Метка: ДОЪИШ

Нақшаи ДОЪИШ барои чигунагии идомаи бақо фош шуд

Хабаргузории Associated Press нақшаҳои ДОЪИШ барои идомаи бақо пас аз шикастҳои ахирро фош кард. Ин хабаргузорӣ ба нақл аз манбаъ навишт: “ДОЪИШ дар талош аст бо кӯмаки гурӯҳҳои ҷаҳонӣ зерсохтҳои созмони ҷадиде барои идома бақо эҷод кунад.” Бар пояи ин гузориш, ба зудӣ гурӯҳе муташаккил аз пасмондаҳои гурӯҳи […]

Интиқоли теруристҳо аз Ироқ ва Сурия ба Афғонистон

BBC арабӣ дар гузорише навишт: “Интиқоли теруристҳо ба манотиқи саҳроӣ, кӯҳистонӣ ва саъбулубур дар кишварҳое ҳамчун Афғонистон ва Либӣ, ҷиддитарин сенорию барои марҳилаи пасодоъиш дар Ироқ ва Сурия аст”. Сойти ВВС арабӣ дар гузорише бо унвони “Аносури мусаллаҳи ДОЪИШ баъд аз Мавсил ба куҷо мераванд?”, ба сенориюҳои марҳилаи […]

ДОЪИШ пас аз шикаст ба куҷо хоҳад рафт?

Ёддошти Аҳмад Абдулваҳҳоб дар рӯзномаи Алаҳром “Бояд бо ДОЪИШ ва амсоли он, ба шадидтарин шакли мумкин мубориза кард, ҳатто агар камтарин аҳаммиятро дошта бошад. Ҳатто ин ҳам кофӣ нест. Балки то замоне ки бархӯрде бо решаҳои ифрот, ки ҳар гуна тасоҳул ва тасомуҳи диниро барнаметобад сурат нагирад, ДОЪИШ […]

Амири Қатар пирӯзӣ дар Мавсилро ба сарони Ироқ табрик гуфт

Дар пайи пирӯзиҳои ахири нерӯҳои ироқӣ дар Мавсил, амири Қатар ин пирӯзиҳоро ба сарони Ироқ табрик гуфт. Ба гузориши Русия ал-явм, Шайх Тамим бен Ҳамад Оли Сонӣ, рӯзи ҷумъа бо ирсоли ду телегроф, хитоб ба Фуод Маъсум, раисиҷумҳури Ироқ ва Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири ин кишвар, озодсозии Мавсил аз […]

Эрон мақарри фармондеҳии ДОЪИШ дар Сурияро мушакборон кард

Сипоҳи Посдорони Эрон мақарри фармондеҳии ДОЪИШ дар Сурияро, бо ҳадафи муҷозоти омилини ҷинояти теруристии ахири Теҳрон, мушакборон кард. Ба гузориши хабаргузории Форс, Сипоҳи Посдорони Эрон дар баёнияе, аз ҳамлаи мушакӣ ба мақарри фармондеҳӣ ва марокизи таҷаммӯъ ва пуштибонии теруристҳои такфирӣ дар Дейраззури Сурия, бо ҳадафи муҷозоти омилини ҷинояти […]

Тӯп дар замини Тромп аст

(Ҳамалоти теруристӣ дар Теҳрон, хатари ҷанги Эрон ва Арабистон) Ёддошти Сайидҳусайни Мӯсавиён (муовини асбақи сиёсати хориҷии Шӯрои олии амнияти миллии Эрон) дар рӯзномаи Huffington Post Порлумони Эрон ва марқади бунёнгузори Ҷумҳурии Исломӣ дар рӯзи чаҳоршанбеи гузашта мавриди ҳамалоти теруристӣ қарор гирифт. Ин аввалин амалиёти муҳимми ДОЪИШ дар дохили […]

“Натиҷаи ин аъмол афзоиши нафрат аз Омрико ва авомили он ҳамчун Саудӣ аст”

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме бо ибрози ҳамдардӣ бо хонаводаи шуҳадои ҳодисаи теруристии Теҳрон, гуфт: “Натиҷаи қатъии инҳо чизе ҷуз афзоиши нафрат аз давлатҳои Омрико ва авомили онон дар минтақа ҳамчун Саудӣ нест”. Ба гузориши хабаргузории Форс, дар пайи ҳодисаи теруристӣ дар рӯзи дувоздаҳуми моҳи мубораки Рамазон дар Теҳрон, […]

Нерӯҳои ироқӣ сохтмони телевизиюни давлатӣ дар Мавсилро ба контроли худ дароварданд

Сохтмони телевизиюни давлатии Ироқ дар соҳили чапи Мавсил ба контроли нерӯҳои ироқӣ даромад. Ба гузориши хабаргузории Associated Press, нерӯҳои ироқӣ сохтмони телевизиюни давлатӣ дар соҳили чапи Мавсилро ба контроли худ дароварданд. Телевизиюни Ироқ имрӯз ҳамчунин аз вуруди нерӯҳои ироқӣ ба рустои Кукҷалӣ дар муҷовирати аввалин маҳаллаҳои шарқии Мавсил […]

Ардуғон: “Омрико ва Арабистон бо ҳам ДОЪИШ-ро ба вуҷуд овардаанд”

Раисиҷумҳури Туркия гуфт, Омрико ва Арабистони Саудӣ дар соли 2009 ДОЪИШ-ро ба вуҷуд оварданд, то теруризм дар минтақа ривоҷ ёбад, ки ба нафъи ҳар як аз ин ду кишвар будааст. Ба гузориши рӯзномаи Dayli Sabah (Туркия), Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, дар як суханронӣ дар минтақаи Айнакул аз […]

Тарошидани риш барои доъишиҳо ҳалол шуд

Нерӯҳои ДОЪИШ ришҳои худро тарошида ва ба сурати мутафовит дар сатҳи шаҳр зоҳир мешаванд. Шабакаи хабарии CNN ба нақл аз шоҳидони айнӣ мегӯяд, ДОЪИШ дар ҳоли эъзоми муҳоҷимони интиҳорӣ аз Сурия ба шаҳри Мавсил дар Ироқ аст. Даҳҳо ҳазор сарбоз ва нерӯи низомии Ироқ Мавсилро муҳосира кардаанд, то […]

Ардуғон: “Риққа ҳадафи баъдии “Сипари Фурот” хоҳад буд”

Раисиҷумҳури Туркия бо баёни ин ки дар тамосе телефонӣ бо раисиҷумҳури Омрико, нақшаҳояш дар бораи Сурияро ба ӯ иттилоъ додааст, аз амалиёти нерӯҳои таҳти ҳимояти Туркия барои озодсозии Риққа хабар дод. Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, эълом кард, низомиёни ин кишвар дар шимоли Сурия баъд аз озодсозии ду […]