Метка: Далер Шарифов

Созмони дидбони ҳуқуқи башар: “Мақомоти тоҷик фавран Далер Шарифовро озод кунанд!”

Масъули барномаҳои Урупо ва Осиёи Марказии Созмони дидбони ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), бо баёни ин ки “Далер Шарифов дар миёни шумори хеле ками журналистони мустақили Тоҷикистон аст, ки озодона назари худро баён мекард”, гуфтааст: “Мақомоти тоҷик бояд билофосила иттиҳомоти сохта нисбати ӯро бекор ва худи ӯро озод […]

Номаи Афви байналмилал ба Раҳмон бо дархости озодии фаврии Далер Шарифов

Афви байналмилал (Amnesty International) корзореро барои ҷамъоварии имзоҳо зери як нома ба Эмомалӣ Раҳмон бо талаби озодии рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифов оғоз кардааст. Ба гузориши сомонаи Ахбор, Афви байналмилал (Amnesty International), як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон, маъракаи ҷаҳониеро барои ҷамъоварии имзоҳо зери як нома ба президенти Тоҷикистон […]

Нақд бояд чӣ гуна бошад // Рисолаи Далер Шарифов ба унвони намуна

Сайидюнуси Истаравшанӣ Иддаои “бетарафӣ” хеле иддаои бузургу гунда аст, ва дар арзёбии масоил ҳар касе тавони якчунин иддаоеро надорад, ва шахсан банда мӯътақидам, мо дар дунё одами тамоман “бетараф” надорем, магар он ки аз ҷинси одам набошад. Зеро одам, то модоме ки одам аст, ӯ ба чизе боварманд […]

Баёнияи Вайсиддин Одинаев дар эътироз ба боздошти Далер Шарифов — (Видео)

Вайсиддин Одинаев, фаъоли тоҷики муқими Утриш (Австрия), ки ду рӯз аст дар назди Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар даст ба эътироз задааст, имрӯз (5 январ) баёнияе содир кардааст. Ӯ дар ин баёния, бо “ғайриқонунӣ” хондани боздошти Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик, хостори “озодии фаврӣ ва бе чуну чарои” ин […]

Дар куҷои ин рисола метавон даъват ба “теруризм”-ро пайдо кард? // Матни комили рисолаи “Муҳаммад (с) ва терроризм” ба қалами Далер Шарифов

То кунун беш аз ҳашт созмон ва даҳҳо рӯзноманигори дохилу хориҷ бо судури баёнияҳое, боздошти Далер Шарифов, рӯзноманигор ва фаъоли тоҷикро маҳкум ва хостори озодии фаврии ӯ шудаанд. Мақомоти Тоҷикистон Далер Шарифовро ба иттиҳоми “барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ ва динӣ” боздошт кардаанд. Аҷиб он, ки Додситонии (Прокуратураи […]

Далер Шарифов бо бемории қалбӣ рӯ ба рӯ шудааст

Сойти Паём бо такя ба манбаи худ гузориш кард, ки Далер Шарифов дар боздоштгоҳи муваққатӣ аз дарди қалб шикоят карда ва вазъаш чандон хуб нест. Ӯ гуфтааст, қаблан мушкиле дар қалбаш дошт ва ҳоло эҳсоси дарди бештар мекунад. Бар пояи ин гузориш, айни замон кормандони мақомоти интизомӣ мекӯшанд […]

Фарохон барои озодии Далер Шарифов

Ба маҳзи расонаӣ шудани хабари боздошти Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷик, корзори ҳимоят аз ӯ бо дархости озодии фавриаш, дар шабакаҳои маҷозӣ шурӯъ шудааст. Аз ҷумла рӯзномангор Шӯҳрати Раҳматулло ин ёддоштро гузоштааст: “Далер Шарифов, рӯзноманигори тоҷикро, рӯзи гузашта ба бозпурсӣ «даъват» кардаанд. Ба гуфтаи пайвандонаш ҳудуди 28 соат мешавад, […]

Далер Шарифов боздошт шудааст

Ба гузориши Родию Озодӣ, Далер Шарифов, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷикро, ки бо дидгоҳҳои мутафовиташ шинохта мешавад, рӯзи гузашта ба бозпурсӣ даъват кардаанд. Наздиконаш мегӯянд, бо гузашти ҳудуди 24 соат ӯ ҳанӯз раҳо нашудааст. Тибқи иттилои дарёфтӣ, Далер Шарифов дар Идораи амнияти ноҳияи Шоҳмансури Душанбе бозпурсӣ мешавад. Мақомот то […]

Паёмбар (с) ва хушунат

Пешгуфторе аз Меҳмоншоҳ Шарифзода бар рисолаи ҷадиди “Муҳаммад (с) ва терроризм”, таълифи Далер Шарифов Ба номи Худованди ҷону хирад Бешак шикасти низоми ҷаҳонӣ дар охири асри гузашта боиси шаклгирии фазои ҷанг, хунрезӣ ва хушунат гардид, ки бештари мардуми бо ном “ҷаҳони сеюм” ин фазо ва ин воқеиятро ҳанӯз […]