Метка: Бӯалӣ

Ориф аз забони Абӯалӣ ибни Сино

(Шарҳе мухтасар бар “Мақомот ул-орифин”-и Абӯалӣ ибни Сино ба қалами устод Муртазо Мутаҳҳарӣ) Бӯалӣ файласуф аст, на ориф, вале як файласуфи хушк нест, махсусан дар охирҳои умраш тамоюлоти ирфонӣ пайдо карда ва дар “Ишорот‏” — ки зоҳиран охирин асараш аст — фаслеро ба “Мақомот ул-орифин” ихтисос додааст. Мо […]

Марг аз назари Ибни Сино

Ба баҳонаи зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино дар Илоҳиёти Шифо дар мабҳаси “Рисолатуш-шифо мин хавфил-мавт”, роҷеъ ба ҳақиқати марг ва сабаби тарс аз он, матолиби ҷолибе дорад, ки мо айнан тарҷумаи онро дар ин ҷо меоварем: “Касе, ки мурданро ҷоҳил аст ва намедонад, ки ҳақиқати […]

Имом Ғаззолӣ ва Ибни Сино

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳамон тавр ки огоҳон медонанд, Имом Ғаззолӣ (р) дар миёни интиқодоташ ба фалосифа, дар се масъала, онҳоро (аз ҷумла Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино (р)-ро) такфир кардааст. Ин масоил иборатанд аз: 1. Масъалаи қадим будани олам; 2. Масъалаи илми Худо ба куллиёт, на ба ҷузъиёт; 3. Масъалаи […]

Абӯалӣ ибни Сино; равонпизишке ҳозиқ

Ҳар андоза, ки аз азамат ва бузургии Абӯалӣ ибни Сино бигӯем, боз ҳам кам гуфтаем. Ин ки Ибни Сино як табиб ва пизишк буд маъруф аст ва ниёз ба муаррифӣ надорад, аммо он чи дар ин росто лозим аст бидонем ин аст, ки вай, дар беш аз як […]

Хулосаи “Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино ба забоне содда

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ишқ аз назари Ибни Сино, кашиш ва ҷозибае аст, ки дар вуҷуди тамоми мавҷудот ҷорӣ аст. Дар мавҷудоти мумкин (яъне ҳар чизе ғайр аз Худо) – аз ҷондору беҷон – ин ишқ аст, ки сабаби бақои онҳо мебошад; ки агар ин нерӯ набуд, боқӣ намемонданд. Ишқ […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (6)

Бахши шишум (поёнӣ) Матни рисола: Фасли ҳафтум: Дар хотимаи фаслҳо ва ин ки ҳамаи мавҷудоти олам ошиқи хайри мутлақанд Мехоҳем дар ин хотима, ки натиҷаи фаслҳост, чанд матлаб баён намоем: Матлаби аввал: Ҳамон тавре ки аз пеш гуфтем, куллияи мавҷудоти олам ошиқ ва муштоқанд ба хайри мутлақ ба […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (5)

Бахши панҷум Матни рисола: Фасли шишум: Дар баёни ишқи нуфуси илоҳия ва ин ки иллати уло хайри мутлақ ва дорои ҷамиъи хайрот ва маъшуқи нуфуси илоҳия аст Дар ин фасл ҳам се муқаддимаи мухтасар лозим аст, ки қабл аз вуруд ба мақсуд гуфта шавад: Муқаддимаи аввал он аст, […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (4)

Бахши чаҳорум Матни рисола: Фасли панҷум: Дар баёни ишқи (1) зурафо ва соҳибони завқи салим нисбат ба суратҳои ҳасана Бидон, ки мо дар ин фасл ибтидо чаҳор муқаддима барои равшан намудани унвони фавқ зикр мекунем: Муқаддимаи аввал: Вомдор будани қувваҳои ҳайвонӣ ва ваҳмияи инсон аз қувваи нотиқа: Ҳар […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (3)

Бахши севвум Сайидюнуси Истаравшанӣ Матни рисола: Фасли дуввум: Дар баёни вуҷуди ишқ дар мавҷудоти баситаи ғайри зинда Мавҷудоти баситае, ки дорои ҳаёт нестанд, бар се қисм мебошанд: 1. Аввал, ҳаюлои (1) ҳақиқӣ; 2. Дуввум, он сурате, ки ба танҳоӣ қоим ба зот нест; 3. Севвум, араз. Фарқ миёни […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (2)

Бахши дуввум Сайидюнуси Истаравшанӣ Матни рисола: Чунин фармояд Шайхурраис Ҳусайн ибни Абдуллоҳ ибни Сино (р) дар посухи пурсиши Шайх Абӯабдуллоҳ Фақеҳи Маъсумӣ: Ин рисолае, ки бино ба хоҳиши ту дар баёни моҳияти ишқ навиштаам, ҳафт фаслро дарбар мегирад: Фасли аввал: Дар баёни сараёни (ҷорӣ будани) ишқ дар ҳар […]

“Рисолаи ишқ”-и Ибни Сино (1)

Бахши аввал Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз рисолаҳои Ибни Сино “Рисолатул-ишқ” аст, ки онро – чунон ки дар оғози рисола омада — ба хоҳиши шогирдаш Абӯабдуллоҳ Фақеҳи Маъсумӣ нигоштааст. Ин рисола бо вуҷуди камии ҳаҷм, рисолаи пурборест. Аз ин рӯ, бар он шудам, то ин рисоларо аз арабӣ тарҷума […]