Метка: дурӯғ

Дурӯғҳои шохдори як файласуфнамо

Агар дар ин баёния, чизе пайдо кардед, ки битавон аз лобалои он, “ҳадафҳо”-и мавриди назари шумо истинбот шавад, дар ин сурат, воқеан шоистаи унвони “доктори илмҳои фалсафа” ҳастед, вагарна, касе ҷуз як пиёданизоми “Фабрикаи ҷавоб” нестед. Сайидюнуси Истаравшанӣ Дурӯғ ё шохдор аст ё бешох. Дурӯғи шохдор он аст, […]

Умри дурӯғ кӯтоҳ аст // Чаро имперотурии “Фюрер” фурӯ рехт?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳамон тавр ки инсонҳо бар фитрати ростӣ офарида ва сиришта шудаанд, ҷаҳони ҳастӣ низ бар асоси ростӣ ва дурустӣ ва адолат барпо шудааст. Ба сухани дигар, инсонҳо – қатъи назар аз ақоиду афкор ва гароишҳояшон, чӣ ин ки Худобовар бошанд ва чӣ мулҳид – хештанро чунон […]

Умри дурӯғ кӯтоҳ аст

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Имрӯз режим ду хабари бардурӯғи худ роҷеъ ба ҲНИТ-ро аз ду сойти худ ҳазф кард. Яке, овардани исми ҲНИТ дар зимни гӯё тафоҳумномаи Тоҷикистон бо Эрон дар бораи мубориза бо ташкилотҳои теруристӣ, ки дар сойти расмии Вазорати умури хориҷа нашр шуда буд. Дуввум бӯҳтонномаи навбатӣ […]

Дурӯғӯён

Ба қалами Луқмон Бойматов Эътироз Одамон худ дурӯғро офариданд. Аз ғояти кибр, Худояшонро мутаҳҳам карда ва бо шиква ҳам мегуфтанд: — Эй, кош Худованд дурӯғро намеофарид! Фариштае фармуд: — Дурӯғгӯён ҳаргиз мӯътабар нахоҳанд шуд, зеро ки дурӯғ бачаи ҳаромзодаи ахлоқ аст. Нопокон бо дурӯғҳояшон дунёи ҳақиқиро ҳам шабеҳи […]

Се дурӯғи бузург ба номи илм

Оё пешрафти илм дунёро ба ҷойи беҳтаре табдил кардааст? Шояд натавонем ин пурсишро бо қотеъият посух диҳем, аммо имрӯз, дар даврони авҷи пешрафтҳои илмӣ, як чизро бо итминон медонем: борҳо ба номи илм, ба инсонҳо хиёнат шудааст ва ин хиёнат, дар заминаҳои мухталиф иттифоқ афтодааст. Дар ин миён, […]

Оё ҳақ ва адолат дар ҷаҳон ҳумфармост ё зулм ва ботил?

Ин пурсиш ба назарам барои ҳар як аз мо матраҳ аст, ки оё дар ҷаҳон ҳақ, ростӣ, адолат ва дурустӣ ҳумфармост ё ботил, дурӯғ ва ситам? Бисёреҳо — бо таваҷҷӯҳ ба рафтор ва кирдори ағлаби фармонравоён, подшоҳон ва ҳукком аз замонҳои дур то ба имрӯз – чи басо […]

Бадтарин шакли диндорӣ

Сайидюнуси Истаравшанӣ Бадтарин шакли диндорӣ он аст, ки соҳибаш фоқиди он бошад. Яъне, чизеро, ки ӯ муддаъист дорад, шумо онро пеши вай наёбед. Масалан, як мусалмони диндор, ки қоъидатан бояд пойбанд ба ислом бошад, шумо исломро пеши вай наёбед. Як ривоят аз ҳазрати Паёмбар (с) нақл шудааст, ки […]

Ҷомеаи Омрико ба дурӯғгӯ будани сиёсатмадорон аҳаммияте намедиҳад

Мақолае аз Эрик Зусе (ERIC ZUESSE), муаррих ва нависанда, дар нашрияи Strategic Culture Дар Иёлоти Муттаҳида аксари раъйдиҳандагон ё демукрот ҳастанд ё ҷумҳурихоҳ. Ва масалан ҷумҳурихоҳон Ҷорҷ Буши писарро ҳатто бо вуҷуди ин ки дар мавзӯи ҳамла ба Ироқ ба мо дурӯғ гуфт мепазиранд. Ва демукротҳо Борок Убоморо […]

Муроқиби забонатон бошед!

Забон, ба қавли Имом Ғаззолӣ (р) ҳарчанд кучак, вале «ҷинояташ бас бузург» аст. Гоҳе бузургтарин гуноҳон ва ҷиноятҳо дар натиҷаи раҳосозии лиҷоми забон ба амал омада. Аз ин рӯ, шариат таъкид дорад, ки мардум муроқиби забонашон бошанд. Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) фармудаанд: مَنْ صَمَتَ نَجَى «Ҳар кӣ […]

Торихчаи «1 апрел» // Намунаҳое аз шӯхиҳои бомазза

Аввалин рӯзи моҳи апрел ҳамасола дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо гуфтани дурӯғҳое ба шӯхӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба «Рӯзи дурӯғи апрел» маъруф аст. Дар ин рӯз милюнҳо нафар дар саросари ҷаҳон бо гуфтани дурӯғҳое ҷолиб якдигарро сари кор гузошта ва лаҳазоте шод дар канори хонавода, […]