Метка: вируси куруно

Раҳбари мусалмонони Испониё дар асари ибтило ба куруно даргузашт

Риёҷ Татарӣ, раҳбари мусалмонони Испониё ва раиси Кумисиюни исломӣ дар ин кишвар, дар асари ибтило ба вируси куруно даргузашт. Давлати Испониё дирӯз (душанбе, 6 апрел) даргузашти Татарии 72-соларо, ки чанд рӯз пеш ба иллати ибтило ба куруно дар бемористоне дар Модрид бистарӣ шуда буд таслият гуфт. Ҳамсари Татарӣ […]

Кабирӣ аз тахриби биноҳои таърихии шаҳри Душанбе изҳори нигаронӣ кард

Ба гузориши сойти Паём, Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки асри имрӯз (6 апрел) дар пахши мустақим ба мардум сӯҳбат кард, аз тамоми фаъолону огоҳон даъват намуд, ки аз тахриби биноҳои таърихӣ дар кишвар пешгирӣ кунанд. Ҳамчунин аз боло бурдани қимати интернет дар замоне, ки ҳама кишварҳо […]

Номаи раиси ҳавзаҳои илмияи Эрон ба Попи Вотикон

Оятуллоҳ Аърофӣ, раиси ҳавзаҳои илмияи Эрон, бо ирсоли номае ба Поп Фронсис, зимни ибрози ҳамдардӣ бо қурбониёни бемории куруно дар сар то сари ҷаҳон, барои ҳамкорӣ ва табодули таҷрибиёти марокизи илмӣ ва динӣ ва раҳбарони адёни осмонии ҷаҳон, эъломи омодагӣ кард. Ба гузориши Hawzahnews, матни нома бад-ин шарҳ […]

Нусхаи раисиҷумҳури Белорус барои куруно

Дар ҳоле, ки омори расмӣ аз қурбониёни куруно дар Белорус мунташир намешавад, раисиҷумҳури ин кишвар гуфтааст, ки ин беморӣ бо суно (сауна) ва кори сахт дар киштзор аз байн хоҳад рафт. Эълом нашудани омори расмии кушташудагон бар асари куруно дар Белорус мӯҷиб шудааст, ки шаҳрвандони ин кишвар бавежа […]

18 кишваре, ки куруно вориди онҳо нашуда

Дар ҳоле, ки куруновирус то кунун дар аксари минтақаҳои ҷаҳон шуюъ ёфта ва беш аз як милюн мубтало бар ҷой гузоштааст, шумори андаке аз кишварҳои ҷаҳон ҳанӯз даргири ин ҳамагирӣ нашудаанд. Бар асоси оморҳои расмии Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинз, 18 кишвар аз миёни 193 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид […]

Кисинҷер: “Шикаст дар муқобили чолиши куруно ҷаҳонро ба оташ хоҳад кашонд”

Вазири хориҷаи пешини Омрико зимни таъкид бар ниёзи Вошингтун ба ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон барои шикасти вируси куруно, ҳушдор дод, ки дар сурати адами иқдоми муносиб, эҳтимолан иқтисоди ҷаҳон барои чандин насл бо бӯҳрон рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Ба гузориши Daily Mail, Ҳенрӣ Кисинҷер, вазири хориҷаи […]

Бӯҳрони сиёсии Афғонистон ва таъсири он бар муқобила бо куруно

Раҳбарони давлатӣ ва аҳзоби сиёсии Афғонистон саргарми расидан ба саҳми худ дар қудрати сиёсӣ ҳастанд, дар ҳоле, ки вируси куруно дар ин кишвар рӯ ба густариш буда ва теъдоди афроди мубтало ба марзи 300 нафар расидааст. Ба гузориши хабаргузории Ирно, раҳбарони давлати Афғонистон саргарми чоназанӣ барои саҳми худ […]

Дар интиқод аз низомҳои демукротик муболиға накунем!

Тазаккур: Он чи дар ин ёддошт омада назари шахсии нигорандаи он аст ва лузуман ба маънои таъйиди он аз сӯи пойгоҳи Кимиёи саодат нест. Ба қалами Аҳмади Зайдободӣ, рӯзноманигор Расонаҳои расмии Эрон ба гунае хабарҳои шуюъи куруно дар ҷаҳонро пӯшиш медиҳанд, ки гӯё Чин дар ин маврид комилан […]

Назари Нуом Чомскӣ дар бораи шуюъи куруно дар Омрико

Нуом Чомскӣ, забоншинос ва файласуфи омрикоӣ, изҳор кард, ҳамагирии куруно бо таваҷҷӯҳ ба иттилооте, ки дар ин замина дар дастрас қарор дошт, қобили пешгирӣ буд ва дар октябри 2019 низ як размоиш (манёвр)-и густурда дар хусуси як ҳамагирии эҳтимолӣ тавассути Маркази Ҷон Ҳопкинз бо ҳамкории Маҷмаъи ҷаҳонии иқтисод […]

Вақте куруно ҷаҳлу таъассуби моро низ рӯ мекунад

Сайидюнуси Истаравшанӣ Шуюъи куруно дар ҷаҳон, нақсу камбудҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии фаровонеро дар бисёре аз ҷомеаҳо ва системҳо бармало кард, ки пас аз пушти сар гузоштани ин бӯҳрон, қатъан донишмандон ва назарияпардозон маҷбур ба бознигарӣ ва таҷдиди назар дар бисёре аз андешаҳо ва равишҳо дар арсаи […]

Гурбаҳо метавонанд омили интиқоли вируси куруно бошанд

Пажӯҳишгарони як муассисаи таҳқиқоти домпизишкии Чин дар тозатарин таҳқиқоти худ дарёфтаанд, ки гурбаҳо метавонанд вируси куруноро ба якдигар ва ҳатто ба дигар ҳайвонот интиқол диҳанд. Ба гузориши рӯзномаи Guardian, агарчӣ дар ин шароити густариши бемории куруно, соҳибони гурбаҳои хонагӣ тасаввур мекунанд ҳайвоноташон наметавонанд омили интиқоли вируси куруно бошанд, […]