Метка: Забони порсӣ

Раҷабиён порсиситезонро ба чолиш кашид

Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори тоҷик, дар фарохоне, касонеро, ки ба гуфтаи ӯ, “шабурӯз ба фикри таку потак ъалайҳи фарзандони Рӯдакию Фирдавсӣ ҳастанд ва бо тавассул ба дурӯғу туҳмату таҳдид мехоҳанд бо онҳо муқобила кунанд”, ба чолиш кашид ва бо мухотаб қарор додани онҳо эълон кард, ки метавонанд “дар як […]

Комилзода: “Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ бояд дар дастраси мардум қарор бигирад”

Аҳмадшоҳ Комилзода, фаъоли фарҳангии тоҷик, дар ёддоште, бо ишора ба ин ки дар Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ (2013) тағйироти зиёд ворид шудааст ва хеле аз ин ислоҳот барои тозакории истифодаи забон хубу бамавриданд, таъкид кард: “Бо таассуф, ин китоб дастраси мардум нест ва он барои чор танга пул […]

Зарфиятҳои алифбои порсӣ дар Осиёи Марказӣ: гузар аз русисозии Шӯравӣ ба миллигароии қавмӣ

Дар давраи ҳокимияти кумунистҳо, ки ҳамроҳ бо неҳзати саводомӯзии густурдаи мардуми минтақа буд, нуфузи амиқи алифбои сирилик сурат гирифт, бо ин ҳол, пас аз фурӯпошӣ, кишварҳо талошҳои гуногуне барои бозгашт аз ин раванд сурат доданд. Гузориши Tasnimnews а) Нигоҳе ба кулли минтақаи Осиёи Марказӣ Бо вуқӯи инқилоби октябр, […]

Дидгоҳҳои дуктур Муллоҷонов дар бораи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ ва номи забони давлатӣ

(Тарҷумаи ёддоште аз дуктур Парвиз Муллоҷонов дар Фейсбук) Дирӯз дар шабакаи иҷтимоӣ бо ҳамкоронам баҳсу гуфтугӯе доштем дар бораи забонҳои помирӣ ва яғнобӣ. Ба назари ман, ин масъала барои ҷомеаи Тоҷикистон ва ояндаи кишвар, бисёр муҳим аст. Ба ҳамин ҷиҳат, лозим медонам чанд калима дар ин мавзӯъ бигӯям, […]

Шибҳиқорраи Ҳинд; чаро форсӣ ҷояшро ба забони ангилисӣ дод?

Ба қалами Ризо Муҳаммадӣ дар вебгоҳи ВВС форсӣ Имрӯза хелеҳо мепурсанд, чӣ тавр шеъри Ҳофиз тӯтиёни ҳиндиро дар қарни 8 ҳиҷрӣ шакаршикан мекарда, агар бидонанд, ки шеъри Ҳофиз хонандагони бештаре дар Ҳиндустон дошта, шояд таъаҷҷуб кунанд. Шакаршикан шаванд ҳама тӯтиёни Ҳинд, З-ин қанди порсӣ, ки ба Бангола меравад. […]

Номаи саргушодаи Порсӣ Анҷуман ба сарриштадорони Тоҷикистон

Бо дуруд! Ба Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҷаноби Эмомъалии Раҳмон, Ба Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ъолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Муҳаммадсаъид Убайдуллоев, Ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Ъолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Шукурҷон Зуҳуров, Ба намояндагони Маҷлиси Ъолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Медонем, ки садаи бистум бисёр талху дарднок барои забони порсӣ дар […]

Оё вақти он нарасидааст, ки забони худро аз асорати хатти кириллӣ раҳо кунем?

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов Яке аз осебҳои ҷуброннопазири ин дабираи ночасбони кириллӣ бар фарҳанги мо, осеби забонӣ аст. Ин дабира забони мисли асал ширину гуфтори мисли булбул гӯёи моро, табдил ба забони лангу лолу гуфтори тангу тор намуд. Ин забон дар тӯли торих зеботарин осорро офарида, ширинтарин ашъорро суруда […]

ТС ё чаро мо бояд забонамонро ҳафт ҷо бишканем?

Ба қалами Умед Ҷайҳонӣ Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 458 тасдиқ шудаанд, дар банди “Имлои ҳамсадоҳо” муқаррар мекунанд: “11) Дар калимаҳои иқтибосии русӣ ба ҷойи ҳарфи ц ҳарфи с (пеш аз садонок ва дар дохили калима пас […]

Номи забони аҳли Фарорӯд дар куҳантарин манобеи таърихӣ

Ба баҳонаи Рӯзи забони давлатӣ Беҳтарин ва некӯтарин роҳ барои донистани номи забони мо, муроҷеа ба манобеи таърихӣ ва ҷуғрофиёӣ аст. Китобҳое, ки дар ин замина навишта шуда фарвонанд. Дар ин навиштор, феълан ба овардани чанд гуфтор аз се манбаи куҳан басанда мекунам: 1) Абӯбакр Муҳаммад ибни Ҷаъфари […]

Номаи саргушодаи фарҳехтагон: Мо тоҷикем ва забонамон порсӣ аст!

(Базнашр аз сойти Порсианҷуман) Ҷамъи касире аз фаъъолони фарҳангию иҷтимоъӣ ва расонаии Тоҷикистон дар номае саргушода аз маҷолиси ъулё ва суфлои порлумони Тоҷикистон хостаанд, ки дар ҷиҳати эҳёи номи дурусту торихии забони расмии ин кишвар иқдом кунанд. Нусхаи чопии ин нома, ки беш аз 500 нафар аз тариқи […]