Метка: Дунолд Тромп

Омрико сафорати худ дар Қудси ишғолиро расман ифтитоҳ кард / Шумори шуҳадои фаластинӣ ба 40 нафар расид

Дар ҳоле, ки низомиёни режими саҳюнистӣ тазоҳуроти фаластиниҳоро ба хоку хун кашида ва то кунун 40 нафарро ба шаҳодат расонда ва ҳудуди 1700 нафарро захмӣ карданд, Иёлоти Муттаҳида ба сурати расмӣ ифтитоҳи сафорати худ дар Қудси ишғолиро эълом кард. Ба гузориши расонаҳо, Иёлоти Муттаҳида ба сурати расмӣ ифтитоҳи […]

Раҳбари Эрон: “Даъвои Омрико бо мо бунёдӣ аст ва бо асли Ҷумҳурии Исломӣ мухолиф аст”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо баёни ин ки “масъалаи ҳастаиро ба шакле, ки мухолифони Эрон мехостанд қабул кардем ва зери бор рафтем, аммо душмании Омрико ва баҳонагирии онҳо тамом нашуд” гуфт: “Агар фардо эълом кунед, ки дигар мушак тавлид намекунем ё бурди онҳоро маҳдуд мекунем ва ин масъала тамом мешавад, […]

Ҳунари тағйири режим

Мақолае аз Истефен Волт (Stephen Walt) дар нашрияи Foreign Policy Ҳамон гуна, ки интизор мерафт, Дунолд Тромп дар баробари нафси худ таъзим кард: ҳасодати шармовараш нисбат ба Борок Убомо, боҷҳое, ки аз тундравҳо гирифтааст, мушовирони ҷадиду тундрави вай, ва болотар аз ҳама, ҷаҳолату нодониаш ва хуруҷ аз тавофуқи […]

Омрико аз Барҷом хориҷ шуд / Тромп: “Болотарин сатҳи таҳримҳоро алайҳи Эрон эъмол мекунем”

Раисиҷумҳури Омрико рӯзи сешанбе тасмими худро дар бораи Барҷом (Барномаи ҷомеъи иқдоми муштарак) ё ҳамон “тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1” эълом кард ва гуфт: “Хуруҷ аз Барҷом, Омрикоро бисёр амнтар хоҳад кард.” Эрон ва панҷ кишвари узви доими Шӯрои амнияти Созмони Милал (Омрико, Фаронса, Ангилис, Русия ва […]

Тромп: “Фардо тасмими худам дар бораи Барҷомро эълом хоҳам кард”

Раисиҷумҳури Омрико дишаб дар ҳисоби корбариаш дар Твиттер навишт, фардо (сешанбе) тасмими худ дар бораи Барҷомро эълом хоҳад кард. Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дишаб эълом кард, фардо (сешанбе, 08.05.2018) соати 14 ба вақти Вошингтун тасмими худ дар бораи тавофуқи ҳастаии Эронро эълом хоҳад кард. Вай дар Твиттер навишт: […]

Иддаои аҷибу ғариби Тромп

Раисиҷумҳури Омрико дар мусоҳибае муддаӣ шуд: “Онҳо (эрониҳо) одат доштанд, ки фарёди “Марг бар Омрико!” сар диҳанд. Онҳо алъон ин шиорро сар намедиҳанд. Онҳо алайҳи ӯ (Убомо) ин фарёдро сар медоданд, аммо на алайҳи ман.” Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, дар мусоҳиба бо барномаи Fox & Friends, муддаӣ шуд, […]

Оё демукросӣ-масеҳӣ метавонад Омрикоро аз Тромп наҷот бидиҳад?

Ба қалами Корлу Инвернизӣ (Carlo Invernizzi) дар нашрияи Guardian Аз замони интихоб шудани Дунолд Тромп, ҷаноҳи чапи Омрико бо ин суоли сахт рӯ ба рӯст: чӣ тавр бояд ба зуҳури Тромп вокуниш нишон диҳад? Ҳамчунин ростиҳо ҳам ниёз ба гуфтугӯҳои ҷиддӣ бар сари ояндаи Омрико доранд. Дар системи […]

Паёмҳои ҳамлаи Тромп ва муттаҳидонаш ба Сурия

Ёддошти Амруллоҳи Низом Зӯр бо зӯр намеҷангад. Зӯрҳо ба хотири худнамоӣ заъифтарҳоро мезананд, то чашми дигарҳо битарсад. Ҳамлаи бомдоди имрӯзи Амрико ва муттаҳидонаш ба Сурия филмномаи ҷанги филҳо бо мӯрчаҳоро ба намоиш гузошт. Зӯрҳо хонаву кошона ва мулку дороиҳои милливу табиъии заъифҳоро барои худ макони озмоиш медонанд. Амрико […]

Назари ҷолиби Чомски дар бораи Тромп ва атрофиёнаш

Нуом Чомски (Noam Chomsky), назарияпардоз, муаррих, файласуф ва забоншиноси барҷастаи омрикоӣ, мегӯяд, ки тарафдорони мутаъассиби Тромп мӯътақиданд Исо (а) мегӯяд, бояд аз Тромп пуштибонӣ кунед. Вай дар гуфтугӯ бо хабарнигори рӯзномаи Эрон ҳамчунин гуфт, Тромп комилан дунболарави хатти “Исроил” ва Арабистони Саудӣ аст. Дар идома машрӯҳи ин мусоҳибаро […]

“Твиттҳои ҳоливудии Тромп меҳвари муқовиматро наметарсонад”

Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо ишора ба таҳдидҳои ахири раисиҷумҳури Омрико алайҳи Сурия гуфт: “Твиттҳо ва таҳдидҳои ҳоливудии Тромп на Эронро метарсонад ва на Сурияро ва на меҳвари муқовиматро.” Ба гузориши хабаргузории Форс, Сайидҳасан Насруллоҳ асри ҷумъа (13.04.2018) дар суханронии худ дар ҳамоише дар Бейрут, пойтахти […]