Метка: Зан

Зан ва зебоӣ аз назари Ибни Арабӣ

Чакида Ин мақола, ба табйини нигоҳи Ибни Арабӣ ба зан ба унвони мазҳари ҷамоли илоҳӣ ихтисос дорад. Нигоҳи вай аз назари ирфонӣ, комилтарин ва амиқтарини оро дар миёни урафои пеш ва ҳатто пас аз худ аст. Аз назари Шайхи Акбар, инсон — чӣ зан ва чӣ мард — […]

Нигоҳе ба ҷойгоҳи зан дар гуфтору рафтори ҳазрати Муҳаммад (с) – 2

Бахши дуввум 7) Биҳишт зери пойи модарон: Ибни Моҷа дар ҳадисе саҳеҳ аз Муовия ибни Ҷоҳима ривоят кардааст, ки гӯяд: أَتَيْتُ رَسُولَ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم فَقُلْتُ يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنِّى كُنْتُ أَرَدْتُ الْجِهَادَ مَعَكَ أَبْتَغِى بِذَلِكَ وَجْهَ اللَّهِ وَالدَّارَ الآخِرَةَ. قَالَ: وَيْحَكَ أَحَيَّةٌ أُمُّكَ. قُلْتُ نَعَمْ. […]

Нигоҳе ба ҷойгоҳи зан дар гуфтору рафтори ҳазрати Муҳаммад (с) – 1

Бахши аввал Дар ин навиштор, ки аз ду қисмат иборат хоҳад буд – бе он ки аз пеши худ изҳори назаре намуда бошам — гуфтор ва рафтори охирин фиристодаи Худо ба сӯи башарият яъне ҳазрати Муҳаммад (с)-ро дар бораи зан ва ҷойгоҳи ӯ дар ислом, аз манобеи ривоӣ […]

Оё нишастани мард назди зану фарзандаш маҳбубтар аз эътикоф дар масҷид аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ду рӯз пеш, яке аз корбарон дар шабакаи маҷозӣ, матлаберо ба ин мазмун бароям матраҳ кард, ки ҷое хонда ё шунидааст, ки дар ривояте ҳазрати Паёмбари Акрам (с) фармудаанд, нишастани мард назди зану фарзандаш, маҳбубтар аз эътикоф дар масҷид аст. Ӯ хост, агар чунин ҳадисе ҳаст, […]

Озодии ронандагии занони саудӣ, оғози асри ҷадид дар Арабистон

Мақолае дар пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Asriran Шоҳзодаи машҳури саудӣ Валид бен Талол дар замони “баҳори арабӣ” гуфта буд: “Роҳе ба ҷуз ислоҳот, пеши рӯйи Арабистон қарор надорад”. Валид бен Талол дуруст мегуфт. На танҳо Арабистон бо он ҳама интиқодот аз вазъияти иҷтимоӣ ва сиёсиаш, балки ҳамаи кишварҳо роҳе ҷуз […]

8 март, зан, фишорҳои иҷтимоӣ ва ислом

Сайидюнуси Истаравшанӣ Дар ҷомеаи мо, муносибати 8 март баҳонае шудааст барои баъзе аз азизон, ки дар канори табрику таҳниати бонувони гиромӣ, дар бораи фишорҳое, ки дар ҷомеа бар зан ворид буда ва ҳаст сухан ба миён оваранд ва сипас он ҳамаро бар гардани ислом бор кунанд ва бигӯянд, […]

Ахлоқи ҷинсӣ (8, поёнӣ)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши поёнӣ Ишқ ва иффат Вил Дуронт мегӯяд: “Дар сар то сари зиндагии инсон, ба иҷмоъи ҳама, ишқ аз ҳар чиз ҷолиби таваҷҷӯҳтар аст. Ва таъаҷҷуб ин ҷост, ки фақат иддаи каме дар бораи реша ва густариши он баҳс кардаанд. Дар ҳар забоне […]

Ахлоқи ҷинсӣ (7)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши 7 Демукросӣ дар ахлоқ Дар ахлоқ низ монанди сиёсат бояд усули озодӣ ва демукросӣ ҳукмфармо бошад, (ин матлаб) матлаби саҳеҳ ва дурусте аст. Яъне инсон бояд бо ғароиз ва тамоюлоти худ монанди як ҳукумати одил ва демукрот бо тӯдаи мардум рафтор кунад. […]

Ахлоқи ҷинсӣ (6)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши 6 Ошуфтаги ғароиз ва майлҳо Масоилро якҷониба дидан ва аз ҷавониби дигар ғафлат кардан, гоҳе зиёнҳои ҷуброннопазире ба дунболи худ меоварад. Ковишҳо ва кашфиёти равонӣ дар як қарни ахир собит кард, ки саркӯби ғароиз ва тамоюлот ва бахусус ғаризаи ҷинсӣ, мазаррот ва […]

Ахлоқи ҷинсӣ (5)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши 5 Арзёбии усули системи навини ҷинсӣ (2) Асли “озодӣ”, ки пояи фалсафии ахлоқи ба истилоҳ навини ҷинсӣ аст, ба таври иҷмол дар сафаҳоти қабл мавриди баҳс қарор гирифт. Дар инҷо мехоҳем асли “лузуми парвариши истеъдодҳои табиии инсон”-ро, ки пояи тарбиятии ин системи […]

Ахлоқи ҷинсӣ (4)

Ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ Бахши 4 Арзёбии усули системи навини ҷинсӣ (1) Дар қисмати гузашта аз ин баҳс, усули ахлоқи ба истилоҳ навини ҷинсӣ ташреҳ шуд. Акнун навбати он аст, ки усул ва пояҳое, ки ин мактаб бар рӯйи онҳо бино шудааст, арзёбӣ намоем. Он усул иборат […]