Метка: вируси куруно

Паёми нахуствазири Англис пас аз хуруҷ аз бемористон

Бо убури шумори фавтидаҳои вируси куруно дар Бритониё аз марзи 10 ҳазор нафар, нахуствазири ин кишвар, ки ба тозагӣ аз бемористон мураххас шуд, дар паёме видеоӣ, бар лузуми риояти муқаррароти қарантина таъкид ва аз кодри дармонии кишвараш ташаккур кард. Шумори фавтидаҳои вируси куруно дар Бритониё зарфи 24 соати […]

Ирсоли кӯмакҳои башардӯстонаи Ӯзбакистон ба Белорус

Ӯзбакистон барои мубориза бо шуюъи куруно, ба Белорус кӯмакҳои башардӯстона ирсол кард. Ин кӯмакҳои башардӯстона шомили москҳои филтрдор, дасткашҳои якбормасраф, либосҳои муҳофиз, маводди беҳдоштӣ ва дигар маводди пизишкии мавриди ниёз барои мубориза бо куруновирус аст. Ин кӯмакҳои башардӯстона ба Минск аз тариқи ҳавопаймои Вазорати дифоъи Ӯзбакистон мунтақил шудааст. […]

Даргузашти муфтии Ҷумҳурии Ингушетиё дар асари ибтило ба куруно – (Видео)

Шайх Абдурраҳмон Муртазонов, муфтии Ҷумҳурии Ингушетиёи Русия, дар асари ибтило ба вируси куруно даргузашт. Ба гузориши “РИА Новости”, дар рӯзи 10 апрел замоне, ки нишонаҳои бемории COVID-19 дар муфтӣ зоҳир шуд, ӯро ба бемористоне дар маркази Ингушетиё мунтақил карданд, вазъияти вахиме дошт, ӯро ба оксижен (кислород) муттасил карданд. […]

Назми ҷаҳон пас аз куруно ба ривояти Чомскӣ, Фукуёмо, Кисинҷер ва Ботлер

Шуюъи вируси куруно ва чигунагии тавоноии давлатҳо дар мубориза бо он, аз як сӯ баҳси коромадии низомҳои сиёсӣ ва аз сӯи дигар, гузор аз назми кунунӣ ба назми пасокуруноиро бар сари забонҳо андохтааст. Аксари мутафаккирон бар ин нуктаи меҳварӣ таъкид доранд, ки дар натиҷаи шуюъи вируси куруно, мо […]

Сабаби ваҳшати сарватмандон аз эпидемиҳо

Эпидемии куруновирус, бар асоси пешбинии созмонҳои ҷаҳонӣ, мумкин аст то ним милёрд нафарро ба зери хатти фақр бибарад ва ин рақам бо таваҷҷӯҳ ба нобаробариҳои иқтисодии мавҷуд дар пеш аз ин эпидемӣ, метавонад бисёр нигаронкунанда бошад. Чунин вазъияте метавонад таҳдиде бузург барои низоми сармоядории кунунии ҷаҳон бошад, чаро […]

Хонуми нахуствазир, муваффақ дар маҳори бӯҳрони куруно

Нюзиланд (Зеландияи Нав) кишвари ҷазираӣ дар ҳавзаи Уқёнусия мудирияти хубе барои маҳори куруно дар пеш гирифт ва ҳоло бо коҳиши ибтило ва танҳо 2 маврид маргу мир, дар ҳоли наздик шудан ба бастани парвандаи куруно дар ин кишвар аст. Ба гузориши Guardian, Нюзиланд аз ҳамон рӯзҳои аввали вуруди […]

Муҳаққиқони олмонӣ: “Танҳо 6 дарсади мубталоёни куруно дар ҷаҳон шиносоӣ шудаанд”

Тибқи таҳқиқоти ду коршиноси олмонӣ, кишварҳои ҷаҳон танҳо ҳудуди 6 дарсад аз мизони ибтило ба вируси куруноро шиносоӣ кардаанд ва ҳаҷми воқеии ибтило дар дунё даҳҳо милюн нафар аст. Натиҷаи таҳқиқоти ду коршиноси олмонӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми шуюъи куруно дар кишварҳои ҷаҳон бисёр бештар аз рақамҳои эъломшуда […]

Диплумосии фаъоли Ӯзбакистон дар ин рӯзҳои сахт

Талоши Ӯзбакистон аз замони шуюъи куруно дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва равобите, ки мақомоти ин кишвар бо ҳамсоягони худ гирифтаанд, нишон аз дурустӣ ва коромад будани диплумосии ин кишвар дар замони шуюъи ин вирус дар минтақа аст. Дар ҳоли ҳозир, муҳимтарин мавзӯъ дар ҷаҳон, вируси куруно ва даргир […]

Мудири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ мегӯяд таҳдид ба марг шудааст

Мудири кулли Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ аз таҳдид шудан ба марг ва тавҳинҳои нажодпарастона ба худ дар чанд вақти ахир хабар дод. Ба навиштаи вебсойти шабакаи хабарии NBC, Тедрус Одонум (Tedros Adhanom), мудири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Женев, мақарри ин созмон дар Суис (Швейтсария) […]

Ҷанги Эрон бо куруно дар қоби тасовир

Мақомоти Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе эълом карданд, ки шумори мубталоён ба вируси куруно ба беш аз 62 ҳазор маврид афзоиш ёфта ва наздик ба 4 ҳазор нафар низ дар натиҷаи ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

“Ҳеч гоҳ гумон намекардем, ки куруно кишвари моро то ба ин ҳадд бо чолиш мувоҷеҳ кунад”

Кей Коул Ҷеймз (Kay Cole James), аз аъзои собиқи давлати Ҷорҷ Буш ва яке аз раисони Кумитаҳои пажӯҳишии Бунёди Ҳеритиҷ (Heritage Foundation), мегӯяд, аз замони ҳамалоти 11 сентябр то кунун, кишвари мо бо таҳдиде чунин васеъ ва густурда мувоҷеҳ набудааст. Таҳдиде, ки бидуни он ки чизе дар зоҳир […]