Метка: Иброҳимии Динонӣ

Зиндагӣ кардан ба маънои фалсафидан аст // Ҳар инсоне андешаманд аст

Ғуломҳусайни Иброҳимии Динонӣ, файласуфи муосири Эрон, дар посух ба ин пурсиш, ки фалсафа чист ва мардум чӣ фаҳме аз фалсафа доранд, фалсафаро ба “таъаққули дуруст” таъриф кард ва афзуд: “Ҳар одаме меандешад ва таъаққул мекунад, Худованд инсонро оқил офарида, то бо ақли худ кор кунад, аммо андешидан мумкин […]

Оё улуми таҷрибӣ ҳамаи ниёзҳои инсонро бартараф мекунад?

Устод Иброҳими Динонӣ, андешаманд ва файласуфи муосири эронӣ, мӯътақид аст, имрӯза улуми таҷрибӣ корҳои шигифтангезе мекунад, аммо се мавзӯъ аст, ки ба илм хеле рабт надорад; дин, ҳуқуқ ва ахлоқ. Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ғуломҳусайни Иброҳими Динонӣ, андешаманд ва файласуфи муосир ва узви Анҷумани ҳикмат ва фалсафаи Эрон, […]

“Агар ба андешаҳои Саъдӣ дар “Гулистон” амал шавад, ҷаҳон ба биҳишт табдил хоҳад шуд”

Ба баҳонаи Рӯзи бузургдошти Саъдӣ Гуфторе аз файласуф Иброҳими Динонӣ Бар асоси мадорики мавҷуд, Саъдӣ фориғуттаҳсили Низомияи Бағдод будааст ва аз он ҷо, ки дар ин навъ донишгоҳҳо меҳварҳои таълиму тарбият дар ду бахши калом ва фиқҳ хулоса мешуда, ин шоири форсӣ ба ҳар ду бахши мазкур иҳотаи […]

Зебоӣ

Гуфторе фалсафӣ аз устод Иброҳимии Динонӣ Мо маъмулан зебоиҳоро дар сурат мебинем. Он чи, ки мебинем ва он чи мешунавем ва он чи, ки мебӯем ва ламс мекунем, маҳсус ҳастанд ва ба олами ҳисс таъаллуқ доранд. Ҳоло, оё зебоии маънавӣ ҳам дорем ё хайр? Яъне, чизе, ки бо […]

Касе ба ҳусну малоҳат ба ёри мо нарасад

Ба баҳонаи вилодати босаодати Паёмбари Аъзам (с) Гуфтугӯ бо Иброҳимии Динонӣ, устоди фалсафаи исломӣ дар бораи яке аз ғазалҳои Ҳофиз Ба ҳусни хулқу вафо кас ба ёри мо нарасад,  Туро дар ин сухан инкори кори мо нарасад.  Агарчи ҳуснфурӯшон ба ҷилва омадаанд,  Касе ба ҳусну малоҳат ба ёри […]