Метка: зиндон

Дар дохили зиндонҳое, ки ҷанҷӯёни ДОЪИШ нигаҳдорӣ мешаванд, чӣ мегузарад? – (Тасовир)

Гурон Тумосевич (Goran Tomasevic) аз зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои ҷангҷӯёни боқимондаи ДОЪИШ ва хонаводаҳои онҳо, ки ҳазорон мард, зан ва кӯдак ҳастанд ва бо гузашти як сол пас аз шикасти ин гурӯҳ дар барзах гирифтор мондаанд, гузориши аксие барои хабаргузории Reuters таҳия кардааст. Бештари ин зиндонҳо дар устони Ҳасака […]

Инҷо урдугоҳи Бухенволд нест, балки зиндоне дар Курдистони Сурия аст (филм ва тасовир)

Барои аввалин бор як хабаргузорӣ иҷозаи боздид аз яке аз боздоштгоҳҳои ДОЪИШ дар шимоли шарқии Сурия – минтақаи таҳти контроли нерӯҳои курд — ро пайдо кард. Ин боздоштгоҳ фарқи чандоне бо урдугоҳҳои нозиҳо дар ҳангоми ҷанги ҷаҳонии дуввум надорад. Боздоштшудаҳо, ки ҳамагӣ доъишӣ ҳастанд, вазъи бисёр риққатборе доранд; […]

Афзоиши фишору шиканҷаи зиндониён пас аз баргузории эътирозот

Дақоиқе пеш, сойти Паём, дар гузорише навишт, ки тибқи иттилои як манбаъ, шиканҷаи зиндониёни сиёсӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон пас аз силсилаэътирозҳои мухолифон шиддат гирифтааст. Ин манбаъ гуфтааст, бо дастури раҳбарияти Раёсати муассисаҳои ислоҳотии Вазорати адлия маҳбусони сиёсӣ, ба хусус онҳое, ки наздиконашон дар эътирозҳои Урупо ширкат кардаанд, зери […]

Дурӯғ

Ба қалами Зафари Сӯфӣ Мегӯянд: умри дурӯғ кӯтоҳ аст. Воқеан ин ҳикматро умри дурӯғи мақомоти Тоҷикистон бори дигар собит кард. Ҳамин дурӯғи шохдорашон дар мавриди ошӯб дар зиндонро мегӯям; ҳатто як рӯз накашид умри ин дурӯғ, ки шояд рӯзҳову моҳҳо барояш барномарезӣ карда буданд. Фақат ду акс аз […]

Садриддин: “Ҳукумат тафовути зиёде бо ДОЪИШ надорад”

Муҳаммадиқболи Садриддин, фаъоли тоҷик ва масъули бахши расонаи “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониҳои сиёсии Тоҷикистон”, дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним, бо баёния ин ки “ҳукумати имрӯзини кишвар, ки дар раъси он ашхоси хеле хатарнок қарор доранд, тафовути зиёде бо ДОЪИШ ва доъишиҳо надоранд” гуфт: “Агар ДОЪИШ бо […]

Ин модарони доғдида ҳам шоистаи як “изҳори таслият” буданд, ҷаноби Президент!

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ду рӯз пеш, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, барқияи таслияте ба Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон, ба хотири ҳодисаи асафангези Кобул фиристод; ҳодисае, ки дар он, ҳудуди 50 нафар аз ҷамъомадагон дар ҷашни мавлуди ҳазрати Паёмбар (с) дар пайи ҳамлаи интиҳорӣ, ба шаҳодат расиданд. Шакке нест, ки ин […]

Садриддин: “Оё нафту пул аз хуни инсон боарзиштар аст?”

Муҳаммадиқболи Садриддин, фаъоли тоҷик ва мудири сойти Ислоҳ, бо ишора ба хомӯшии ҳомиёни ҳуқуқи башари дохилӣ ва хориҷӣ дар баробари кушта шудани беш аз 50 нафар зиндонии тоҷик, хитоб ба онҳо гуфтааст: “Оё нафту пул аз хуни инсон боарзиштар аст барои муассисаҳои ҳомии ҳуқуқи башар? Ё ин ки […]

Ҷузъиёти ошӯб дар зиндони Хуҷанд

Ба гузориши сойти Паём, замоне ки мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи сабаб ва ҷузъиёти ошӯб дар зиндони рақами 3-и Хуҷанд худдорӣ мекунанд ва мекӯшанд тамоми роҳҳои расидани иттилоъ ба расонаҳо ва мардумро масдуд кунанд, на танҳо фарзияву тахмин ва овозаҳо бештар мешаванд, балки иттилоъот низ бо ҳар роҳе ба […]

Роҳандозии петитсия барои ташкили як кумисиюни мустақил барои таҳқиқи қатли омми зиндониёни зиндони Хуҷанд

Фаъолони тоҷик додхосте (петитсия) дар сойти Change.org барои ташкили як кумисиюни мустақил барои таҳқиқи қатли омми зиндониёни зиндони шумораи 3 Хуҷанд, ки дар 7 ноябри соли ҷорӣ иттифоқ афтод, роҳ андохтаанд. Матни ин додхост бад-ин шарҳ аст: Дар шоми 7 ноябри соли 2018 дар Тоҷикистон, як рӯз пас […]

ПМТ хостори иҷрои таҳқиқи дақиқ дар хусуси ҳодисаи зиндони Хуҷанд шуд

Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ), бо “фоҷеаи миллӣ” хондани ҳодисаи зиндони рақами 3-и Хуҷанд дар шаби 7 ноябр, аз Созмони Милали Муттаҳид дархост намудааст, то “Ҳукумати Тоҷикистонро водор ба ташкили як комиссияи муташаккил аз намояндагони мақомот, намояндагони созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва низ хонаводаҳои маҳбусин намояд, то […]

Кадом як хиҷолатовартар аст?

Сайидюнуси Истаравшанӣ Ҳафтаи ҷорӣ шоҳиди ду ҳодиса дар кишвар будем: яке, қатли омми зиндониён дар Хуҷанд — ки бино бар охирин гузоришҳо, ҳудуди 50 нафар кушта ва беш аз 100 нафар захмӣ барҷой гузоштааст — ва ҳодисаи дигар, пухтани як тонн ош дар пойтахт ва баргузории маросими бисёр […]