтам: Он чӣ азизон баён доштанд, ҳама дуруст аст ва ишколеро дарбар надорад. Зеро мардум ба хотири фасоди замон, дар банди дини тақлидӣ буда ва аз амал ба дин фақат ба “қолаллоҳ ва қоланнабӣ” […]

Наводирул-вақойеъ (5)

Ба забони имрӯз: Дар бораи ҳуқуқи падару модар ва ҳадду марзи уқуқи онон (2) (Ишора: Бо пайгирии тамоми ин “гуфтаму гуфтандҳо” равшан хоҳад шуд, ки Аллома Аҳмади Дониш дар ин баҳс – ки мехоҳад ба пурсиши суолкунанда посух бидиҳад ва ишколро дар масъалаи мавриди назар бартараф созад – […]