Метка: дин

Баҳсе дар бораи “миллият” ва “дин”

Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз мавориде, ки иштибоҳ мешавад – ва ҳатто дида мешавад бисёре аз огоҳон муртакиби ин иштибоҳ мешаванд – дар арзи ҳам қарор додани “миллият” ва “дин” аст. Ба ин маъно, ки яке мегӯяд: ман аввал тоҷикам баъд мусалмон, он яке ҳам мегӯяд: ман аввал мусалмонам […]

Ақл муқаддам аст бар нақл

Сайидюнуси Истаравшанӣ Агар ақлоният аз як ҷомеа рахт барбандад, ошуфтагӣ ва хушунат нахустин чизест, ки гиребони он ҷомеаро мегирад. Ақлоният яъне хирадварзӣ. Яъне бар мабнои ақлу хирад гом бардоштан, ба кӯмаки ақл пазируфтани чизе ва ба кӯмаки он радд кардани чизе. Вақте дар ҷомеае миёни ҳукком, давлатмардон ва […]

Оё сиёсат бо диёнат қобили ҷамъ нест?

Мақому мансаб аз дидгоҳи ислом, ба худии худ арзише надорад ва чизе нест, ки инсон ҳариси он бошад. Ва танҳо замоне арзиш пайдо мекунад, ки соҳибаш битавонад ҳақро ба ҳақдор бирасонад ва дар ҷомеа адолат барпо бидорад. Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар манобеи исломӣ ривоятҳои фаровоне ҳаст дар мазаммати риёсатхоҳӣ […]

Вақте мардум суолҳои динии худро аз ҳар касе мепурсанд

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Атен Жилсун (Étienne Gilson), филсуфи муосири фаронсавӣ, дар бораи осебшиносии фаҳми дин, ба як матлаби бисёр ҷолибе ишора мекунад. Ӯ мегӯяд, фаҳми дин дар миёни мардум ҳамеша бо ду мушкили асосӣ рӯбарӯ будааст: Мушкили аввал ин ки мардум маъмулан суолҳои динии худро аз ҳар касе […]

Мансурҷон Умаров ва маншаи ифротгароӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке аз вежагиҳои барҷастаи бештари мақомоти баландпояи кунунии Тоҷикистон, ки воқеан ҷои таассуф дорад, ин бесаводӣ аст. Муруре бар суханрониҳо ва гоҳе мақолаҳои онҳо дар мавзӯи ифротгароӣ, ки дар расонаҳо мунташир мешавад, нишон медиҳад, ки онҳо, на фақат огоҳии лозим ба донишҳои поя, ки ҳатто аз […]

Оё метавон Худобовар буд бидуни пойбандӣ ба дину шариат?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Посух ба ин пурсиш, ки: оё метавон Худобовар буд бидуни пойбандӣ ба дину шариат? Посухи ин пурсишро бо баёни чанд нукта баён медорам: 1) Пеш аз пардохтан ба асли масъала, лозим аст худи дин таъриф шавад. Дин, аз нигоҳи адёни иброҳимӣ, ба хусус ислом (феълан коре […]

Бозгашти дин: чаро ҷомеаҳо дубора ба имон рӯ овардаанд?

Ба қалами Нил Макгригор (Neil MacGregor) дар нашрияи Guardian Соли 1961, Юрий Гогорин ба фазо рафт ва аз он боло паёме ба замин фиристод: “Худое вуҷуд надорад!” Он айём, ҳар гоме, ки илм ба ҷилав бармедошт, дин даҳҳо қадам ақиб менишаст. Мӯъминон ояндаи ҷомеаашонро холӣ аз дину имон […]

“Оше”, ки қарор аст пухта шавад, ин дигар дин нест

Сайидюнуси Истаравшанӣ Яке ду рӯз пеш, яке аз азизон ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук мунташир кард мабнӣ бар ин ки динҳо рисолати худро адо кардаанд ва имрӯз дигар “фурсате фаро расида, ки аз ҳамаи китобҳои осмонӣ: Авасто, Таврот, Инҷил, Қуръон ва шариати динҳои мазбур гулчин намуда, фаразан […]

Фалсафа дӯсти шариат аст

Ба баҳонаи солрӯзи даргузашти Ибни Рушд Сайидюнуси Истаравшанӣ “Фалсафа дӯсти шариат ва хоҳари ӯст, аз як пистон шир нӯшидаанд. Ин ду ҳамнишин ва дар ҷавҳар ва сиришти худашон, дӯстдори якдигаранд.” (Ибни Рушди Андалусӣ) Имрӯзҳо мусодиф аст бо даргузашти файласуфи шаҳири исломӣ Ибни Рушд. Абулвалид Муҳаммад ибни Аҳмад ибни […]

Иддаоҳои Ҳафиз Бобоёров дар тарозуи мантиқ

Ба қалами Маҳмудхон Бурҳонов, коршиноси аршади фалсафа ва маорифи исломӣ Изҳори назарҳои Ҳафиз Бобоёров дар мавзӯи дин ва бахусус дини ислом, бо он ки аз назари “истидлол“ (исботи муддао бо далел) фоқиди ҳар гуна эътибор аст – зеро эшон ғолибан иддао мепароканад ва дида нашудааст, ки бар муддао […]