Метка: Достони ростон

Насронии ташна

(Се ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом) Насронии ташна Имом Содиқ роҳи миёни Макка ва Мадинаро тай мекард. Мусодиф, хидматкори маъруфи Имом низ ҳамроҳи Имом буд. Дар байни роҳ чашмашон ба марде афтод, ки худро рӯи танаи дарахте андохта буд. Вазъ оддӣ набуд. Имом ба Мусодиф фармуд: — Ба […]

Шоҳ ва ҳаким

(Чаҳор ҳикояти ибратомӯз) Шоҳ ва ҳаким Носируддиншоҳ (яке аз шоҳони Қочор дар Эрон) дар сафари Хуросон, ба ҳар шаҳре, ки ворид мешуд, тибқи маъмул тамоми табақот ба истиқбол ва диданаш мерафтанд ва мавқеи ҳаракат аз он шаҳр низ ӯро ҳамроҳӣ мекарданд, то ин ки вориди Сабзавор шуд. Дар […]

Шогирди баззоз

(Панҷ ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом) Шогирди баззоз Шогирди ҷавони баззоз (порчафурӯш) бехабар буд, ки чӣ доме дар роҳаш густарда шуда. Ӯ намедонист ин зани зебову муташаххис, ки ба баҳонаи хариди порча ба мағозаи онҳо рафту омад мекунад, ошиқи дилбохтаи ӯст ва дар қалбаш тӯфоне аз ишқу ҳавасу […]

Пули бобаракат

(Се ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом) Пули бобаракат Алӣ ибни Абӯтолиб аз тарафи Пайғамбари Акрам (с) маъмур шуд ба бозор биравад ва пероҳане барои Пайғамбар бихарад. Рафт ва пероҳане ба дувоздаҳ дирҳам харид ва овард. Расули Акрам пурсид: — Инро ба чӣ маблағ харидӣ? — Ба дувоздаҳ дирҳам. […]

Ҷувайбар ва Зулфо

— Чӣ қадр хуб буд зан мегирифтӣ ва хонавода ташкил медодӣ ва ба ин танҳоӣ хотима медодӣ, то ҳам ҳоҷати ту ба зан бароварда шавад ва ҳам он зан дар кори дунё ва охират кӯмаки ту бошад. — Эй Расули Худо! На мол дорам ва на ҷамол, на […]

Писари Ҳотам

(Ду ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом) Писари Ҳотам Қабл аз тулӯъи ислом ва ташкил ёфтани ҳукумати исломӣ, расми мулкутавоифӣ дар миёни арабҳо ҷорӣ буд. Мардуми араб ба итоат ва фармонбардории руасои худ одат карда буданд ва аҳёнан ба онҳо боҷу хироҷ мепардохтанд. Яке аз руасо ва мулкутавоифи араб, […]

Марди ношинос

(Се ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом) Марди ношинос Зани бечора машки обро ба дӯш кашида буд ва нафас-нафасзанон ба сӯи хонааш мерафт. Марде ношинос ба ӯ бархӯрд ва машкро аз ӯ гирифт ва худаш ба дӯш кашид. Кӯдакони хурдсоли зан чашм ба дар дӯхта мунтазири омадани модар буданд. […]

Ҷӯёи яқин

(Се ҳикояти дарсомӯз аз таърих) Ҷӯёи яқин Дар ҳамаи кишвари азими салҷуқӣ, Низомияи Бағдод ва Низомияи Нишопур мисли ду ситораи равшан медурахшиданд. Толибони илм ва ҷӯяндагони биниш, бештар ба яке аз ин ду донишгоҳи азим ҳуҷум меоварданд. Риёсат ва курсии бузурги тадриси Низомияи Нишопур, дар ҳудуди солҳои 450-478 […]

Демосфен

(Ду ҳикояти ибратомӯзи таърих) Демосфен Демосфен (Démosthène), хатиб ва сиёсатмадори маъруфи Юнони қадим, ки бо Арасту дар як сол мутаваллид ва дар як сол даргузаштаанд, аз оғози рушду тамйиз ва солҳои наздики булуғ барои эроди суханронӣ омода мешуд, вале на барои он ки воиз ва муаллими ахлоқи хубе […]

Донишҷӯи бузургсол

(Ду ҳикояти дарсомӯз) Донишҷӯи бузургсол Саккокӣ марде филиззкор ва санъатгар буд, тавонист бо маҳорат ва диққат давоте бисёр зариф бо қуфле зарифтар бисозад, ки лоиқи тақдим ба подшоҳ бошад. Интизори ҳама гуна ташвиқу таҳсин аз ҳунари худ дошт. Бо ҳазорон умеду орзу онро ба подшоҳ арза кард. Дар […]