Метка: ДОЪИШ

Созмони иттилооти хориҷии Русия: “Тавтиъаи Арабистон барои бомбборони Макка ва нисбат додани он ба Ансоруллоҳ”

Созмони иттилооти хориҷии Русия (СВР) аз тарҳи Омрико ва Арабистон барои бомбборони шаҳри муқаддаси Макка хабар дод. Пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии хабарии Alkhabarpress ба нақл аз Созмони иттилооти хориҷии Русия (СВР) гузориш дод, Омрико ва Арабистон қасд доранд, шаҳри муқаддаси Макка ба вижа Каъба ва манотиқи муҷовири онро бомбборон ва […]

Чароии пайвастани сарҳанг Ҳалимов ба ДОЪИШ аз назари Дориюши Раҷабиён

Дориюши Раҷабиён, бо таъкид бар ин ки “роҳи мубориза бо ифротгароӣ мумонеъат аз дастрасии мардум ба масҷиду китоби динӣ нест” хотирнишон кард: “Роҳи пайкор бо ифротгароии ъақидатӣ сирфан эҷоди фазои бози донишию иттилоъотӣ ва интишори андешаҳои созанда аст. Осори ҷаҳонро бояд мунташир кард. Пулашро надорем? Ҳамаи он осор […]

Эрон танҳо қудрате, ки метавонад ДОЪИШ-ро нобуд кунад

Таҳлиле аз Грег Остин (Greg Austin) дар New Europe Дар соли 1978, соли инқилоби Эрон, давлати кумунисти Ветном Комбуҷ (Камбоджа)-ро, ки бо наслкушии хемерҳои сурх (красные кхмеры) рӯ ба рӯ шуда буд, ишғол кард. Ин ишғол ба суръат равобити истротежики ҷаҳониро қутбӣ кард ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ аз […]

Ҳукумати Тоҷикистон, Гулмурод Ҳалимов, ҲНИТ, ДОЪИШ…

Дар ҳоле ки ниҳодҳои интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон ба далели “мубориза бо падидаи ифротгаройии динӣ”, машғули сиёҳ кардани чеҳраи ҲНИТ ва костан аз шаън ва ҷойгоҳи ин ҳизби мӯътадили исломӣ дар ҷомеа бо эъмоли фишорҳои тоқатфарсо бар он ва муҳокимаи аъзо ва раҳбарони ин ҳизб ба иттиҳомоти бемаврид […]

Билохира, сару каллаи Гулмурод Ҳалимов пайдо шуд

Соатҳое пеш дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук филме дар бораи сарҳанг Гулмурод Ҳалимов, сардори ОМОН-и Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон пахш шуд. Ӯ дар ин филми чанд дақиқаӣ бо либоси сиёҳ, ки вижаи ҷангҷӯёни гурӯҳи теруристии ДОЪИШ мебошад зоҳир шуда ва худро муаррифӣ кардааст. Гулмурод Ҳалимов дар ин филм, пас […]

Асорати садҳо доъишӣ дар нахустин рӯзи амалиёти озодсозии Аланбор (филм)

Нерӯҳои мардумии Ироқ мавсум ба “Алҳашдуш-шаъбӣ” ҳамзамон бо оғози амалиёти озодсозии устони Аланбор, чандсад узви гурӯҳи теруристӣ-такфирии ДОЪИШ-ро наздики маркази ин устон ба асорат гирифтанд. Ба гузориши расонаҳои ироқӣ, дар нахустин рӯзи амалиёти озодсозии устони Аланбори Ироқ, нерӯҳои амниятӣ, басиҷи мардумӣ мавсум ба “Алҳашдуш-шаъбӣ” ва ашоири аҳли суннати […]

“Рамодӣ комилан муҳосира аст… Аланбор ба зудӣ озод мешавад”

Дар ҳоле ки нерӯҳои мардумии Ироқ аз муҳосираи комили шаҳри Рамодӣ хабар доданд, нахуствазири ин кишвар эълом кард: “Аланбор ба зудӣ аз лавси вуҷуди ДОЪИШ пок хоҳад шуд.” Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Alsumaria, Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ, пас аз эъломи оғози амалиёти Аланбор, эълом кард, ки ин устон […]

Кисинҷер: “Бигузоред, мусалмонон ҳар чӣ метавонанд, ҳамдигарро бикушанд”

Ҳамзамон бо шиддат гирифтани таҳаррукоти теруристӣ дар минтақа, Ҳенри Кисинҷер (Henry Kissinger), вазири хориҷаи асбақи Омрико ва сиёсатмадори яҳудтабор ва кӯҳанкоре, ки бархе вайро “меъмори сиёсати хориҷӣ”-и чанд даҳаи гузаштаи Омрико медонанд, ба матлабе эътироф мекунад, ки бояд онро рамзи таҳаввулоти ахири минтақа ва посух ба муаммоҳои рӯйдодҳои […]

Оё Шайх Абдурраҳмон Судайс аз тавтиъаҳои саҳюнистҳо огоҳ аст?

Аз умдатарин айбҳои мусалмонони ҷаҳон дар қарни ҳозир, яке бехабарӣ ва адами огоҳии онон бо дасисаҳо ва тавтиъаҳои душманони қасамхӯрдаи Ислом ва мусалмонон аст, ва дигарӣ, адами ташхиси дӯст аз душман. Бештари балоҳо ва мусибатҳое, ки имрӯзҳо домангири мусалмонон шудааст, ба хотири ҳамин ду омил мебошад. Имрӯз, се […]

Салафиҳои тоҷик; косаҳое доғтар аз ош

Салафӣ дида будам, аммо салафӣ аз навъи тоҷикашро тоза мебинам, ки ба қавли мо истаравшаниҳо, “рӯзаки сиёҳ” будааст. Дар ҳоле ки бештари уламои аҳли суннат ва ҷамоат ва ҳатто тундравоне аз онҳо мисли салафиҳо, ки ба сароҳат аз ДОЪИШ эъломи безорӣ ва бароат мекунанд, вале дар ин миён […]

Арабистон ҳувияти омили инфиҷори масҷиди шиъаён дар ин кишварро эълом кард

Пас аз он ки гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ҳодисаи рӯзи гузашта дар масҷиди шиъаён дар минтақаи Қатифи Арабистонро бар ӯҳда гирифт, сухангӯи Вазорати кишвари Арабистон эълом кард: “Омили интиҳории масҷиди шиъаён дар Қатиф, Солеҳ Абдураҳмон ал-Қашъамӣ ном дорад.” Ба гузориши шабакаи Аларабия (вобаста ба Оли Сауд), сухангӯи Вазорати кишвари […]