Метка: Достони ростон

Мустаманд ва сарватманд

(Се ҳикояти дарсомӯз аз таърихи ислом) Мустаманд ва сарватманд Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) тибқи маъмул дар маҷлиси худ нишаста буд. Ёрон гирдогирди ҳазраташ ҳалқа зада ӯро монанди нигини ангуштар дар миён гирифта буданд. Дар ин байн, яке аз мусалмонон — ки марди фақири жандапӯше буд — […]

Марде, ки андарз хост

(Се достони дарсомӯз) Марде, ки андарз хост Марде аз бодия ба Мадина омад ва ба ҳузури Расули Акрам расид. Аз он ҳазрат панде ва насиҳате тақозо кард. Расули Акрам ба ӯ фармуд: — Хашм магир … Ва беш аз ин чизе нафармуд. Он мард ба қабилаи хеш баргашт. […]

Аъробӣ ва Расули Акрам (с)

(Ду достони зебо ва дарсомӯз) Аъробӣ ва Расули Акрам (с) Арабе биёбонӣ вориди Мадина шуд ва яксара ба масҷид омад, то магар аз Расули Худо симу заре бигирад. Ҳангоме ворид шуд, ки Расули Акрам дар миёни анбӯҳи асҳобу ёрони худ буд. Ҳоҷати хешро изҳор кард ва атое хост. […]

Мусалмон ва китобӣ

(Чанд достони дарсомӯз) Қофилае, ки ба ҳаҷ мерафт Қофилае аз мусалмонон, ки оҳанги Макка дошт, ҳамин ки ба Мадина расид, чанд рӯзе таваққуф ва истироҳат кард ва баъд, аз Мадина ба мақсади Макка ба роҳ афтод. Дар байни роҳи Макка ва Мадина, дар яке аз манозил, аҳли қофила […]

Чаҳор ҳикояти омӯзанда

Хоҳиши дуо Шахсе бо ҳаяҷону изтироб ба ҳузури Имом Содиқ (алайҳис-салом) омад ва гуфт: — Дар бораи ман дуое бифармоед, то Худованд ба ман вусъати ризқе бидиҳад, ки хеле фақир ва тангдастам. Имом фармуд: — Ҳаргиз дуо намекунам. Пурсид: — Чаро дуо намекунед? Имом фармуд: — Барои ин […]

Марде, ки кӯмак хост

Ба гузаштаи пурмашаққати хеш меандешид, ба ёдаш меафтод, ки чӣ рӯзҳои талху пурмароратеро пушти сар гузошта; рӯзҳое, ки ҳатто қодир набуд қути рӯзонаи зану кӯдакони маъсумашро фароҳам намояд. Бо худ фикр мекард, ки чӣ гуна як ҷумлаи кӯтоҳ — фақат як ҷумла — ки дар се навбат пардаи […]

Расули Акрам (с) ва ду ҳалқаи ҷамъият

Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) вориди масҷид (масҷиди Мадина) шуд, чашмаш ба ду иҷтимоъ афтод, ки аз ду даста ташкил шуда буд, ва ҳар дастае ҳалқае ташкил дода саргарми коре буданд. Як даста машғули ибодату зикр, ва дастаи дигар ба таълиму таъаллум ва ёд додану ёд гирифтан […]